top of page

Аз Аллох бипурс махрум нахохи шуд!

  • Садриддин.
  • 23 янв. 2017 г.
  • 10 мин. чтения

Аз Аллоҳ бипурс-маҳрум нахоҳи шуд!

Ду киссае ки дар ҳамин шабу руз аз сари нафароне гузаштааст ки бо мо ё ҳамшаҳранд ва ё ҳамватан. Қиссаҳое ки бояд дарси ъибрат шаванд ба нафароне ки аз чизе ноумед шудаанд. Қиссаҳое ки ъибрат ба бенамозон хохад буд, ъибрат ба нафароне ки ҳочат аз «гайри Аллоҳ» металабанд!

Қиссаи аввал:

Як дусти хело наздике дорам ки дар як корхонаи хамин ватанамон кору фаъолият мекунад. Соле пеш уро ба вазифаи рохбарии шуъбаи фуруши маҳсулоти он корхона равон карданд. Акнун аз забони у мешунавем:

- Солҳое ки дар саршуъба кор мекардам зиёд аз кори ҳама шуъбахо хабар мегирифтам ва баъзан тренингҳо мегузаронидам. Дар якеи он шуъбахо духтараке кор мекард ки шояд сину солаш ба 23-24 расида буд. Он духтар духтари хубтарбияе буд, бахудаву бехуда бо хамкорон зиёд сухан намегуфт, хатто ба тую маъракахои хамкорон намерафт.

Аммо у шавхар надошт. Чун маро ба сардории шуъбаи онхо соли гузашта гузарониданд ман аз хамкорон шунидам ки ин духтар акнун намоз мехонад. Ин духтар баъзан бар замми ин намозхони назди фолбину «китобкушо»-хо мерафтааст. Сабаби хамаи ин он ки у мехохад бахташ кушода шаваду шавхар кунад.

Як руз ба агенти ман (майл агент) ин духтар навишт ки:

- Раис аз шумо як хохиш дорам. Илтимос маро рузи чумъа чавоб медодед. Чун хонагихо мехоханд ба Кулоб равем.

Рости ман он кадар бо коригарон сухан дароз намекардам-аммо дарк кардам ки ин духтар боз назди кадом фолбине рафтанист. Пас пурсидам:

- Тенчи будааст дар Кулоб?

- Ха раис! Хонагихо мехоханд ба зиёратгохи хазрати Султон ва хазрати Эмом Аскара ва хазрати Амирчон раванд. Як хешамон микроавтобус дорад ва у мехохад духтаронашро ба он чой барад. Мо хам бо онхо меравем!- чавоб навишт у.

Навиштам :

- Гар зиёрат барои дуъо кардан ба рухи хазратхо рафтани бошед рафтани шумо зарур нест. Падар ё бародаратон рафта дуъо кунад ва дуъои шуморо хам расонад.

Он духтар дигар хомуш монд ва чизе нанавишт. Ман фахмидам ки у андухгин шудааст. Пас барояш навиштам:

- Ман медонам ки шуморо кадом нафаре насихат кардааст ки ба сари кабри фалон азизон рафта дуъо кунед бахтатон кушода мешавад! Хамин тавр не- ё ман хато мекунам? Росташа гуед!

- Раис! Як домло моро насихат кард ки сари кабри хазрати Мавлоно, Амирчон, Султон ва эмом Аскара равем бахтамон кушода мешавад. Хазрати Мавлоно рафтем се дафъа- акнун он се тои дигар мондаги.- чавоб навишт у.

Маро ин навиштахо сахт хашмгин сохт. Дуру дароз чизе барояш нанавиштам. Ачаб замоне шудааст ки домлое ки бояд мардумро аз Ислому Эмон хабардор кунад- барьакс мардумро ба щирку куфр равона месохтааст. Мулло ки аз «Тавхид» бехабар бошад аз ин бечорахо чи гила? Навиштам:

- Хохар! Як насихат мекунам бароятон-агар маро гуш кунед хам бахтатон Ин Шо Аллох кушода мешавад ва хам эмонатонро саломат мебаред. Рафтани сари кабри азизон барои хочат куфр аст, щирк аст! Оё хамон домло (ноМулло) нафармуд ки намози «хочат» «истихора» «тахаччуд» хонед, ину он дуъои муборакро кунед?

