Ин аст бародари! Ин аст Ислом!
- Мунир.
- 25 янв. 2017 г.
- 14 мин. чтения
Ин аст бародари! Ин аст Ислом!
ОН руз зодрузи писарам буд. Ман дуконро бастаму ба он дусти кудакиам Шуҳрат занг задам ки биё ягон ҷой рафта зодрузи писарамро ҷашн гирем- аммо маълум шуд ки у бо зани русиаш дар хориҷа дар курорт истироҳат доштааст. У ба ман фаҳмонд ки ба фалон суроға равам он ҷойҳо тоҷикон зиёданд, рафта 1-2 ҳамшаҳриамонро ёбаму бо онон «истироҳат» кунам.
Ман ончуноне ки у фаҳмонда буд карда бо такси ба он куча рафтам- аммо дар он маконҳо 2-3 ресторану баре буд ки ҳама русҳову хориҷихо буданд. Ба он дустам занг занам телефонаш куштаги- чун у дар «роуминг» буд. Пас ман таксиро ҷавоб додаму пиёда аз ин куча ба он куча аз ин «бар» ба он бар он суроғаро меҷустам. Шаб қариб нисф шуда буд ва ман донистам ки роҳгум задаам, бар замми ин борони сахте мезад. Хостам таксие қаппида ба хона баргардам ва он ҷо худам танҳо «ташкили» кунам.
Аммо ин замон кампираке ба оби ҷуйчае афтоду ҳама либосҳояш тар шуданд. Борон беист меборид. Роҳгузарон гуиё аз ин парвое надоштанд, ва ман дасти кампиракро гирифтаму борхалтааш ки вазнин буд бардошта хостам аз роҳ гузаронам. Кампирак худ хуб роҳ рафта наметавонист ва факат мегуфт ки ана он тараф хонаи ман.
Маҷбур уро ба он тараф бурдам ва ба хонаи баландошьёнае дароварда ба лифт савор кардам. Ман монда шуда будаму дар роҳрави он хона каме нишастам- аммо маро посбони хона омада фаҳмонд ки ин ҷо нишастан мумкин не. Беҳтараш поин пушти дар болои столи даромадгоҳ нишинам.
Каме нафасамро рост кардаму барои ҷустуҷуи такси ба куча баромадам. Ба назди автомашинае расидаму хостам онро киро кунам. Борони сахте мезад ва ман «капушон»-амро ба сарам кашида будам. Ба назди мошин наздик омадам ки ин замон мошини пулис омада расид ва маро бе пурсиш ба дастонам занҷир заданду ба боздоштгоҳ бурданд.
Полис маро лату куб мекарду намегузошт чизе фаҳмонам. Он шаб чун ман боздоштшудаҳо зиёд буданд ва қариб қисми зиёди онҳо ҷавонони қафкози ва 1 тоҷику 1 узбак.
Он чавони тоҷике ки боздошт шуда буд ҳама ҳуҷҷатхояш дуруст будаанд аммо уро низ бе пурсиш ба ин ҷой овардаанд. Ман сахт гурусна будам ва ба он қафкозиҳо менигаристам ки наздиконашон ба онон хурока оварда буданд. Гумон кардам ана ҳоло онхо як тараф ҷамъ меоянду худашон танҳо хурок мехуранд- аммо гумонам хато будааст:
Якеи онхо ки худро Низом гуфт назди ҳар яки мо нону гушти мурғ оварда мемонд. То ҳатто ки ба худаш аз мо камтар расид. Сипас аз сабаби он ки мо пиёла надоштем аз 1-2 зарф нушоки хурдем. Ҳарчанд нисфи шаб шуда бошад ҳам маълум шуд ки боздоштшудагон намози хуфтанро нахонда будаанд. Ҳар яке ба навбат аз пулис илтимос мекарданд то ба ҳоҷатхона раванд ва таҳорат кунанд. Ҳамма ғайри ману як озарбойҷони.
