top of page

Шайтон бар баъзехо голиб аст.

  • Саидчон
  • 23 янв. 2017 г.
  • 12 мин. чтения

Макру Ҳиллаи Шайтони лаъин!

Ҳасани Басри аз қиссаи ҷавоне ёд кардааст ки Шайтон уро бо ҳилла мағлуб сохт:

Як ҷавони «ботақво» аз маконе мегузашт ва мардумонеро дид ки ба дарахте ъибодат мекунанд, аз он дарахт ҳоҷат мехоҳанд- ба ҷои Аллоҳи Бузургу Тавоно. Он мард нийят кард ки албатта ин дарахтро у бояд бурида нест кунад. У ба хонааш рафта табареро гирифту суи он дарахт шитофт аммо дар роҳ аз пешаш Иблис дар сурати одами баромад. Иблис пурсид:

- Ту чи нийят дори?

- Мехоҳам фалон дарахтеро ки «гумроҳон» ба он тоъату ъибодат мекунанд бурида решакан кунам!- ҷавоб додааст он мард.

- Пас аз ин ъамалат ба ту чи мерасад? Ту чи фоида мегири аз ин ъамалат? Охир ту ку ба он ъибодат намекуни пас ба дигарон чи кор дори?- мепурсад Иблис.

- Ман аз барои «ризои Худованд» нийят кардаам!- ҷавоб додаст он мард.

Иблис мебинад ки он мардро нийяташ «холисона» асту уро боздошта наметавонад ба у пешниход мекунад ки:

- Биё ҳарду гушти мегирем. Агар ту ғолиб ки омади рав дарахтро бибур- ва агар ман ғолиб омадам аз нийятат гард!

Пас ҳарду даст ба гиребон мешаванду гушти мегиранд. Он мард ки нийяташ холисан ЛилЛоҳ буд Иблисро ба замин мезанад ва ба суи он дарахт роҳашро идома медиҳад. Иблис ҳиллаи дигареро пеш мегираду пешниҳод мекунад:

- Мехоҳи ки ман ба ҷои буридани он дарахт ба ту аз он беҳтарашро дихам? Ту ҳар саҳар аз ман ду динори тилло мегири!

- Ту маро фиреб медиҳи!? Ман аз куҷо он динорҳоро мегирам?- мепурсад он мард.

- Ҳар саҳар аз хоб хести зери болинатро мебини ва он ду динорро меёби!- ҷавоб додааст Иблис.

Он мард аз роҳаш баргашта ба хонааш омадааст. Саҳар аз хоб хеста ду динори тилло пайдо мекунаду хурсанд мешавад. Ҳамин тавр ду саҳар у динорҳоро ёфта хурсанд мешавад. Аммо саҳари сеюм у бармехезаду диноре намеёбад. У бо қаҳр табарро гирифта суи дарахт мешитобад- аммо боз дар роҳ ба у Иблис вомехурад.

- Ту чи кор кардании?- мепурсад Иблис.

- Мехоҳам он дарахтро бурида решакан кунам!- ҷавоб медиҳад он мард.

Иблис боз пешниҳод мекунад ки пеш аз он ки дарахтро бурад аввал гушти гиранд ва агар ғолиб ояд рафта дарахтро бурад. Ҳарду даст ба гиребон мешаванду ин бор Иблис ғолиб мешавад. Он мард бархеста мехоҳад боз як бор гушти гиранд- ин бор ҳам Иблис ғолиб меояд. Иблис мегуяд:

- Ту медони ки ман киям? Ман Иблисам. Ту дигар маро мағлуб карда наметавони! Чун ту аввалин маротиба аз барои «ризои Худованд» нийят дошти он дарахтро решакан куниву мардум аз аъмоли хатову щирк дур шаванд –пас маро мағлуб сохти. Аммо ин дам нийяти ту аз барои он ду динор аст на аз барои «ризои Худованд»!