- Не раис! Фармуданд ки гусфанд биёр бурдем, матоъ фармуд бурдем, сари кабри хазрати Мавлоно се маротиба рав рафтем- аммо хеч дигаргуние нашуд. Хостгорхо 1-2 нафар меомаданд ва боз гум мешуданд. Ана домло фармуд ки ба сари кабри ин азизон равем дигар бахтамон пурра кушода мешавад. Он домло хам бо мо меравад то тарзи дуъову хочатталабиро ба мо омузад.- навишт у.

Маро кахру ғазаб ва хайратам аз чунин ноМулло зиёдтар шуд ва навиштам ки не ичозат намедихам. Балки рузи шанбе бояд ба «акция» барояд-аммо максадам ин ки у ба сари кабрхо наравад ва ба щирк руй наорад.

Рузи душанбе ман 1-2 китоби намозхо ва дуъохои муборакро овардаму он духтарро ба наздам хонда ба у таслим намудам. Ба у насихат кардам ки:

- Хохар намоз мехони аммо «сатри аврат» намекуни. Хеч не руймоли точики кун. Ин намозхоро рузу шабон зиёд бихон ва ину он дуъохоро зиёд бикун. Инро Худову Расулаш (ﷺ) фармудаанд. Аммо сари кабри он азизон рафтан бехуда аст- чун онхо ба хеч чиз кодир нестанд.

- Раис! Рахмати калон барои ин китобхо. Охир ман намоз мехонам магар он кифоя нест? Ё барои хочат ин намозхо зарур аст?- пурсид у.

-Бале хохар! Ин намозхоест ки нафарони хочатманд зиёдтар дар шабхо мехонанд ва аз Худованд мадад мехоханд. Хар нафаре ки бо «ихлос» ин намозхоро хонад ва дар дуъову тазарруъ аз Аллохи Мехрубон хочат хохад бенасиб нахохад монд. Чун бахту тахтро Аллох ато кунад на фалон «азизаш» ки бечора мухточи дуъои мост!- чавоб гуфтам ман.

Он духтар бо шавку завк он китобхоро гирифту рафт. Рости кам кам аз ман аз он чи ки намефахмид бо «агент» мепурсид ва ман мефахмондам. Бинам рузе руймол мекардаги шуд. Баъзан руза мегирифтаги шуд- чун аз ман тарзи гирифтани рузахои нофиларо мепурсид. Охиста охиста тарзи либоспушиаш хам пурра дигар шуд.

Шукронаи Аллох се мохе пас моро ба туй даъват намуданд- ба туи он духтар. Аммо афсус ки дар ресторан туй буд ва ман ба он нарафтам. Он духтар як моха отпуск гирифт ва пас аз мохе ба кор баромад- аммо у дигар дар сар руймоле надошт. Он руз у ба ман навишт ва зиёд миннатдори намуд. Ман дар чавоб навиштам ки:

- Хохарчон! Руймол кучо шуд? Охир Худованд шуморо бахт доду ин хуб нест ки фармудаи У-ро фаромуш созед. Балки акнун зиёд намоз хонед ва вакти холи намозхои шукрона хонед ва дуъо кунед?

- Шавхарам мехоханд ман руймол накунам. Оилаи онхо ба истилох «совеременний»-янд. Аммо намоз мехонам раис!- чавоб навишт у.

-Магар ба шумо бахт лозим шуд аммо фарзанд лозим намешавад? Баракоти зиндаги, зиндагии хушу хурсанд лозим намешавад! Охир ин хамаро Худованд ато менамояд хохар! Ба чои он ки шавхаратон шуморо аз тоъату ъибодат гардонад- хубаш шумо уро даъват ба тоъату ъибодат кунед ва якчо аз Худованд фарзандони «солеху солеха» ва хушихои зиндагиро хохед!- насихат кардам ман.

