Боигарие, ки сабаби халокаташ гардид.
- Бандаи Худо.
- 24 янв. 2017 г.
- 8 мин. чтения
Молу пуле, ки шармандаву ҳалокаш кард!
Яке аз саҳобагон Саляба ибни Хатимаи Ансори зиёд дар маҷлису суҳбатхои Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) менишаст ва яке аз беҳтарини уммат буд. Ғайри як муддате, ки у бо аҳли оилааш мегузаронд боқимонда вақташро ҳама рузҳо у дар маҷлиси Паёмбару асҳобаш мегузаронд. Бо ин сабаб уро «кабутари масҷид» лақаб гузошта буданд. Аз саҷдаҳои зиёди мекардааш пешонаи у чун зонуи уштурон гашта буд. Чун дар он саҷдаҳо «хушуъу хузуъ» ҷой дошт. Пас аз замоне Саляба саросемавор аз масҷид мерафтаги шуд. Чун Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод) намозро ба итмом мерасонд у зуд аз масҷид хорич мешуду давон давон суи хонааш мешитофт. Инро дида Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) боре гуфт: -Эй Саляба! Бо ту чи шудааст, ки ту саросемавор аз масҷид гурехта аъмоли «мунофиқонро» менамудаги шудаи? - Ё Расули Аллоҳ! Ман зиёд фақирам ва фақиртар аз ҳама асхоб. Мо як куртае дорем. Ман он куртаро ба бар намуда ба масҷид меоям, аммо занам маро мунтазир менишинад. Чун намозро хонам зуд ба хона мешитобам ва куртаро ба занам медиҳам то у ҳам намозашро хонаду қазо накунад. Ё РасулаЛлоҳ! Чи мешавад дуъое намои то Худованд бароям каме боигари ато намояд? - Ё Саляба! Аз ин хоҳишат даст каш, чун дороии каме, ки ту барои он Худовандро шукрона менамои беҳ аз боигарие хоҳад буд, ки аз барояш ношукр хоҳи гашт. – ҷавоб дод Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод). Муддате гузашту Саляба боз хоҳишашро такрор кард. Ин дафъа Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) фармуд: - Магар ту намехоҳи одаме боши монанд ба ман? Қасам ба Он Зоте ки ҷони ман ба яди қудрати У-ст гар ман мехостам ки куҳҳо ба тилло ва нуқра мубаддал гарданд ва аз паси ман равон гарданд пас албатта БиизниЛлоҳ чунин мешуд. Аммо ман медонам, ки боигарии ин дунё ва ишқи ин дунё насиби нафароне хоҳад гашт, ки аз Охират маҳрум хоҳанд монд. Танҳо одами беақл метавонад бо ин дунё фирефта шавад! Лек пас аз муддате Саляба назди Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) омаду чунин гуфт: -Ё РасулаЛлоҳ! Қасам ба Худованде, ки туро бо ҳақиқат равон кард, гар ту бароям дуъо намои ба Аллоҳ -пас ман аз он моле ки бароям ато намояд ба ҳама нафароне ки ба он ҳақ доранд тақсим хоҳам кард! Дар ҷавоби ин хоҳишу дархостхои пай дар ҳами у Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) чунин дуъо намуд: - Ё Илоҳо! Бар Саляба боигари ато фармо. Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) се маротиба ин дуъоро такрор намуд. Пас аз дуъои Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) Саляба гусфанде харид ва он гусфанд сабаби аз пасаш якбора зиёду беҳисоб пайдо шудани гусфандоне гашт. Оҳиста оҳиста кучаҳои Мадина барои молҳои Саляба танги мекардаги шуд. Аз ҳамин сабаб Саляба молҳояшро ба водие бурд. Ҳамин сабаб гашт, ки у аз намозҳои ҷамоъат дур гашт. У баъзан ё ба намози бомдод ва ё дигар намозе ба ҷамоъат меомаду бо баҳонаи гусфандонаш зуд аз масҷид хориҷ мешуд. Пас аз муддати дигаре гусфандони Саляба беҳисоб гаштанд ва у ба води дуртаре сафар кард ва аз Мадина дур шуд. Акнун у ҳатто ба намозхои ҷумъа ҳам кам меомадаги шуд. Пас аз муддати дигаре у аз ҳама намозҳо дури меҷуст. Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) аз саҳобагон мепурсид: - Саляба кучост? Ман уро миёни шумо намебинам? -Ё РасулаЛлоҳ! Молҳои у зиёд гаштанд ва акнун он ба як води ҷой намегиранд. Ҳоло у молҳояшро ба якчанд води ҷой кардааст. Аз ҳамин сабаб у ба макони дуртаре молҳояшро бурдааст.