Онҳо акнун намоз мехонданду мо онҳоро тамошо мекардем. Танҳо ин замон гуиё онҳо озод буданд, аз чизе хавотир набуданд. Милисаҳо аз ин аҳвол ҳайрон монда буданд. Ман акнун шарм мекардам ки «мусалмонам»-у аммо аз намозу тоъату ъибодат дуррам. Пас аз адои намоз онҳо дуъои намоз ва дуъои хайр барои мо боздоштшудагон карданд.
Маълум шуд ки он шаб як тоҷири калони армянро бо таппонча кушта бо он мошине ки ман мехостам онро киро кунам монанд фирор кардаанд. Нафари паррондаги низ чун ман «капушон» доштааст. Ман бошам мегуфтам ки ҳама ҳуҷатхоям дуруст маро ҷавоб дихед. Рости ман забони русиро хуб медонистам- аммо маълум шуд ки маро ба он ҷинояткор сахт монанд кардаанд. Он 5-6 ҷавонони догистониву ду чеченро бошад аз дари масҷид боздошт кардаанд.
Низом он ҷавони доғистони пас аз намоз ба назди ман омада нишасту ба суҳбат даромад:
- Бародар! Бахшиш! Шумо Мусалмонед?
- Алҳамдулиллоҳ ман мусалмонам!- ҷавоб гуфтам ман.
У табассуме карду боз давом дод:
- Бародар пас чаро намоз намехонед? Охир бояд бидонед ки тибки ҳадиси Паёмбарамон (ﷺ) ҳар ки намоз надорад у мусалмони «комил» нест!
Ман ки аз Ислом хуб хабардор набудам хомуш мондам. Рости каме сураҳо медонистам- аммо аз шариат хабардор набудам.
- Тоҷикҳое ки ман мешиносам ҳама пурра тоъату ъибодат доранд. Ман дар ин Питер чи тоҷики шиносе дорам ҳама ҳатто аз мо доғистонихо зиёдтар аз Ислому Эмон хабардоранд!- давом дод у.
- Бародар! Рости ман дар шаҳр калон шудааму муҳити оилаву шиносҳоям ба тоъату ъибодат наздик набуданд. Ҳатто он намозҳое ки ман хондаам-танҳо дар моҳи Рамазон дар кудакиам хондаам. Ин ҷои пинҳонкуни надорад!- ҷавоб гуфтам ман.
У табассуме карду як доғистонии дигарро наздамон даъват кард ва уро Рамазон гуфта шинос кард. Маълум шуд ки Рамазон ҳам чун ман дар муҳите ба воя расида будааст ки аз тоъату ъибодат дур будаанд. Аммо чун ба Питер омадаасту дар як бозор бо ин «ҳамшаҳриҳо»-яш ба кор сар кардааст оҳиста оҳиста ба у намозу руза омухтаанд. Ҳоло у аз дигар бародарон зиёдтар ҳаракат доштааст то Қурьон омузад, аз шариат бохабар бошад.
-Модари ман муаллимаанд, падарам духтур. Ҳарду аз мактаби СССР ъилм гирифтаанд- яъне зиёдтар ба атеизм наздиканд. Аммо раҳматии бобоям домулло буданд ва ин номро ба ман он кас мондаанд. Аз замоне ки бобоям вафот кардаанд дар оилаи мо ки ба шаҳр кучидаем аз намозу руза қариб ки нишоне набуд!- фаҳмонд ба ман Рамазон!
Ман сахт монда шуда будам ва ҳангоми суҳбат хобам бурдааст. Саҳари барвақт боз бинам онҳо намози бомдод мехонданд. Аммо онҳо маро бедор накардаанд. Пас аз хондани намоз боз онҳо дуъои намозу дуъои хайр барои мо карданд. Пас аз 1-2 соате боз наздикони онҳо хуроки саҳар оварданд ва боз он хурокаро он бародар миёни ҳама боздоштшудагон тақсим намуд. Дертар хурокае ки аз боздоштгоҳ доданд касе нахурд.