(Ибн аль-Джаузи)

\\\\\\\\\\\\\\\\\\\///////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\/////////

Ъибрат:

Ин қисса ба мо дарсест ки ҳар ки аз барои Ризои Худо ба ъамале даст занад Худованд уро ғолиб месозад. Аммо гар дар он ъамал заррае «риё» бошад у шармандаву «русиёҳ»-и ин дунёву охират мешавад. Он мард ки бо моли дунё аз суи Иблис фирефта шуд оқибат шарманда шуд. Ин қисса ъибратест бар тамоми Мусалмонон!

Аз таърихи ҳазорсолаи Мусалмонон худ гувоҳед ки дар аввали пайдоиши Ислом то асрҳои миёна муслимин ҳар нийяте мекарданд – Худованд онҳоро «дастболо» мекард. Он ки бо лашкари кучаке лашкарҳои Империяи Рим, Империяи оташпарастони Форс, Империяи Византия ва дигар қушунҳоро яке паси дигар мусалмонон шикаст додаанд- таърих монандашро ёд надорад. Чун нийят «холис» аз барои ризои Аллоҳ ки буд ҳеҷ як лашкар бар мусалмонон истодагари карда наметавонист.

Аммо афсус аз асрҳои миёна ин тараф мусалмонон аз моли дунё «маст» шуда на пайрави аз Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва асҳобаш балки худро монанд ба подшоҳони Аврупо ва боёни замони «ҷоҳилийят» карданд. Сарварону пешвоёни Ислом чи подшоҳон ва чи пешвоёни дин дигар аз паи «дунё» шуданд ва Худованд шикаст болои шикастро бар сарашон равон кард.

!!!Гар Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва Абубакр(р.а) ва Умар (р.а) ва Усмон (р.а) ва Али (р.а) ва асҳоб ки аввалин роҳбарони давлати мусалмонон буданд рузу ҳафтахое гурусна мегаштанд- Инҳо бошанд то дарридани ишкамҳо гушту ширини мехурдаги шуданд.

!!Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва асҳобашу пайравонашон қариб ки хоб накарда дар фикри уммату зердастон буданд, шабонгаҳ намозхои нофилаи зиёд мехонданд - инҳо бошанд ҳатто дар намози бомдоди танбали мекардаги шуданд.

!!Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва асҳобаш як ду либосе доштанду он ҳам пур аз ямоқ- Инҳо бошанд либосҳои зебову бо сими тилло оро додаро мепушидаги шуданд.

!!Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва асҳобашро дустиашон ва душманиашон танҳо аз барои «ризои Аллоҳ» буд- инҳо бошанд акнун дусти мекарданд бо нафароне ки бой бошанд, қудрат дошта бошанд ва ғайра.

!! Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва ёрону асҳобаш ятимону асирону мискинонро бо дастони худ таъом медоданд ва ҳатто шабон хоб накарда аз аҳволи мардум хабардор мешуданд- инҳо акнун аз кибру ғурур худро аз мардуми одди «боло» меҳисобидаги шуданд, ятимону камбағалонро масхара мекарданд.

Пас ин буд ки онон аз асли Ислому Эмон дур шуданд ва оқибат ру ба шикасту пасти оварданд. То он замон ҳатто ъилму иқтисоди Мусалмонон дар ҷахон аввалин буд- акнун ру ба пасти ниҳод.

--Акнун Магар олимони Исломии ин замони мо ( оммиён он су истанд) дустиву душманиашон аз Барои Ризои Худост- ё аз барои «риё»?

-Мисоли ҳамон дарахт ки мардумро ба щирк мебарад оё дар замони мо нест?

- Магар мо ин замон хабар надорем ки мардум дарахт мепарастанд, қабр мепарастанд, куфр меварзанд ва ғайра?

- ҳарчанд баҳона меоранд ки не мо қабр намепарастем- балки он қабрҳоро «васила» карор медихем (чун шиъаҳо)!?

Муллову муфтиҳои имруза фарқашон аз он «пешвоёни» пешин чун фарқи «байни замину осмон» аст. Чун ҳама руз мешнавем ки муфтиҳо бо фалони қаҳриянд, фалон домло бо дигари қаҳриву ҷангист ва ғайра- аммо боре оё мешунида бошем ки аз барои Худо муллоҳое ошти кардаанд? Оё бародару хоҳаре хатову нуқсоне кард «ислоҳ»-ашон воҷиб аст- ё уро бояд шарманда кунанд?