Рузи дигар у боз руймоли калоне ба сар дошт. Муддати дарозе ман бо у сухбат надоштам. Ба наздики ба наздам хуччатхоеро дароварданд то ман чун сардори шуъба имзо кунам. Бинам ин ба «декрет» баромадани хамон хохари эмони аст. Зиёд хурсанд шудам ва Худовандро шукр гуфтам ки ин хохарро «би изниЛЛох» аз рохи хато ба рохи «Хак» баргардонидан сабаб шудам.

Ин кисса ъибрат бояд ба нафароне бошад ки хочате доранду онро аз «ғайри Аллох» металабанд! Донанд ки аз Аллох талабанд хам муваффак мешаванд ва хам савоб хосил хоханд кард- ва илло аз ғайри Аллох бахту тахт, ризку рузи, баракоти зиндаги, шифову озоди аз карз талабанд гунохи азиме ба худ хоханд гирифт!

Қиссаи дуввум:

- Як бародар пеш аз мохи шарифи Рамазон зиёд аз дарди гурдахо азоб мекашид. Як руз «приступ»-и сахте уро гирифту ба муоинаи духтур рафт. Пас аз муоина маълум шуд ки дар гурдаи чаппаш санг доштааст ва агар онро бо чаррохи нагиранд он калон мешавад. Ин бародар ки кори сохтмон мекард сахт андухгин шуд.

У ба худ нийят кард ки то ба рузи чаррохи руза мегираду он тарафаш харчи Аллох хохад он шавад. Чун маошаши 3 мохаашро муддате дер карданд у аз чое пул нагирифт ва интизор буд маоши 2-3 моха корашро гираду чаррохи карда он сангро гирад. Ин бародар худ мегуяд ки:

- Баъзан аз гаму андух кариб ки хурок намехурдам- аммо хама вакт зиёд об мехурдам. Ғаму андухам аз он буд ки худам каме карз доштам ва ин пулхои маошро мехостам пули карзамро баргардонам. Аммо шукронаи Аллох руза доштам ва шабона хам намози хуфтану таровех мехондам ва хам баъзан намозхои шаб- ва аз Аллохи Мехрубон мадад мехостам.

Дар ин 10-12 руз он бародар хело хароб шуда буд. Инак у мачбур шуд рафта бо духтури чаррох маслихати рузи чаррохиро кунад ва маблаги онро. 4 руз пас у бояд ба беморхона хоб мекард- аммоооо……………….

Он накшае ки мо бандагон дорем хеч аст назди накшае ки Худованди Бенихоят Мехрубон нисбати мо дорад. Он шаб хангоми намози таровех ки дар он хатми Курьон мешуд дар ракъатхои охир ин бародарро дарди сахте гирифт. У дигар токат карда натавонисту давон давон ба хона рафт. Дар хона якбора ду доруи зидди дардро хурд аммо дард кам намешуд. Сипас у ба назди хамсояашон рафт то ба у сузандору (укол) кунад то дард кам шавад.

Субхи барвакт ин бародар мегуяд ки боз руза гирифтам-чун дард кам шуд. Аммо он сахар боз ба назди духтур рафтам чун дар пешобам хун пайдо шуд. У фармуд ки муоина равам. Замоне ки у муоинаро медид механдид ва ба ман гуфт:

- Додарчон! Худованд туро мадад кардааст ки бе чарохи он санг афтидааст. Ду хафта пеш гирди он сангро равғани гурда пурра махкам карда буд- аммо имруз он равған нест. Санг хам озод шуда афтидааст.

Ин замон он бародар мегуяд ки ғаму андухи рузхои охир ба хурсанди табдил ёфт. Он рузае ки ман доштам сабаби хароб гаштан ва об шудани равғани гурда гаштааст. Чун ман об зиёд мехурдам он руз санге ки озод шуда будааст бо хамрохии об аввал ба рохи пешоб ва сипас хорич шудааст.