Чун вақти кори сар шуд аввалин нафаре ки ба назди муфаттишон бурданд ман будам. Дар як утоқ 3-4 муфаттиш маро саволборон намуданд, ки соати 22.15 то 22.30 куҷо будам, ба чи кор банд будам ва ғайра. Ман гуфтам ки дар кучаҳо як ду шиносамро мекофтам. Ин замон якеи муфаттишон ногоҳ ба сари ман мушти сахте фаровард ва дағалона мегуфт:
- Ту соати 21.20 ба фалон ресторан омада он тоҷири армянро мепоиди! Сипас соати 22.15 ту ба сарат капушон кашида ҳангоми аз тарабхона баромаданаш суи у 4-5 тир холи карда дар он мошин фирор карди. Мо туро болои ҷиноят ва он мошин боздошт намудаем! Фаҳмиди!
Акнун онҳо ба ман навори камераи он тарабхонаро нишон доданд, ки ман он соате пеш ба он даромадаму пас аз 1-2 дақиқа берун баромадам. Сипас ҳангоми тир холи кардани ҷинояткорро дар навор дидам ва он нафар чун ман капушони сиёҳ дошт. Акнун ман сахт тарсидам- аммо намедонистам чи ҷавоб гуям, балки он шаба корҳоро фаромуш намудам. Маро боз ба ҳамон камера бурданд ва бо навбат боздоштшудаҳоро ба пурсиш мебурданд.
Ман як кунҷи камераро гирифтаму хомуш мондам ва ба фикр фуру рафтам. Он бародар Низом боз ба наздам омад ва пурсид:
- Чи шуд бародар? Чи мегуянд он муфаттишон? Хайр ҳуҷҷат дуруст набошад ҷарима карда ҷавоб медиҳанд чи ин қадар хавотир шудаи?
- Не, не …. Хуҷҷат напурсиданд. Мегуянд ки гуё ман як армянро парронда бошам. Аммо ман ….. ..- канда канда ҷавоб гуфтам ман.
Соате пас Низом ҳам аз назди муфаттишон баргашт. Вай маро ором карду гуфт ки:
- Он армян як замон роҳбари бозори мо будааст. Як маротиба мо уву посбонҳояшро барои зиёд кардани иҷорапули лату куб карда будем. Аммо қариб як сол аст ки роҳбари он корхонаи мо дигар одам аст- чаро аз мо гумонбар шуда бошанд? Ҳаммаи моро инҳо гумонбар шудаанд бародар- ту сахт хавотир нашав!
Лек ман ором намегирифтам чун он наворҳое ки ба ман нишон доданд тарафи зиёд гунаҳкории ман буд. Ин гуиё чун он фильмҳое буд ки аз телевизиор медидем.
Рузи дигар мо 5 нафарро ба як камераи дигар бурда аз дигарон ҷудо карданд. 3 доғистони, 1 чечен ва ман. Акнун он бародар Низом ба назди ман нишасту гуфт ки:
- Бародар Сулаймон! Албатта инҳо метавонанд мову туро беасос гунаҳкор кунанд. Чунин ҳодисаҳо зиёданд. Ту беҳтараш ҳамаруза намозҳоятро бихону дуъо кун ва аз Худованд халоси бихоҳ аз ин ҳолат! Чун ки Худо медонад мумкин инҳо якеи моро ҳарчанд тасдиқ нашавад ҳам дар он куштор маҷбури гунаҳкор мекунанд.
Ман ба гуфтаҳои у диққат кардам ва замоне ки вақте намоз омад рафта таҳорат кардаму дар намоз бо онҳо қоим шудам. Аввалин намоз ман аз он ҳамроҳонам шарм медоштам. Лек замоне ҳолати вазнини худро дарк кардам дигар ман ғайри намозҳои фарзи бо Низому дигарон намозҳои нофила мехондаму аз Худованд тавбаву истиғфор мекардам ва нек шудани аҳволамро мехостам.