Ба наздики дар як масҷиди атрофи шаҳр намози пешин хондему азонро бе микрофон гуфтанд. Вакте аз муаззин пурсидем ки «о барқ ҳасту чаро бе микрофон гуфти- ҷавоб дод ки фармони Муфтии ноҳия аст. У манъ кардааст». Аз рузе ки азон бе микрофон шудааст мардум зиёди намозҳоро дар хона мехонанд- чун ҳама бо азон омухта шудаанд. Вақте муфти ки зидди пешравиву эмондории Мусалмонон бошад- аз омми чи гила?

Муллоҳои ин замони мо ҳар яке қабри «бузургвореро» зебу зиннат додаанду дар гирдаш ё худ болои катҳо нишастаанд ва ё хешу табору шогирдони хешро нишондаанд то ҳарчи зиёдтар аз мардуми «гумроҳ» пулу мол гирд оваранд. Дар чунин «зиёратгоҳҳо»-и Тоҷикистон танҳо ъамали Щирку Бидъат ҳасту аз «Тавҳид», ки асоси Ислом аст гуиё ки хабаре нест. Ҳамон дарахпарастону ин «номуллоҳо» гуиё яканд - фарқаш ин ки онон умед аз дарахт доштанд инҳо умед доранд мурдаҳо фоида ва зарар меоранд.

Худи ин «ноМуллоҳо» ба ҷои он ки ба мардум асли Иломро фаҳмонанд- имрузҳо сабаби ба «ҷоҳилийят» руй овардани онҳо шуда истодаанд. Ҳамма домлоҳое ки сари он қабрҳо менишинанд парвое надоранд ки он «зиёратчиҳо» бо мини-юбкаанд, пеши синаҳо кушода, сарҳо лучу аз либоси Исломи дуранд- ҳамин пул диҳанд шуд. Ҳар нафаре пули зиёдтар диҳад ба у дуъои хубу «коғазпеч» медиҳанд.

Зиёратчиён гуянд ки:

- фарзандталабам, кушоишталабам, шифоталабам, ҳоҷате дорам, бахт талабам чи кор кунам?

Мулло ҷавоб медихад ки:

- марҳамат ин «ҳазрат» Бузург аст- шифо медиҳад, кушоиш медиҳад, фарзанд медиҳад- гар уро дуъо куни ё «васила» қарор диҳи. Агар бе ин чунин зиёрат кардан худ дуъо куни гуиё Худованд қабул намекунад!

-Барои ин ҳоҷат, шифо, кушоиш 4 ҳафта паи ҳам биёед, гову гусфанд биёред, пулу моли зиёд биёред, хурданиҳо биёред, ҳама аъзои оилаатонро биёред ва ғайра- гуиё руҳи «хазрат» инро фармуда бошад.

-Шуморо ъилм хурондаанд, бахтатонро бастаанд, пеши коратонро бастаанд ва ғайра гуфта ҳатто чун фолбинҳо пешбини ҳам мекунанд- гуиё аз «ъилми ғайб» огоҳ бошанд ин ноМуллоҳо!

Аммо намегуянд ки ин ҷой танҳо дар ҳаққи он мурдаҳо дуъо кунед- чун онҳо ба ҳеҷ кор қодир нестанд. Намегуянд ки Худованд барои ҳар як ҳоҷату мушкили намозу дуъо фармудаанд- шумо худ дуъо кунед ва аз Худованд ҳалли мушкили талабед. Чун инро гуянд аз пулу моли «бе дарди миён» маҳрум мешаванд.

Ҳатто дар зиёратгоҳи хазрати Султону Чилучор Чашма як замон будему вакти намоз он «ноМуллоҳо»-и дуъохон ҳатто хушашон наомад бо ҷамоъат намоз хонанд, намозро қазо карданд. Мақсади онон на дину Эмон- балки ҳарчи зиёдтар пулу мол ғундоштан будааст.

