top of page

Чашм бикшову дунёро бубин!

  • Садриддин.
  • 9 янв. 2017 г.
  • 7 мин. чтения

Як олими Исломии ин замони мо аз нафаре ки нийяти худро «фидои»(худкуш) ё смертник намудан дошт пурсидааст:

- Ту писарам акнун мехоҳи худро тарконида мардумони зиёдро бикуши?Оё ту медони, ки аслан дар ин таркишҳо бародарону хоҳарони Имонии мо кушта мешаванд?Оё ин

ҷиҳод аст?

-Ҳа ман дар роҳи Худо чунин нийят кардаам, аммо мақсади мусалмонкуши надорам!-ҷавоб мегуяд он ҷавон.

-Дар роҳи Худо нагу писарам- чунки Худованд нафармудааст то рафта мусалмононро бикушиву душманони Исломро хушнуд сози! Пас гар ту онҳоро таркониди-онҳо рузи қиёмат ба ҷаннат дохил мегарданд ва ё ҷаҳаннам?- мепурсад олим.

-Албатта ба ҷаҳаннам онхо дохил мешаванд!-мегуяд ҷавон!

-Пас ту ёрдамчии Шайтони Лаъин шудан мехоҳи? Магар худкуши дар Ислом иҷозат ҳаст?Шайтон ҳам мехоҳад бандагон чаҳаннами гарданд- ту ҳам чунин мехоҳи! Магар Аллоҳ фармудааст, ки бародарону хоҳарони имониатро кафонда бикуши?- мепурсад олим.

- Ту чи мегуи устод? Ман дар роҳи Худо ин корро карданиам!- мегуяд ҷавон.

Олим ба ҷавон савол медиҳад ки:

- Охир чиҳод қонуну қоидаҳои худашро дорад. Аммо ин ҷиҳод нест он ъамале,ки дар давлатҳои мусалмоннишин мебинем! Мақсади Шайтон нисбати бандагони Аллоҳ чист? Оё у мехоҳад ки мо бандагон ба ҷаннат дохил шавем?

- Не, не! Шайтон мехоҳад то ҳама бандагон ба ҷаҳаннам дохил шаванд!- мегуяд ҷавон.

- Пас ту ку ба он Лаъин дастёру мададрасон шудан мехоҳи?Магар Шайтон зидди мардуми Мусалмон мубориза намебарад? Охир ту ҳам мехоҳи онҳо ҷаҳаннами шаванд-Шайтон ҳам ҳамин мақсадро дорад! Хамин тавр не!?

-Аллоҳ худкуширо ҳаром гуфтааст аммо бо роҳи ҳарому палид худро кушти ин Шайтонро хурсанд намояд, ҳамин тавр не?Шояд дар ин таркишхо 1-2 ноМусалмон кушта шавад, аммо ҳамаруза садҳову ҳазорҳо Мусалмон кушта мешавад! -Оё худро дар масҷиди мусалмонон тарконидан ва куштани мусалмонҳо ҷиҳод аст? Оё дар миёни бозори мусалмонҳо худро тарконидан ҷиҳод аст? Магар ту мехоҳи Мусалмононро нобуд сози ва ё сафи онҳоро кам намои?- мепурсад олим.

Ҷавон хомуш мемонад. У намедонад ба олим чи ҷавоб диҳад. Сипас олим дубора мепурсад:

- Аллоҳи Бузург оё мехоҳад мо бандагон ба Ҷаннат дохил шавем ва ё Ҷаҳаннам?

-Албатта Аллоҳ мехохад мо бандагон ҳама Ҷаннати гардем!- мегуяд ҷавон. Олим табассум мекунаду суханашро давом медиҳад:

- Пас ту писарам роҳи Аллоҳро пеша кун-на роҳи Шайтонро! Дар ин замони мо зиёди ҷангҳое, ки танҳо дар мамлакатҳои Мусалмоннишин мебинем фитна асту бас! Душманони Ислом ту баринҳоро истифода мебаранд то мо мусалмонҳоро несту нобуд созанд! Болои ин бадтарину нобахшидатарин гуноҳ пас аз щирки ба Худо ин худкушист.