- ҷавоб гуфтанд асҳоб. – Воой бар Саляба, ки ҳалок хоҳад шуд! – фармуданд Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод). Пас аз муддате ояте оиди фарз шудани закот нозил шуд ки: -« Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва мартабаашонро аз мартабаи мунофиқон баланд бардорӣ. Барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност»! (ат-Тауба, 9/103) Пас аз носил гаштани ин оят Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) барои ҷамъоварии закот ду нафарро таъин намуд: яке аз ансор ва дигари аз қавми Бану Сулейм. Ғайр аз ин ба дасти онҳо мактубе дод ва дар он он ояҳои муборак навишта шуд, ки дар бораи фарз будани закот хабар медод. Дар мактуб аниқ карда мешуд, ки аз кадом молу дорои закот ба чи миқдор бояд дода шавад. Ин ду нафар аз паи ҷамъоварии закот равона шуданд. Мардумони молдор замоне аз нозил шудани ин ояи муборака оиди закот шуниданд молҳои худро ҳисоб намуда миқдори заруриро ҷудо намуданд ва ба онҳо таслим намуданд. Акнун ин ҷамъоварандагони закот назди Саляба омаданд ва мактуби Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод)-ро барояш хонда аз ҳатми будани закот хабараш доданд. Саляба бо кибр ба онҳо гуфт: -Ин танҳо «ҷизя» аст. Ин дигар чиз нест ғайри ситонидани ҷизя! Шумо равед, ман каме фикр кунам! (Ҷизя ин андозест ки аз ғайримусальмонҳо дар як сол як ё ду маротиба ситонида мешуд.) Худованд дар бораи чунин инсонҳо чун Саляба ояе нозил намудааст ки: - «Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бухл варзиданд, сарпечӣ карданд ва рӯй гардонданд». (ат-Тауба, 9/76) Бухл варзидани чунин нафарон руй гардонидан аз ҳаққи Аллоҳ аст. Закот, ки ҳаққи Аллоҳ аст барои муъминони молдор ҳатмист. Аммо бухл варзидан яке аз сифотҳои мунофиқон аст. Ҷамъоварандагони закот назди Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) баргаштанд. Аммо ҳоло онхо сухане накарда буданд ки Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ду маротиба такрор намуд: - Воой бар Саляба! Ҳамин ваъдаҳову рафтори Саляба ва у баринҳо сабаби нозил гаштани ин ояи муборака гашт: «Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон дармеоем. Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бухл варзиданд, сарпечӣ карданд ва рӯй гардонданд».(ат-Тауба75-76) Чун ин оят нозил гашт ҳазрати Умари Форуқ (Худованд аз у рози бод) ба аспаш савор гашту суи Саляба равон шуд. Ба назди Саляба расиду ба у гуфт: -Эй Саляба! Вооой бар ту ки халок гашти. Аллохи Бузург барои ту ва ту баринҳо ояте нозил кардааст. Ва у он оятро ба Саляба хонд. Чун он оятро Саляба шунид ҳамон замон аз моли доштааш миқдори лозимиашро ҷудо намуду ба суи Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) шитофт то закоташро адо намояд. Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) фармуд: -Худованд маро манъ кард то аз ту закот биситонам! Саляба замоне дарк кард аз аҳволи худ хок бар сар мезад, аммо у ин ъамалро на аз он сабаб мекард, ки аз кардаву гуфта пушаймон гаштааст-балки аз сабаби он ки аз мардумон шарм медошт замоне бигуянд: - Закоти Саляба рад карда шуда! Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ба у гуфт: - Қабул нашудани садақаи ту, ин сазои ту барои суханони гуфтаат аст ки гуфти «ин ғайри ҷизя чизи дигаре нест»! Ман ба ту фармудам закот адо намо, аммо ту аз он руй гардониди! Пас аз вафоти Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) Саляба закоти молашро ба Абубакри Сиддиқ (Худованд аз у рози бод) овард –аммо у қабул накард. Замоне, ки Умари Форуқ (Худованд аз у рози бод) халифа гашт Саляба ба у низ закоти молаш овард –вале у низ қабул накард.