Як меҳмоне аз қафкоз меҳмон шуду рузҳои чоршанбеву ҷумъа ба масҷиди Мавлоно Яъкуби Чархи рафтем. Рузи аввал зиёраткуни- дигар руз ҷумъахони. Аз дари масчид дароем як марди риши калондоре ки мулло будааст таклиф кард ба ҳуҷраи у гузарем то «тумор» диҳад ва ё дуъо хонад (гуиё у «клиент» меқапида бошад). Ту ки мулло боши чаро ин тавр «клиент» мепои- рав шин касе ки хоҳад наздат ояд. Гар зан бошад бо маҳрамаш қабул кун.

Аммо ҳарчанд як зани аз паси мо буда аз пасаш рафт аммо мо рози нашудем. Он «ноМулло» парвое накард ки он зан «бемаҳрам» аст, ё у танҳо бояд бо мулло намонад. Пас у риёкоре буд на мулло - чун аз Ислом хабаре надоштааст. Дар бозгашт бинем ин «ноМулло» як зани дигарро аз дари масчид бо фиребу найранг ба он ҳуҷрааш гуиё «дуохони» мебурд. Мақсади ин номулло фиреб додани мардум- на аз асли Ислом хабардор кардани онон будааст.

Ҳамон рузи чоршанбе садҳо зану мард ҳатто гирди қабр «тавоф» мекунанд, сутумҳоро буса мекунанд- ки щирк аст чун тавоф танҳо дар Каъбатуллоҳ иҷозат аст. Аммо касе парвое надорад аз ин ъамали щирк. Пас аз тавоф ҳатто баъзе занҳои «ним-урён» дар ру ба руи он «ноМулло» ва ҳатто дар бараш дар як кат мешинанду у ҳатто намегуяд ки:

- Хоҳар ё аппа ин либос мумкин не! Сатри аврат кунед, шарму ҳаё кунед! Аз барам хезед –он стол шинед!

Ба инҳо пул бидеҳи халос. Он руз дусти қафкозии мо 500 сомони хайр кард. Мардуми дигар ҳар яке на камтар аз 20-50 сомони ва ҳатто 100 доллару 200 доллар хайр мекарданд. Баъзеҳо ба пеши он мулло пул мепартофтанд- баъзе дар сандуқчае ки қулф дошт. Он қадар нону қанде ки он мардум меоранд барои ҳазорҳо хонавода кифоя аст- аммо як «хизматгоре» даррав он нону қандҳоро ба хонае бурда мемонд.

Он тараф гузарем боз қабри дигаре. Як домлои дигаре нишастаасту ҳамин тавр парвое аз либосу муомилаи занону мардон надорад- пул парто рав! Гуиё ин пулҳо ба «ҳазрати Мавлоно» лозим шуда бошад- аммо касе намепурсид ки куҷо сарф мешавад ин пулҳо.

Ин замон ду марде як гусфанди калонеро кашида аз дари дигар дароварданду чашмони он «мулло» дурахшиду у хурсанд шуд. Маълум шуд ки ба ҳоҷатмандон барои «кушоиши кор»-ин «ноМуллоҳо» хун кардани мол дар ҳаққи «ҳазрат» фармудаанд.

Аҷоибаш ин ки гар «ҳазрат» шифо диҳад, мол диҳад, бахт диҳад, кушоиш диҳад- пулу молу гову гусфанду қанду нони шумо ба у чи лозим? Аммо касеро ақлаш намегирифт инро фаҳмад. Як ҳақиқи муллое набуд ки инро ба онҳо фаҳмонад- нишастагиҳо ҳама ноМуллоҳо!

Хулас дуъое ки он домлоҳо мекунанд аз «Тавҳид» берун аст:

-«ҳазрат барори коратон диҳад», «ҳазрат кушоиш атоятон намояд», «ҳазрат бахтатон диҳад», «ҳазрат шифоятон диҳад» ва дигару дигар.

Гуиё ки он «ҳазрат» зинда асту ба ин қодир бошад. Кадом мурда бахт дод- ки ин ҳам диҳад? Кадом мурда мол дода буд – ки ин ҳам диҳад? Кадом мурда шифо дода буд – ки ин ҳам шифо диҳад? Аммо на он ноМуллоҳо ва на зиёратчиҳоро ин саволҳо зарур набуд.