У акнун хушу хурсанд ин мохи Муборакро руза гирифт ва шабонгох намози «шукрона» мехонду Худовандро шукр неъмати додааш мекард. Чун он рузаи бо «ихлос» доштааш сабаби хам афтидани санги гурда шуд ва хам аз сарфи маблағе ки барояш бузург буд озод шудан гашта буд.

\\\\\\\\\((((((((((((((((////////////////)))))))))

Ъибрат:

Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:

-«Дуъо ин яроқи муъминон , пояи дин ва рушноии осмону замин аст»! Муъмин медонад ки чи қувваеро дорост ин дуъои бо «ихлос»-у аз сидқи дил - дуъое ки танҳо ва танҳо ба суи Холиқи Якто равона шудааст! Холиқе ки ҳама олам тобеъи У-ст ва даргаҳи У-ст бениёз!

Худованд фармудааст то ҳар ҳоҷате ки дорем худ ду ракъат намози нофила хонем (албатта пас аз адои фароиз) сипас дасти ба «дуъо» бардорем ва аз Холики худ мадад хоҳем. Худованд дар хадиси «Қудси» фармудааст ки:

- «Ман шарм медорам дасти чунин бандаамро холи баргардонам».

Яъне имрузхо гар якеи мо хочату мушкиле дошта бошем албатта ноумед нагардем. Балки пас аз адои намозхои фарзи дар шабонгох ғусл ва ё тахорати хубе созему дар намозу дуъо аз Худованди Бениёз халли мушкили ва хочот талабем. Инро Худованду Расулаш мефармоянд!

Паёмбар (ﷺ) дар хадиси муборакашон фармудаанд:

«Алло Таъоло дар ҳар шаб ба суи осмони дунё фуруд меояд, ва ба суи бандагонаш нидо мекунад: «Кист касе,ки маро дуо кунад,-пас ман дуоашро мавриди иҷобат бигардонам. Ва касе, ки аз ман ҳоҷаташро пурсад- пас ман ҳоҷаташро бибарорам. ва касе, ки аз ман талаби бахшоиши гуноҳҳо кунад- пас ман гуноҳҳои уро бибахшам». (ат-Тирмизи)

Ин хохари Эмони ки бо сабаби ин бародар аз рохи куфру щирки гашту рохи ростро пеша кард бинед ки дар муддати кутохе Худованд бар у бахт ато фармуд. Аммо афсус зиёди бандагон дар вазниниву мусибат Худовандро ёд мекунанд, дар тенчиву амони фаромуш - ин хохар хам туяшро дар рохи Шайтони дар тарабхона кард, руймолашро як су партофт. Шукронаи Аллоҳ ки боз ин бародар сабаб гашту у аз хатояш гашт ва инак Худованд уро фарзанд ато намуд!

Аммо афсус аз барои пулу молу матоъ мардумоне ҳам хастанд ки худро дар никоби «мулло» дароварда сабаби гумрохии дигарон мешаванд. Инхо «ғараз» доранд- яъне пулу мол мехоханд. Ин «ғараз»- ин онхо сабаби пайдо шудани зиёд аъмоли куфри шудааст, сохтани кабру зиёратгохе ки мардум аз он хочат хоханд шудааст, акидаву аъмоли куфрии зиёде шудааст.

Бубинед ки аввалин маслихате баъзе ин ба ном мулло ба хочатманде медиханд чист:

- Сари кабри фалон азизи Худо рав. Гусфанд бар, пулу матоъ ва канд хайр кун. Аз тарафи рост тавоф кун- ва аз болои кабр нишаста хочататро бигу. Гар се маротиба рави хочатат бароварда мешавад!

Намефармоянд ки намози «хочат» бихон, «истихора» бихон, «тахаччуд» бихон, худат дуъову тазарруъи зиёд ба «даргохи Илохи» бинамо! Намегуянд ки инро Худованд дуст дорад. Чун инро ки мардуми «омми» бидонанду ъамал кунанд -пас ки гову гусфанд меорад ба ин ноМуллохо? Ки канду хурока меорад ба ин ноМулло? Ки пулу пайса медихад ба ин ноМулло?