Чун халифа Усмони Аффон (Худованд аз у рози бод) гашт Саляба шармандаву расво вафот карда буд! Молҳои у насиби дигарон гашт- аммо саволу ҷавобаш бар уҳдаи у хоҳад монд! (Руҳуль-Байон 3/469)
)))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))
Ъибрат:
1.- Аввалин ъибрате, ки мо аз ин қиссаи воқеи мегирем ин намозро саросемавор хонда аз масҷид хориҷ гаштан сифати «мунофиқон» будааст. Чун бандаи содиқ дар масҷид чун моҳи дар об бояд бошад- озод. Аммо мунофиқ дар масҷид чун паррандаест дар қафас. Маълум аст, ки парранда ҳаракат менамояд то ҳарчи зудтар аз қафас озод гардад.
Дар намоз бояд «хушуъу хузуъ» бошад. Чун намоз хондан ин қоим будан дар «пешоруи Худованд» аст. Магар аз руи одоб аст, ки бандаҳо дар пешоруи Худованд саросемавор бошанду беодоби намоянд? Магар аз руи одоб аст аз пешоруи Худованд саросемавор гурехтан? Магар намоз қонуну қоидаи худро надорад?
Гар нафаре назди раисе равад бубинед ки соатҳо навбат мепояд! Чун назди раис даромад бо одоб сухан мегуяд. Замоне он раис сухан гуфт бе саросемаҳоли уро гуш меандозад! Ҳатто агар кори зиёде дошта бошад ҳам соатҳо тайёр аст назди он раис бимонад!
Аммо назди Худованд дар намоз қоим будан аз ин назди раису дигар махлуқҳо миллиардҳо маротиба бояд болову авлотар бошад! Дар пешоруи Худованди намозхон одоби намозро, одоби дуъоро, одоби зикрро риоя намояд! Гар риоя намуд- Худовандро аз ин рафтораш хушнуд созад!
Дигар ин ки магар мо бандагон аз Худованди худ ҳоҷате надорем, ки аз У бипурсем? Чун маълум аст, ки ҳама бандагон ҳоҷатҳое доранд. Пас оё аз руи одоб хоҳад буд ҳоҷати хеш аз Холиқи Арзу Само нопурсида аз пешоруяш гурехтан? Магар аз руи одоб аст пас аз намоз Худованди хешро бо зикру дуъо ёд накарда саросемавор баромада рафтан?
2. Ъибрати дигар ин сифати мунофиқи доштани баъзе нафароне ки Имони ҳақиқи надоранд! Яъне онҳо ба забон якчи мегуянд- аммо дар ъамал хилоф мекунанд чун Салябае ки ба Расули Акрам (дуъву дуруд ба у бод) ваъдае дод ки:
-қасам ба Худованде, ки туро бо ҳақиқат равон кард, гар ту бароям дуъо намои ба Аллоҳ -пас ман аз он моле ки бароям ато намояд ба ҳама нафароне ки ба он ҳақ доранд тақсим хоҳам кард!