-Ту худатро ки кушти ва болои ин мусалмононро кушти бешак ҷаҳаннами мешави! Оё дар роҳи Аллоҳ гуфта ту худкуши намуди шаҳид мешави-ё ҳаром мемури?Онҳоро, ки бародарону хохарони Имонии туанд кафонда кушти гумонат, ки онҳо низ ҷаҳаннами мегарданд?!

-Аммо оё туро беҳтар нест онҳоро ба роҳи «ҳақ» даъват намои?Дар чунин ҷиҳод зиёд ихтилофу савол аст- аммо дар "Даъват" оё ихтилофе ҳаст? Зиёди он мусалмононе, ки дар таркишҳо кушта мешаванд аз ту баринҳо боИмонтару боТақвотар буданд.

-Оё ту аз чи тавр Ислом қабул намудани мардуми Индонезия хабар дори? Он мардуми Индонезия сангпарасту бутпараст буданд- аммо чун феълу атвори нек ва надоштани хиёнатро дар тоҷирони Мусалмон диданд ҳама якҷо Мусалмон шуданд!

-Чаро ту аз он тоҷирони некрафтори Мусалмон, ки бо феълу рафтори нек даъвати ба Ислом доштанд пайрави намекуни? Чун зиёди нафароне,ки аз дасти худкушҳо кушта мешаванд аслан бародарону хоҳарони Имонии моянд!

- Гар як нафаре аз гумроҳону беимонро ба Ислом бо сабаби ту Худованд мушарраф созад -ин беҳтарин ҷиҳод аст туро дар роҳи Худованд. Чун дар ин ихтилофе нест!

-Ту бояд яроқи "даъват"-ро, ки сабаби ҳидояти бандагон хоҳад шуд истифода бари -на ин яроқи мусалмонкушро! Гар ҳама даъвати ту шунидагон ҳам ҳидоят наёбанд -шояд як гумроҳу бедин бо сабаби ин даъвати ту Аллоҳ уро ҳидоят намояд!

- Дар асл он ҷангу ҷидоле, ки дар давлатҳои Мусалмоннишин мебини ин фитна аст на ҷиҳод. Чи ҷиҳод будааст, ки мусалмон мусалмонро мекушад? Бедор шав писарам!Бузургон хуб гуфтаанд ки:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чи кард он ошно кард!

Расули Акрам (дуъову дуруд бар у бод) дар ҳадиси муборакашон мо умматонро огоҳ сохтаанд ки:

-" Гар ду мусалмон бар зидди якдигар шамшер бардоранд-пас кушташуда ва кушанда ҳарду аҳли ҷаҳаннаманд.

Абубакри Сиддиқ (Аллоҳ аз у рози бод) пурсид:

-Ё РасулаЛлоҳ! Кушанда маълум ки ҷаҳаннамист! Аммо кушташуда низ аҳли ҷаҳаннам мегардад?

- Ба дурусти, ки у низ нийяти онро дошт то он бародари Имониашро бикушад- аз ҳамин сабаб ин сазои уст"! (хадиси имом Бухори ва Муслим)

Ъибрат:

Дар ҳадисе омада:

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) дар айёми набарде ба саҳобаи бузургвор Али ибни Абутолиб (р) фармудаанд:

-"Агар Худованд ба сабаби ту нафареро ҳидоят намояд, беҳтар аст барои ту аз шутурҳои сурх! (яъне аз беҳтарин неъматҳои дунё)."

Яъне аз он ки ту нафареро дар ҷанг бикуши барои ту беҳтар аст ки уро даъват ба Ислом намои. Гар у қабул кард-ин аст беҳтар.

Ин сабаб буд ки тамоми асҳоби Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз он ки бо душман дасти ба гиребон шаванд-онҳоро даъвати ба Ислом менамуданд.

Он муроҷиати Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) нисбати кофирон буд. Аммо имруз гумроҳоне пайдо шудаанд, ки гуиё ҷиҳод гуфта танҳо Мусалмононро мекушанд ва ғорат мекунанд. Афсус, ки ин ҳамаро онҳо аз номи Дини Мубини Ислом мекунанд!