Баъзе «номуллоҳое» ҳастанд ки ин замони мо худ ақидаи он ки «мурдагони солеҳ» қодиранд ёри расонанд аз қавли ягон номуллое ба мардум таъкид мекунанд. Аз онҳо «далел» пурси аз Қурьону Суннат- мегуянд ки не ин ақидаи фалон «ҳазрат» аст ки як аср пеш ё ду се аср пеш гузаштааст (НаъузубиЛлоҳ) - ин хам ақидаи «куфр» аст!

Чун Худованд Худ дар каломаш мефармояд:

-«Ҳаройна, ту наметавони мурдагонро шунаво сози» (Намл 80)'

Гуиё ки он «азизони Худо» ки дар кабранд ба пулу молу гову гусфанд мухточанд! Ачоиб! Гар онхо мухточанд- шумо акл надоред ки аз «мухточ» хочат металабед? Дар асл он ноМулло ризқу рузиашро аз он қабрхо мебинад, сохтмони хонахояшро аз хисоби зиёратчихо мекунад, барои худу фарзандон аз хисоби зиёратчихо мошинхои ранго ба ранг мехарад.

Албатта дастгири кардани олимони Ислом бехтарин ъамал аст. Чун гар мо онхоро дастгирии моли кунем онхо метавонанд китоб нависанд, ъилми худро сайқал диханд, шогирд тайёр кунанд. Инро Паёмбар (ﷺ) фармудаанд. Аз дастгирии олимони «Ҳақгу» мо савоб хосил мекунем. Аммо дастгири танхо «Ҳақгуён»- на «дуруғгуён»!

Дастгирии он нафароне ки болои кабрхо нишаста мардумро ба куфру щирк мебаранд барьакс гунохест азим. Чун пулу моли зиёратчихо сабаб гаштааст ки ин ноМуллохо хар руз як дуруги наве мебофанд:

- хазрат фалониро дар хоб чаррохи кардаанд! Хазрата гахвораш аз осмон омадааст! Хазрат дар зиндаги «ъилми ғайбро» медонистаанд! Хазрат хар хафта паррида рафта дар Макка Мадина намози чамоъати мардумро хонда медодаанд!- ва ғайра овозаву боварихои щирки!

Паёмбари Худо (ﷺ) ъилми ғайб намедонистанд, гахвораш аз осмон наомад, худ напарид балки болои «Бурок» аввал ба масчиди Аксо ва сипас ба суи Худованд парвоз кард- аммо ин дуруғгуён дуруғеро мебофанду он бечора дар кабр будахоро аз Паёмбар (ﷺ) боло медонанд! Афсус боз хастанд нафароне ки ин овозаву дуруғхоро бовар мекунанд ва ба ин ноМуллохо пулу мол мебаранд. Хатто ки худ мухточанд, карздоранд- аммо карз мекунанду ба ин ноМуллохо ранго ба ранг молу матоъ ва канд мебаранд.

Хамин баъзе мардум сабаб шудаанд ки дигар дар чомеъа дуруғгуёни зиёд худро «мулло» номида сабаби гумрохии мардумон гаштаанд. Чун онхо «дасташонро ба оби хунук намезананд»-у лагандбардороне доранд ки табак табак таъомашон меоранд, пулу гову молашон меоранд, сабаби бой шудани онхо гаштаанд. Дар асл инхо мулло нестанд- ноМуллоанд!

Чун мулло бояд пайрав аз Паёмбар(ﷺ) ва асхобаш ва бузургони зинданоми Ислом дошта бошанд ки: то якчанд руз гурусна мегаштанд, гар ягон дирхаме ба дасташон меафтод даррав онро хайр мекарданд, 1-2 либоси кухнае зиёд надоштанд, аз дунё руй гардонида буданд.