Аммо дар асл аз имтиҳони Худованд нагузашту ба қасами хурдааш хилоф намуд ва аз ҳаққи Худованд ки закот аст руй гардонид. Магар ин замони мо чун Саляба умматоне ки бою бодавлат гашта аз фармудаҳои Худованд фаромуш менамоянд каманд? Чун ин тоифа мардумон гумон доранд ин қадар молу мулкро бо худ ба қабр хоҳанд бурд!
Аммо оё бе пулу моли Саляба дини Худованд ғолиб нагашт?- албатта ғолиб гашт! Магар Саляба ба Худованд ниёз дошт, ё барьакс?- албатта Саляба ниёз ба Худованд дошт! Магар Саляба он ҳама молашро бо худ ба қабр бурд? – албатта он ҳама мол насиби дигарон гашт!
Нафси палид сабаб мегардад ки чун Саляба тоифа мардум аз моли худ миқдори ночизеро ҳатто намеҳоханд хайру саховат намоянд, закот диханд, ба хешу наздикон неки намоянд. Аммо чун вафот менамоянд он молу мулк насиби нафароне хоҳад гашт ки дигар уро ёд нахоҳанд кард. Аммо саволу ҷавоби он молу мулк ба уҳдаи у хоҳад буд!
3. Ъибрати дигар ин аст, ки бубинед ки Саляба чун пулу молдор шуд аввал аз намозҳои панҷвақти дур шуд, сипас аз намозҳои ҷумъа низ дур шуд. Имрузҳо дар ҷомеъаи мо низ ҳастанд нафароне, ки чун каме пулу молдор мегарданд мебини ки оҳиста оҳиста аз намозу руза ва закот руй мегардонанд. Аммо дер нест ки аз кардаи хеш пушаймон гарданд!
Чун марг рузе дари ҳар яки моро хоҳад куфт. Марг намепурсад, ки ту пири ё ҷавон, пулдори ё камбағал, бемори ё бозуманд! Пас ана он соатҳо ин мардумон сахт пушаймон мегарданд, ки аз пулу моли хеш закот надоданд, хайру саховат накарданд ва охирати хешро обод насохта рафтанд.
Гар хайр мекарданд, закот медоданд, неки мекарданд- ин ҳама пулу моли додаашон «захираи охираташон» мегардид. Пас рузи саволу ҷавоб ин пулу моли хайркарда сабаби ворид гаштан ба Ҷаннатульмаъво ва соҳиби қасру боғҳои бемисл барояшон мегардид!
4. Ъибрати дигар ин он аст, ки баъзе мардумоне «Ман Мусалмонам» мегуянд- яъне «МАН ТАСЛИМИ ФАРМУДАХОИ ХУДОВАНДАМ» мегуянду дар асл он фармудаҳои Илоҳи гар ба нафсашон нафорад онро қабул намекунанд!
Барои намози панҷвақти ин баъзеҳо вақт надоранд, барои руза баҳона меҷуянд, барои адои закот ва хайру неки аз молашон сарпечи менамоянд! Гар мавсими ҳаҷ ояд ҳар гуна фатвоҳо мебофанд то ба ҳаҷ нараванд!
Онҳо намедонанд ва ё намехоҳанд донанд ки рузе аз ин ҳама аъмол пурсида хоҳанд шуд! Аммо он рузи саволу ҷавоб дигар ъамал нест- танҳо пурсиш аст! Он руз танҳо барои ин тоифа мардум пушаймонисту халос!
Он пулу молу саломатие, ки метавонист сабаби ба даст овардани Ҷаннати пурнозу неъмат гардад- барьакс сабаби ҳасрату пушаймони ва ба Ҷаҳаннами пур аз азобу машаққат дохил шудан хоҳад гардид!
Бузургон чи нек фармудаанд, ки:
«Мусибате, ки сабаби ҳидоятат гардад- беҳ аз неъматест ки туро аз роҳи Ҳақ дур созад»!





































Комментарии