Бовар кунед он замоне ки ман дуъо мекардам дар нисфи шаби гиряамро дигар дошта натавонистам. Чун худро дар зиндон хаёлан медидам, он ҷо дар Душанбе зану фарзандамро бе худ тасаввур мекардам. Дуъои зиёд намедонистам- аммо зориву таваллои зиёд мекардам, «азизони Худоро» ёд мекардам, ва ғайра.
Рузи дигар маро боз ба назди он муфаттишон бурданд. Онҳо акнун дилпур мегуфтанд ки:
- Маълум шуд ки он армянро ту куштаи! Ба ту ин доғистониҳо пул додаанду ту уро парронди! Росташро гар гуи ва гуноҳро ба калла гири 1-2 сол камтар мегири!- ва ғайра.
Замоне маро ба камера бурданд ман аз ҳарф монда будам ва ҳатто суханҳои ҳамроҳонамро намешунидам. Фикру хаёлам танҳо аз ояндаам буд ки чи мешуда бошад. Низом ва Рамазонро ҳам бурданд ва маълум шуд ки аз онҳо хостаанд то зидди ман маълумоти дуруғ диханд- аммо онҳо рози нашудаанд. Ҳамин тавр моро қариб як моҳ мебурданду меоварданд. Онҳо адвокат доштанд- аммо ба ман пулис худашон адвокати маҷбури дода буданд. Адвокате ки парвое надошт ман зиндони шавам ё не.
Дар ин як моҳ ман аз Низом кам кам намози комил омухтам, дуъо омухтам. Маълум мешавад ки ман аз «азизони Худо» не – балки танҳо бояд аз Худованд мадад мехостаам. Замоне ки хурдсол будам бо падару модарам ба зиёратгоҳи ҳазрати Мавлоно қариб ки ҳар ҳафта мерафтему аз он «азизи Худо» кушоишу осоиш мехостем- аммо ин дуруст набудааст, балки щирк будааст.
Рузҳои душанбеву панҷшанбе акнун рузаи нафли мегирифтам. Ба ҳангоми дуъоҳо аз Худованд тавбаву истиғфори зиёд мекардам ва кушоишу осоиш мехостам. Ҳатто баъзан шабҳо хоб намекардаму бо Худованд дар дуъову намоз «роз» мегуфтам, тавбаву истиғфор мекардам. Зикри Худовандро лаҳзае аз забонам қариб ки канда намекардам.
Як руз он се ҳамроҳони маро хабар доданд ки гуноҳашон маълум нашуд, балки бегуноҳиашон исбот шуд ва фардо озод мешавед. Онҳо хурсанд шуданд- аммо ман сахт ғамгин. Чун онҳо ки раванд мо бо он чечен танҳо мемонем. Ба Низом он руз паноҳи телефоне оварданду он руз ман ба хонаам занг задам ва аммо нагуфтам ки дар боздоштгоҳам. Дуруғ гуфтам ки дар хориҷа барои ҳуҷҷатхоям рафта будаму акнун омадам.
Он шаб мо хоб накардем ва Низом дар охир аз ман пурсид ки чи «хизмат» кунам. Ман мегуфтам ки «дуъои хайр» кун то озод шавам, он дусти кудакиамро ракамҳои телефонашро додам то уро ёбаду аз паи озодии ман шавад. Хоҳиш кардам ки хунук шудааст ягон либоси гарм бароям биёранд- аммо Низому Рамазон ҳама либосҳои гарми худро ба мо доданд ва гуфтанд ки дар озоди мо дигарашро мехарем. Ман ашки чашмонамро дошта наметавонистам- чунки он муомилае ки дар ин зиёда як моҳ аз ин «бародарон» дидаам аз дигарон ин замон дидан мушкил аст.