Биёед як назорат мекунем ба чунин ба ном ҷиҳодҳо:

- "Дар Афғонистон солҳост ки меҷангад?- мардуми мусалмони сунни бо сунни", "дар Покистон ки меҷангад?- мардуми мусалмони сунни бо сунни", дар Ливия ки меҷангад?- мардуми мусалмони сунни бо сунни", "дар Яман ки меҷангад?- мардуми мусалмони сунни бо дигар гуруҳи сунни ва шиъа ҳамроҳ гашта"!

"Дар Сирия ки меҷангад?- мардуми шиъа бар зидди сунни ва аммо аслан зиёдтар зиёди гуруҳҳои сунни бо сунни". Баъзеҳо мегуянд ки ҷанг миёни шиъа ва сунниҳост. Бале то андозае ин рост аст- аммо дар асл ҳама гуруҳҳо як мақсад доранд:

- Барои як деҳа ва ё шаҳр куштани мусалмонону ғорати онҳо!Ин гуруҳ он гуруҳро кофир мегуяд- он гуруҳ инашро! Хатто онҳое, ки як ду руз пеш дар як масҷид намоз мехонданд ва дар як гуруҳ буданд, аз як мазҳаби Аҳли Суннатанд!

Дар Фаластин, ки онро Яҳудиён забт кардаанд боз ҳам ду гуруҳи мусалмони сунни ҷудо шудаанду тайёранд якдигарро кушта несту нобуд созанд. "Дар Сомали солҳост ки меҷангад?- мусалмонони сунни бо сунни"! Гуруҳҳо шудаанду максади онҳо танҳо рехтани хуни бародарони Имониашон асту бас!

Шояд якчанд давлати дигарро номбар накарда бошам-аммо ин кифоя аст. Мутаассифона ин гуруҳҳо ҳама ъамалҳояшонро аз номи дини мубини Ислом менамоянд ва мусалмононро бадном месозанд дар чашми дигар дину миллатҳо.

Якчанд сол пеш мардуми Аврупову Амрико ва дигар давлатҳо гуруҳ гуруҳ зиёд руй ба Ислом меоварданд ва роҳи Ҳақро қабул мекарданд. Зиёди дини Исломро қабул мекардагон аслан олимону мутафаккирону мардуми номдори он давлатҳо буданд. Чун инро душманони Ислом дуданд хун гиристанд ва аз паи ташкили фитнаҳо миёни мусалмонон гаштанд.

Онҳо тавонистанд мусалмононро бадном созанд ва ба бародаркуши номашонро доғдор намоянд. Чун ин ҷангу ҷидоли миёни мусалмонон, зулму ситаму бераҳми зиёд шуд душманони Ислом пеши роҳи Мусалмон шудани мардуми худро гирифтанд ва онҳоро аз Ислому Мусалмонон метарсонидаги шуданд.

Ин гуруҳҳое, ки гуиё ҷиҳод мекунанд дар давлатҳои мусалмоннишин аз душманони Ислом дида ба мардуми Мусалмон зиёдтар зарар мерасонанд ва тафриқаву фитнаҳоеро миёни мо паҳн месозанд.

Ду сураиҚурьон ва ду ҳадис меомузанду худро аз дигар мусалмонон болову авло мегуянд!Гуиё ҳама кофиранд- танҳо инҳо мусалмон!

Душманони Ислом имрузҳо мо Мусалмононро зидди якдигар бо яроқҳои зиёд мусаллаҳ сохта аз кушта шудани ҳазорҳо ва миллионҳо мусалмон қабат қабат гушт мегиранд. Аммо моро ақле нест дарк кунем, ки чи кор карда истодаем!

Пас бародарону хохарони Имони!Он ҷиҳоде,ки дар давлатҳои Мусалмоннишин мебинем ҷиҳод нест-фитнаест, ки бо ин роҳ сафи Мусалмонон руз ба руз соат ба соат кам мешавад! Худ бубинед, ки дар ин 10-20 сол миллионхо Мусалмон кушта шуд на ноМусалмон!