Акнун рузи ҷумъа боз он меҳмон хост ба он масҷид равему намозро он ҷой хонем. Бинем ҳамон «домлое» ки аз болои кат менишаст рузи чоршанбе ва мардумро «гумроҳ» мекард Эмоми калони масчидҳо будаасту мавъиза мекунад. Аммо афсус ки ин мавъиза набуд балки ёде аз ҷангҳои солҳои 90-ум буду у худ муллоҳоро гунаҳкор мекард. Пас у худаш маълум мешавад мулло набудааст.

У мегуфт ки бе тоқи намоз дуруст нест, бе дуъо намоз дуруст нест- аммо намегуфт ки бе «сатри аврат» дар масҷид дуруст нест, намегуфт ки аз қабр ҳоҷат хостан щирк аст- чун он бе сатрҳову зиёратчиҳо ба у пул медиҳанд. Дар охири мавъиза як муллои дигар эълон кард ки ин ҳафта «хайри» кардаи мардуми зиёратчи ҳамаги 550 сомони шудааст. Мо ҳайрон шудем- охир он руз дустам 500 сомони дода буду имруз ҳар якеамон 100 сомони.

Танҳо мо се нафар қариб 1000 сомони «хайр» кардаем- аммо мардуми дигар мумкин то 20-30 ҳазор сомони ҳамаги ё зиёдтар. Аммо ин мулло на шарме дошту на ҳаёе. Пас маълум мешавад ки хайри меомадаги ба ободии масҷиди «ҳазрати Мавлоно» не- балки ба киссаи ин «ноМуллоҳо» ва сохтумонҳои шахсии онон лозим будааст.

Мардуми «гумроҳ» ҳатто ақли худро кор намефармуданд ки ин қадар пулу моли овардаашонро на аз барои «ризои Худо» ба камбағалону мискинону ятимон хайр кардаанд- балки аз барои «риё» ба 2-3 ноМуллои серу пуре ки аз Ислом дур шудаанд хайр кардаанд. Худованд хайрро ба ятимону мискинону муҳтоҷон фармудааст- на ба сероне чун ин ноМуллоҳо!

Чун дар саҳни масҷид якчанд мошинҳои нави хориҷи истода буду маълум аст аз он муллоҳост. Ин «ноҳазратон» мумкин сохтмонҳое барои худ доранду –маблағро аз зиёратчиҳои масҷид гирифта дар хонаҳои худ сарф мекунанд. Чун ин қадар маблаги бузургро куҷо сарф мекунанд? Ана аз чунин масҷид бояд барои «офатзадагони» селу заминҷунби пул гирифт- чун мумкин ҳар мох садҳо ҳазор сомони пул ғун шавад.

«Гумроҳон»-ро ин номуллоҳо бо афсонаҳои худ ба Щирк мебаранду парвое надоранд. Пас фарқе аз он «дарахтпарастон»-у ин «қабрпарастон» дар чист? Он бечора соҳибони «қабр» худ муҳточи дуъоанду ҳатто ба ин гуна «ноМулло» нафрат доранд. Аммо таассуф аз он мекунам ки гар ба онхо бигуи ки ин ҳочатхоҳи, шифохоҳи ва фарзандхоҳи дуруст нест- даррав мегуянд ки:

- Ту ақидаи ваҳҳоби дори! Ту ақидаи салафи дори! Ту аз мазҳаби Эмоми Аъзам хориҷ шудаи!

Пас тибки ақидаи соҳибмазхабамон Эмоми Аъзам оё ин ъамал мумкин аст?- албатте не! Бошад аз қуръону Суннат ва ё навиштахои Эмоми Аъзам ягон далел пас ба мо ҳам пешкаш кунед то хатои худро ислоҳ кунем. Аммо тибки фатвоҳои соҳибмазҳабамон Эмоми Аъзам ҳам ин ъамал щирк аст!