Қариби саҳари ман аз он шабе ки маро пулис боздошта буд ёд кардам ва ба ёдам он кампирак омад ки уро аз роҳ гузаронидам. Ба ёд овардам ки чун аз назди хонаи он кампир баромадам маро пулис боздошт. Ман аз Низом пурсидам ки оё «кори хуб» кардам?
У ҷавоб гуфт ки:
- Ин Шо Аллоҳ аҷри неке мегири. Аммо ту мегуи ки қариб ним соат бо он кампир банд буди ва сипас боз 15-20 дақиқа дар назди хонааш дам гирифти ҳамин тавр? Охир ту гуфти ки туро соати қариб 22.30 боздошт кардаанд, яъне ту он соат бо он кампир банд буди? Чаро инро ба муфаттишу адвокатҳо нагуфти?
- Ҳа! Рост ман бо он кампир қариб 1 соат банд будам! Аммо муфаттишҳо маро намемонданд чизе фаҳмонам. - ҷавоб гуфтам ман.
- Пас ба адвакатат ва он муфаттишон албатта инро бигу то рафта санҷанд ва мумкин камераҳои он хона кор мекарданду туро навор гирифтаанд!- маслиҳат дод Низом.
Ҳангоми озод шудан Низом ба ман он телефони овардаашро дод то кам кам тамос гирем. У ваъда дод ки албатта ба он дусти кудакиам Шуҳрат мерасонад то ба он сурога рафта адвакатамро барад ва бегуноҳ будани маро тасдиқ кунад.
Онҳо рафтанду мо бо он чечен Заур танҳо мондем. Заур канда канда ҳарф мегуфт – аммо зиёд ором буд ва парвое надошт аз он ки дар озоди аст ва ё зиндон. Мо ҳамроҳ намоз мехондем ва хурокае ки ба у меоварданд мехурдем, чун акнун ман дигар хар хел хурокаро, гуштҳои ҳалол набударо намехурдам. Аммо аз он дусти кудакии ман Шуҳрат хабаре набуд.
Шабҳо худ танҳо хеста намозҳои нофила мехондам ва аз Худованд дар дуъову тазарруъ хайр мехостам. Ҳатто акнун он кадар ба намоз моил шуда будам ки шабе набуд он соат бедор нашавам. Баъзе шабон Заур ҳам мехест- аммо у ки каме аз бемории асаб азоб мекашид ҳама шаб наметавонист бихезад.
Ба муфаттишону адвокат аз он шаб, аз ёри додан ба кампирак хабар додам ва онҳо ваъда доданд ки рафта месанҷанд. Аммо дар асл маълум шуд ки онҳо парвое надоштаанд ва аз он хурсанд буданд ки «қотил»-ро (маро) маълум кардаанд. Як руз Шуҳрат ба ман занг зад- аммо зиёд ҳарф нагуфту фаҳмонд ки барои «бор» ба Дубай фардо меравад. У гуфт ки як шиноси пулис дорад ва у ба ман ёрдам медихад.
Аз Шуҳрат дида ба ман зиёдтар Низом занг мезад, аҳволпурси мекард. Ҳатто 1-2 маротиба уву Рамазон ба мо хурока меоварданд. Як руз у пурсид ки оё он дустам Шуҳрат ёрдам дода истодааст? Ман гуфтам ки не у ба Дубай парридааст.
Он руз маро гуиё охирин бор ба назди муфаттишҳо бурданд ва сипас ба камераи чудогона гузаронданд. Аз суханҳояшон маълум буд ки маро 1-2 руз пас ба суд бурда муҳлати калоне доданианд. Ман ба Низом занг задаму аз «хизматҳояш» миннатдори намудам ва гуфтам ки маро ба камераи алоҳида гузарониданд. У гуфт ки ҳама шабу руз дуъои хайр бароям дорад ва ба ман маслиҳат дод ки ноумед нашавам ва аз Худованд мадад хоҳам. У ба телефонам пул гузаронд то ба модарам занг занаму бахшиш пурсам.