Пас аз ин фитна мо бояд дур бошем то яроқи душманони Ислом нагардем! Душманони Ислом мо Мусалмононро истифода бурда мехоҳанд мардуми Мусалмонро нобуд созанд ва ё бадном намоянд!

Бо феълу атвори хуби шумо, бо даъвати холис аз барои ризои Аллоҳ намудаи шумо гар як нафари гумроҳ ва ё бедин Ислом орад, ё бенамозу роҳгумкардае намозхон шавад, руза гирад ин аст барои шумо беҳ аз чунин фитнаҳо!

Пас он ба ном "ҷиҳоде" ки дар давлатҳои танҳо Мусалмоннишин дида мешавад ва танҳо мусалмонон кушта мешаванд ҳеҷ иртиботе бо он ҷиҳоди аслие, ки Худованд фармудааст надорад. Балки фитнаи бузург аст ин ҷангҳое, ки дар он танҳо мусалмонон кушта шуда истодаанд!

Замоне ки ду гуруҳи Мусалмон ва ҳатто дар як мазҳаби АХЛИ СУННАТ ВАЛЬ ҶАМОЪАТ якдигарро "кофир" мегуянду якдигарро мекушанд ин роҳест ки танҳо Шайтони Лаъинро хурсанд месозад!

Чун дар Ислом ба фарк аз дигар динҳо "ДАЪВАТ БА ЪАМАЛХОИ ХАЙР" ва "НАХЙ АЗ ЪАМАЛХОИ МУНКАР" Воҷиб гаштааст. Яъне гар хатои бародару хоҳари Имониро диди- ислоҳаш намо!

Аммо дар ъамали ҳеҷ якеи ин гуруҳҳо ин даъват нест. Барои як деҳа ва ё маҳалла онҳое, ки бародару хоҳаранд ва дар як масҷид намоз мехонданд имруз якдигарро мекушанд.

Аз ин ҷиҳоде, ки ғайри фитна чизе зиёд нест- даъвати ба роҳи Ҳақ кардан беҳ аст! Оё ягон ҳадисе ҳаст, ки Паёмбар (дуъову дуруд ба у бод) фармуда бошад, ки бар зидди Мусалмонон ҷиҳод кунед- ва ё ҷиҳод қонуну қоидаҳои худро дорад?Оё Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) фармудаанд, ки барои як деҳа ва ё шаҳр Мусалмонкуши намоед?

Аммо ин тоифа мардумон на Каломи Аллоҳро ва на Аҳодиси Набавиро ё нахондаанд ва ё қабул надоранд!Балки ин тоифа мардум яроқи душманони Ислом гашта мусалмонкуширо мақсади асосии худ интихоб намудаанд!

Худ ъилм омузед то душманон шуморо гумроҳ насозанд. Аз таърихи ҷиҳодхои Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ва асҳобашу беҳтарин пайравони Ислом бихонед то асли ҷиҳодро аз ин фитнаҳои имруза фарқ кунед! Гар ъилм омухтед он роҳҳоеро,ки зидди Ислому Имонанд ҳеҷ гоҳ интихоб нахоҳед кард!

Аз ин ҷиҳоди дуруғине, ки ҳама уламо онро фитнаи бузург мегуянд беҳтараш хизмати волидайн кунед, чун дар ин ҳеҷ ихтилофе нест, зану фарзандону дустону хешони худро даъвати ба тоъату ъибодат ва хайру саховат намоед!

Аз ин сабаб гар ъилм доред ба он нафаре ки гумроҳ гаштааст ва ё нафареро ,ки аз гуноҳу исьён мехоҳад тавба карда роҳи Исломро пеша кунад роҳ намоед, насиҳати бародари намоед- аммо гар худ ъилм надоред албатта аз нафаре ки ъилми кофи дорад барои он бародарону хоҳарон насиҳату маслиҳат бипурсед.

Худованд ёвару мададгоратон бошад дар ъамалҳои нек!

Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:

https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0


 
 
 

Комментарии


Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page