Пас ин «ноМуллоҳо» ақидаи худу як ду «ноМуллои» дигарро ки ризқашонро аз қабрҳо мебинанд, ва он ақидае ки шиаҳо пахн сохтаанд- ақидаи Мазҳаби Ҳанафи медонанд. Агар бе тоқи намоз дуруст набошад- оё урён масчид дарои дуруст аст? Ё инҳо муллову муфтии танҳо сокинони «намозхон» ҳастанду халос? Масчидҳоро онҳо моли худ кардаанду дар он ҳам мулло, ҳам муаззин, ҳам хизматгорон хешу таборашон кор мекунанд. Пулу моле ки омад гуиё мардум барои зану фарзанди онҳо додаанд.

Агар дар амале қасди риё ва сумъа бо қасди тоату ибодат зоҳир гардад, яке аз он ғолиб ояд ё ҳарду мусовӣ бошанд, албатта ин савобро ботил ва гуноҳро пайдо мекунад, чунки дар "ҳадис” омадааст.

Ривоят шудааст аз Расулаллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам:

« Шахсе ъамалеро барои ризои Аллоҳ таъоло ба ҷо овард ва ҳамзамон боз каси дигареро ба ҷуз Худованд шарик донист, пас бояд ки савобашро аз ғайри Аллоҳ таъоло дархост намояд, ба дурусти ки Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст. Яъне ба щирк Аллоҳ таъоло ниёз надорад, ки ба ҷуз ӯ дар иҷрои ъамал каси дигаре шарик дониста шавад. Аллоҳ таъоло амалеро қабул мекунад, ки хос барои ризои ӯ бошад. Дурӯягӣ дар иҷрои амал нашояд».

Ҳамин ҳадис барои он ноМуллоҳо як далелест аз ақидаи хатову щиркияшон. Чун онҳо аз ақли худ мегуянд ки:

-Шумо албатта дар дуъо мурдагони солеҳро миёнарав қарор диҳед! Чун онон поку бузурганд ва шумо гунаҳкор! Дуъои бе «миёнарав» кардаи шумо қабул нест!

Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст- у ниёз ба миёнаравон надорад. Ин шиъаҳоянд ки ақли худро аз Куръону Суннат боло медонанду ба чунин щирк ру овардаанд. Мо пайравони аҳли суннат бояд донем ки ҳар ҳоҷате ки дорем худ аз Худованд дар дуъо бихоҳем- ин аст Ислом! Инро Худованд дар «каломаш» фармудаанд- ва Паёмбари Ислом (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) зиёд дар аҳодисаш таъкид намудаанд.

Ислом он ъамалҳоест ки Худованд ва Паёмбараш фамудаанд- на он ақидаҳои куфрие ки зиёд миёни мардумон имрузҳо паҳн шудаанд. Ҳар ақидае ки пас аз садсолаҳо пайдо шудаанд- аз Ислом нест. Балки онро душманони Ислом паҳн сохтаанд- то мардум аз «Тавҳид» дур шаванд ва баргарданд ба ҳамон ақидаҳову бовариҳои замони «ҷоҳилийят»!

Пас уммати Исломро мебояд ҳар ъамалу хайре ки кунанд- онро аз «риё» дур кунанд. Чун ъамале ки ба хотири Ризои Аллоҳ шавад бояд бе риё бошад. Тоъату ъибодат ҳам ҳамчунин танҳо барои ризои У (ҷ. ҷ) бошад.

тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):

"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)

Дуъо ки ъибодат бошад- ъибодати ба ғайри Аллоҳ (ҷ. ҷ)щирк аст. Пас ки ба ин ноМуллоҳо иҷозат дод ъибодатро ба ғайри Худо кунанд ва мардумро аз Исломи асли дур созанд? Маълум мешавад ки ин як намуд мардумфиребист! Сабаби «мансуқ» шудани дигар динҳои осмони ҳамин «зиёдарави ва щирк»- ҳо шуда буд ки дар ъамали он ноМуллоҳои сари қабрҳо мебинем.