Пас аз адои намози хуфтан ман ба хонаам занг задам ва аҳволпурси кардам, сипас ба модарам занг задам. Занг задаму зиёд узрхоҳи кардам ва ҳангоми суҳбат гиря мекардам. Модарам фаҳмид ки бо ман чи кори баде шудааст ва зиёд пурсупос менамуд- аммо ман мегуфтам ки ҳама хуб аст, факат нав аз Ислом хуб хабардор шудааму фаҳмидам ки бояд аз у бахшиш пурсам. Аз он ки ин қадар вақт занг намезадам ва гуиё қахри будам бо у аз у бахшиш пурсидам.
Ба ёдам он зиндагии пеш аз муҳоҷириам омад:
- Оилаи мо оилае буд ки ҳеҷ вазниниеро мо боре ҳам дар зиндаги надида будем. Падарам вазифаи хубе доштанд, пули зиёде кор мекарданд, модарам ва хоҳарам аввал магозаи либосҳои занона доштанд- аммо дертар ба хонашини гузаштанд. Суханро кутаҳ кунам:
-маро оиладору соҳиби хонаи алоҳида карданд ки падарам ба беморие гирифтор шуданду дар байни 5-6 мох аввал лоғар шуданд, сипас аз хурдан монданд ва оқибат вафот карданд. Ман ки ҳоло худро кудак мешуморидам аз ҳамон рузҳо ҳушёр шудам.
Чун пас аз гуру чуб ва «худоиҳо» моҳе нагузашт ки аз бонкҳо ба хонаамон меомадаги шуданд. Онҳо мегуфтанд ки падарат зиёда аз 67 000 $ қарздор аст. Аммо мо медонистем ки падарам пули хонаи маро аллакай адо карда буданд- лек ин қарз барои чи бошад? Маълум шуд ки падарам ба худ «оим»-чаи ҷавоне доштааст ва барои у ҳам аз маркази шаҳр хонае харида додааст.
Мо аввал автомашинаи падарро фурухтему фоизҳои бонкро додем. 2-3 моҳ гузашт ки он пулҳо тамом шуданд- акнун автомашинаи маро фурухтем ва боз фоиз медодем. Лек бовар кунед ба мо хуб будааст ки ҳарчи доштем мефурухтему он қарзро якбора адо мекардем на фоизи онҳоро. Он «оим»-и падар аллакай ба худ ҷуфти нав ёфта буду дар он хонаи падарам харида кайфу сафо дошт -аммо қарзро мо медодему у парвое надошт.
Чун дар як сол мо зиёда аз 25 000 доллар фақат фоизи бонк медодем- аммо он қарзи аввали ки зиёда аз 67 000 буд истода буд. Хостем ҳавлиро ба фуруш гузорем, лек хуҷҷатхои онро намеёфтем. Раҳмати падарам барои қарз ҳуҷҷатхои ин ҳавлиро ба «гарав» гузошта будааст. Мо хонаамонро ки қиммат буд нарх гузоштему харидор ёфтем. Аз харидор як кисми пулро гирифта пули бонкро пурра адо намудем ва хонаро ба он харидор додем.
Албатта бо пули мондаги ба модар хам хонаи 3 ҳуҷраги харидем ва як қисм пул монд. Ман, ки он замон кори давлати мекардам дарк кардам ки он маоше ки мегирам ҳатто ба роҳкирову хурокхуриам намерасидааст. Чун зиёди вақт ба ман падар пул медоданд. Хостам аз кор раваму тиҷорат сар кунам- аммо афсусссс:
Модарам аллакай шавҳар карда будаасту пулҳои мондагиро ба он шавҳараш додааст то тиҷорат карда фоида биёрад. Ман гуиё аз модар қаҳр кардам. Ба хонаи у намерафтаги шудам- чун аз дини Ислом ки дур будам намедонистам ки гуноҳи азиме карда истодаам. Аммо замоне ки занам аввалин писарамро таваллуд кард дигар намедонистам аз куҷо пули зиёд ёбам- чун на падарам ҳайёт буд ва на аз модар пул гирифта метавонистам.