Аммо инхо то се чор табак таъоми ранго ба ранг нахуранд меранчанд аз маъракадор, камтар пул камтар дихад маъракадор то хатто онро кам аст гуфта намегирад, хар яке се чор хона ва мошинхои кимматбахо доранд. Аммо гуиё ки закот барои инхо нест, хайру саховат барои инхо нест, ифтор додани рузадор барои инхо нест! Инхо шарм надошта мефармоянд ки хатто фитри руза ки хакки мискинон аст ба инхо диханд, закоти молро ба инхо диханд!

Акнун аз қиссаи дуюм шумо бояд дигар ъибрате ки гиред ки Худованд харкиро ки хохад шифо медихад ва неъматхояшро арзони ато менамояд. Ин бародар бахона накард ки «дах руз пас чаррохи мешавам-бояд руза нагирам»- балки то он руз руза гирифт ва Худованд уро аз он дарду ранч озод кард.

Худованд «бениёз» аст- ва молу мулки беохир назди У-ст, шифо назди У-ст, бахту тахт назди У-ст, баракот назди У-ст. Ҳар киро дуст дорад ато хоҳад кард. Он бандагоне ки бо ихлос тоъату ъибодат хоҳанд дошт, аъмоли хайр хоҳанд кард - дар тангиву мушкили ноумед нагашта худ намозҳои нофила хонда дар дуъову тазарруъ аз У бипурсанд бешак атояшон хоҳад кард.

Банда бояд ҳама вакт умед ба Раҳмати Илоҳи дошта бошад. Ноумед нагардад чун ин сифати шайтонист ноумед шудан. Афсус баъзе нафароне ҳастанд ки бандагони Худоро дар дилашон шубҳа меандозанд ки: «ту худ дуъо накун- балки байни худу Худованд васила (миёнарав) бигир мурдагонро», «ту аз гуноҳ пок нести худат дуъо накун» ва ғайра……

Суфиён ибни Ийина мегуяд:

-«Чун дар худ бадие эҳсос мекуни, натарс, ки ба сабаби он дуъои туро Худованд ичобат намекунад. Худованд дуои бадтарин халк, иблисро ичобат кард, ҳангоме ки гуфт: -<< Бар ман то рузи зинда шудан(киёмат) муҳлат бидех,>> (сураи Аьроф, ояти 14).»

ва Худованд дуъои уро пазируфт ва ба он «палид» муҳлат дод. Ин далелест барои он нафароне ки мегуянд ки ту худ гунаҳкори –худат дуъо накун ва аз Худованд ҳочат талаб макун!

Пас шумо бандагони ноумед мабошед. Гар гунаҳкоред, бенамозед, аз хайру саховат дуред- аз сидки дил тавба намоед чун Худованд Ғафуру Раҳим аст бахшиданро дуст медорад. Чун аз гуноҳу исьён ки пок шудед ҳар ҳочате ки доред аз Худованд бихохед ин шо Аллоҳ бенасиб нахоҳед монд!

Дар Паноҳи Аллоҳи Бузургу Тавоно бошед!


 
 
 

1 комментарий


umar shetty
umar shetty
13 авг. 2024 г.

Оё шумо имкони фурӯхтани гурдаҳои худро бо пули нақд дар пайи бӯҳрони молиявӣ меҷӯед ва намедонед, ки чӣ кор кунед? Имрӯз бо мо тамос гиред ва мо ба шумо барои гурдаатон 400 000 доллари хуб пешниҳод хоҳем кард


Почтаи электронӣ: doctorumarclinic@gmail.com

Сайтҳо: +31 684911709

Telegram: +31 684911709

Вайбер: +31 684911709


Мо ба шумо барои гурдаатон маблағи хуб пешниҳод мекунем.

Номи ман доктор УМАР Ман нефролог дар клиникаи УМАР ҳастам. Клиникаи мо дар ҷарроҳии гурда тахассус дорад ва мо низ табобат мекунем

Хариди ва трансплантатсияи гурда бо

Донори мувофиқ.

,

Мо дар Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, Нигерия, Иёлоти Муттаҳида, Малайзия, Дубай, Кувайт ҷойгирем


бодиккат

Доктор УМАР

Лайк
Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page