Пас ҳар як нафаре ки ҳоҷат дорем донем ки Ъибодат(дуъо) танҳо ба суи Худованд бошад қабул аст- ва илло суи махлуқ бошад «щирк»! Худованд дар ояҳои қуръони ва Паёмбар дар аҳодисхои зиёдаш мефармоянд ки ҳоҷат аз Худо хоҳед, фарзанд аз Худо хоҳед, кушоиш аз Худо хоҳед- аммо боз ҳам ёфт мешаванд нафароне ки роҳҳои щиркиро пеш мегиранд.

Зиёратгоҳ албатта равед то дар ҳаққи он гузаштагон шумо худ дуъо кунед – чун онҳо муҳтоҷи дуъоанд ва дигар ба ҳеҷ ъамале қодир нестанд. Инро ҳеҷ кас ҳақ надорад манъ кунад- Аммо дуъоро (ъибодатро) танҳо ба суи Аллоҳи қодиру Тавоно кунем:

Дар ҳадиси «қудси» омадааст: «Бандаам модоме, ки ъамалҳои нафл мекунад, ба ман дар наздик шудан аст, то он ки уро дуст дорам. Чун уро дуст доштам, самъи(гуш) у мешавам-ки бо он мешунавад ва басари (чашм) у мешавам- ки бо он мебинад, ва дасти у мешавам-ки бо он мегирад ва пои у мешавам- ки бо он меравад. Агар маро суол кунад, ато мекунам ва агар ба ман паноҳ ҷуяд, паноҳ медиҳам». (Ба ривояти Бухори).

Дар қуръон ҳамчунин Худованд фармудааст:

«Чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд, бигу, ки ман наздикам ва ба нидои касе, ки маро бихонад, посух медиҳам.»

(Бакара:186).

Ҳамчунин мо бандагон ҳамаруза Фотиҳа мехонему тасдиқ мекунем ки:

-«Фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем!—яъне Илоҳо ғайриТу дигареро намепарастем ва ҳамчунин аз Ту ва танҳо аз Tу ёри мехоҳем»!

Дар кадоми ин ояҳои қуръони ва ё аҳодиси Набави иҷозат шудааст ки гар ҳоҷате дорем, беморем, кушоиш мехоҳем ва ғайра – ба қабристону зиёратгоҳи мурдагон равему ҳоҷат хоҳем? Ва ё бе «миёнарави»-и онҳо дуъо кабул намешуда бошад?

Оё мо аз ин ояҳову аҳодис пайрав шавем ва ё гуфтаи ким кадом «ноМуллои» дуруғгуеро ки барои киссаву «нафси палид»-и худ ҳаракат мекунад мардумонро фиреб диханд пайрави намоем?

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:

لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتْ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدٌ، فَقُولُوا عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ رواه البخاري

«Маро наситоед(парастиш накунед), ҳамчунон, ки Насоро ибни Марям (Исо)ро сутуданд, аммо ман бандаам, пас бигўед, бандаи Худо ва расули Ў». (Бухорӣ).

Расули Худо ки фармудаанд ки маро ситоиш накунед- яъне пас аз ман аз ман ҳоҷатхоҳи накунед, ба ман ъибодат накунед. Балки аз Холиқи Ман ҳоҷат бихоҳед!

Пас ба қабри Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки ин ъамалҳо щирк бошад- ба ин қабрҳои дигар «азизони Худо» чист!? Оё ин щирк нест?

Он тарафашро худатон фикр карда ъамал кунед ва ба ҳеҷ як дуруғгуву риёкор бовар накунед- чун мо пайрави Куръону Суннатем на пайрави гап гапи мардуму дуруғгуён!!!

Хоҳед ки Аллоҳ (ҷ. ҷ) шуморо муваффақ намояд танҳо ва танҳо пайрав аз Каломаш бошед ва аъмоли Ҳабибашро сархатти зиндагии худ қарор диҳед!

Худованд дар каломаш бар мо мефармояд:

«Чизҳоеро, ки паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).

Ва низ Худованд фармуданд:

«Дар ҳар чизе, ки ихтилоф дошта бошед доварии онро ба Худо вогузор мегардад». (Сураи Шуро:10)

Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи раббил ъоламин!


 
 
 

Комментарии


Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page