Аз бародари занам ки тиҷорати хубе дошт як миқдор пул қарз гирифтаму камеашро ба билети хавопаймо сарф кардам ва боқиро ба дасти занам додам то кам кам сарф намояд. Ба Петербург парвоз кардам. Он шаҳр як дусти кудакиам Шуҳрат кор мекард. Уро ёфта вазьиятро фаҳмондам. Дустам 1 руз маро дар хонааш меҳмондори намуда ба бозоре бурд ва манн дуконеро иҷора гирифтам.
Ҳар бор мехостам ба модар ҳам занг зада аҳволпурси кунам – аммо Шайтони лаъин ба гушам мехонд ки ин корро накунам, кибру ғурур мекардам. Ба занам занг мезадам, аз писарам пурсон мешудам, аммо модарро гуиё фаромуш карда будам! Танҳо дар дохили ҳабс Низом ба ман фаҳмонд ки сахт хатое кардаам.
У маро гуфт ки як умр хизмати модарро кунам кам аст. Албатта бояд ба модар занг зада бахшиш пурсам ва гар тавонам рафта як умр хизматашро кунам- инро дини Ислом фармудааст!
Ман он замон аз модар илтимос мекардам то маро бубахшад. Харчанд у мегуфт ки бахшидамат- аммо гаштаву баргашта аз у зориву тавалло мекардам ки бубахшад маро. Он шаб ман тамоман нахобидам ва то як ҳиссаи шаб намоз хондам, дуъову тазарруъ кардам аз Худованд. Донистам ки ғайри «Раҳмати У» дигар умеде намондааст. Танҳо пас аз адои намози бомдод маро каме хоб бурдааст.
Соатҳои баъди 8 буд ки дари маро кушоданду маро ба назди муфаттиш бурданд. Гумонам акнун маро барои суд буридан мебаранд- аммо дар назди муфаттиш Низом бо як зани миёнасоли русе менишастанд. У маро сахт оғуш гирифт- ончуноне ки бародари ҷониатро оғуш мегири. Сипас муфаттиш ба ман гуфт ки ин зан аз бегуноҳии ту як навореро пешкаш намудааст.
Маълум шуд ки саҳари барвакт Низом ба он суроғае ки ман кампирро бурда будам рафтаасту аз посбон хоҳиш кардааст то навори он шабаро ба у ёфта диҳанд- аммо посбон дод гуфта овоз баланд карда хостааст уро пеш кунад. Ин замон мардуме ки ба кор мерафтаанд ҷамъ омада пурсидаанд ки чи шудааст?- ва Низом аз он шаба ҳодиса хабар додааст.
Ҳамин зане ки омада буд духтари он кампир будааст ва маълум мешавад у мехостааст маро ёфта миннатдори кунад. У аз посбон хоҳиш карда он навори он шабаро меёбанд ва худ бо Низом ҳамроҳ шуда ба назди ман меоянд то бегуноҳии маро маълум кунанд. Гар 1-2 рузи дигар наворро намегирифтаанд он кур мешудааст.
Он зан худаш судя будааст ва қонунан бегуноҳ будани маро ба пулис бо он навор ва шоҳидии он кампири модараш ва посбоне ки он шаб навбатдори хона буд пурра исбот кард.
Пас аз якчанд руз маро озод намуданд ва назди боздоштгоҳ Низом маро интизор буд. Ман он шаб ба Шуҳрат занг зада будам- аммо у телефони маро набардошт. Аммо ба Низом ман занг назада будам. Балки ин рузҳо у худаш аз аҳволи ман хабар гирифта меистод. Ман зиёд аз Низом миннатдори мекардам- аммо у мегуфт ки ин аст «бародари»-е ки Худованд миёни мо мусалмонон эълон намудааст.
Худовандро зиёд миннатдорам ки бароям чунин бародарони «Эмони»-ро ато намудааст ки ҳатто аз бародароне ки аз як модар таваллуд шудаанд, аз дустоне ки як умр бо ту буданд беҳтаранд. Он рузҳои дар боздошт будан барои ман як умр фаромуш нахоҳанд шуд- чун ман аз нав зинда шудам ва аз нав «мусалмон» шудам. То ин замон гумон мекардам ки номи мусалмон доштан, 1-2 маротиба «ҳазрати Мавлоно» зиёрат рафтан кифоя аст барои мусалмон будан - чун он муҳите ки доштам ба ман инро «талкин» мекарданд.
Дигар ъибрате ки гирифтам ин хизмати волидайн кардан аст ки инро Худованд фармудааст. Ман бошам аз модари худ хашмгин шуда гуиё бо у қаҳри карда будам. Аммо дар асл модари ман ҷавон буд ва ҳуқуқи зиндагии худро бо шавҳари нав дошт. Лек ман ки аз кахру ҷахл чашмонам гуиё кур шуда бошанд ва гушҳоям кар шуда бошанд- намехостам инро бубинам ва бишнавам.
Он шаб ман ба нийяти «роҳи Шайтон»-и рафтани будаму мехостам нафареро ёфта арақу ҳарромкардаҳо хурам- ба ҷои шукронаи Аллоҳ аз неъмати фарзанди додааш кардан. Аммо ин ҳодиса сабаб шуд, вазнини сабаб шуд, ин бародарон сабаб шуданд, ки ман тавба кардам, руй ба тоъату ъибодат овардам ва аз нав гуиё мусалмон шудам. Балки одаму одамгариро аз он бародарон омухтам ва сипас дар зиндагии худ баракатҳо дидам.
АКНУН МАН бандаи «ШОКИР» шудам- яъне шукргузор! Чаро!
Чаро шукр мегуям?- аз он сабаб ки Худованде дорам ки бо ин қадар гуноҳу исён аввалин тавбаву тазарруъи маро қабул кард ва маро бахшиду наҷотам дод!
Чаро Аллоҳро дӯст надораму ҳар сонияву лаҳза ёдаш накунам?- вақте Ӯ маро ба ними нафас аз назараш дур наменамояд? Ҳатто замоне ки аз тоъату ъибодати У дур будам.
Чаро ғам хӯрам? вақте Худованди ғамхор ғами мо бандаҳои мӯъминашро шабу руз мехӯрад, ризқу рузии неке атоямон менамояд!?
Чаро шукр гуям, ва хазорон шукри Аллоҳ?- аз он сабаб ки ба ман Худованд бародарони Имоние ато фармуд ки сабаби «ҳидоят»-и ман гаштаанд!
Чаро шукр ва боз ҳам шукр нагӯям? –зеро ки мӯҳтоҷу мунтазири ҳар касу нокас нестам? Ҳар чи хоҳам аз ин пас аз Худовандам хоҳам- ва У атоям намояд!
Чаро хушнуд набошам? – охир Худованд диҳандаам кардаасту пурсанда не!?
Чаро сипосгузор набошам? –замоне ки Худованд бароям фарзандон ато намуд, неъматҳояшро арзони атоямон намуд?
Чаро аз ин аҳволи худ шукр нагуям? -замоне ки Мусалмонам- на сангпарасту оташпарасту махлуқпараст ва на беХудои атеист, ва «мунофиқ»-у «козиб»?
Чаро, чаро, чаро???
Муаллиф: Сулаймони Айюб! (аз зиндагии худ).





































Комментарии