top of page

Имонатон чуш мезанад!

  • Саидчон
  • 23 янв. 2017 г.
  • 4 мин. чтения

Имонатон ҷуш мезанад! Аз Абуҳурайра ( разиАллоҳу ъанҳу ) ривоят аст ки Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) фармуданд :

- Худованд Фариштаҳое дорад ки дар роҳҳо ( Замин ) мегарданд ва аҳли зикрро ҷустуҷу мекунанд. Ҳар гоҳ гуруҳеро диданд ки Худоро ёд мекунанд якдигарро садо мезананд ва мегуянд : - Биёед он чизеро ки ҷустуҷу доред ( маҷлиси зикр ) ин ҷост. Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъАлайҳи ва саллам ) фармуданд : -Фариштагон атрофи онро мегиранд ва бо болҳояшон онҳоро то Осмони Дунё мепушонанд (муҳофизат мекунанд ) ". Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) фармуданд : -Сипас Парвардигор дар ҳоле ки ба (аҳволи ) Бандагонаш аз ҳар Касе донотар аст аз Фариштаҳо мепурсад : -Бандагонам чи мегуянд ?

Фариштаҳо ҷавоб медиханд :

- Худоё! Туро тасбеҳу такбир ва тамҷид мегуянд ва сипосу ситоиши Туро ба ҷой меоранд . Худованд мефармояд :

- Агар Маро медиданд чи (ҳолашон чи гуна мешуд ) ? Фариштагон мегуянд :

- Агар Туро медиданд бештар аз ин ъибодат менамуданд ва бештар аз ин Туро тасбеҳ мегуфтанду сипосу ситоиш менамуданд. Худованд мефармояд :

- Аз Ман бандаҳоям чи мехоҳанд ? Фариштагон мегуянд :

- Аз Ту Биҳишт мехоҳанд. Худованд мефармояд :

- Оё онро дидаанд? Фариштагон мегуянд :

- Не Парвардигоро , Биҳиштро надидаанд. Худованд мефармояд :

- Агар Биҳиштро медиданд чи (ҳолашон чи гуна мешуд ) ? Фариштагон мегуянд :

- Агар онро медиданд шавқашон барои он бештар мешуд ва бештар аз ин талабу майл менамуданд. Худованд мефармояд :

- Аз чи чизе ба Ман паноҳ металабанд ? Фариштагон мегуянд :

- Аз оташи Ҷаҳаннам. Худованд мефармояд :

- Оё онро дидаанд? Фариштагон мегуянд :

- Не онро надидаанд. Худованд мефармояд :

- Агар онро медиданд чи (ҳолашон чи гуна мешуд ) ? Фариштагон мегуянд :

- Агар онро медиданд бештар аз ин аз он фирор мекарданд ва бештар аз он метарсиданд. Пас Худованд мефармояд :

- Эй Фариштагон, Шуморо гувоҳ (шоҳид) мегирам ки Онҳоро бахшидам. Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд : Яке аз Фариштагон мегуянд : - Худоё! Дар байни Онҳо касест ки аз ҷумлаи Онҳо нест ( яъне, ба мақсади зикр дар миёни Онҳо нанишастааст), балки барои кори дигар ба назди онҳо омадааст. Худованд мефармояд : - Онҳо бо ҳам нишастаанд ва дар як маҷлис ҷамъ мебошанд ва Касе ки ҳамнишини Онҳо бошад аҳли шақоват ( бадбахт ) нахоҳад буд!

(ҳамнишини аҳли зикр агарчи нияти зикр надошта бошад ҳам аз баракати зикр баҳраманд мегардад ). ( Бухори )

Ъибрат:

Бубинед, ки Худованди Арзу Само чи ваъдаи неке бар бандагони аҳли зикр намудааст, ки ҳар яки мо бандагон муштоқу талабгори онем. Дар асл Худованд мо бандагонашро назди Фариштагон мартабаамонро баланд бардоштааст.

Яъне гар мо бандагон аҳли тоъату ъибодат, аҳли хайру саховат, аҳли зикр бошем Худованд моро аз Фариштагоне, ки як ъумр дар тоъату ъибодатанд, аз гуноҳу исьён дуранд болову авло гардонад. Чунки мо бандагон нафс дорем Фариштагон надоранд- нафсе ки гар онро мутеъи ақл гардонем ба ин мартабаи боло ноил хоҳем шуд.

Аммо гар барьакс ақли худро мутеи нафс гардонед- ин нафс шуморо шармандаву расво хоҳад кард. Чунки нафс дар асл ҳеҷ гох сер нахоҳад шуд. Ин нафс аст, ки моро ба истифодаи ҳарромкардаҳои Илоҳи бибарад, ин нафс аст, ки дар баъзе бандагони пулу молдорро, бандагони ҷоҳу мансабдорро ҳисси такаббуру ман маниро пайдо хоҳад кард.

Пас гар нафс ақли одамиро мутеъи худ гардонид одами аз пасттарин ҳайвонот паст гардад. Аммо ба фарқ аз ҳайвоноте, ки болои онҳо рузи Ҷазо саволу чавоб нест- одами аз ҳар як аъмоли кардааш пурсида хоҳад шуд. Барои он ҳама аъмолҳо уро ҷазо интизор хоҳад буд.

Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ҳама руз дуъо мекардаанд ки:

- «Илоҳо! Нагузор то нафс болои ман бошад-балки маро болои нафсам қарор бидеҳ то нафсамро мағлуб созам. Илоҳо нафсамро мутеъи ман бисоз- на маро мутеъи нафсам.»

Ин нафс аст, ки гар ақлро мутеи худ намояд дар роҳи Шайтони Лаъин ёвару дастгир шавад. Нафсе, ки Расули Акрам (саллалоҳу ЪАлайҳи ва саллам) ва асҳобашон (р.а) аз фитнаи он ба суи Аллоҳ паноҳ металабиданд.

Ин нафси бад аст, ки болои бандагон ғолиб омаду фарзандон волидайни хешро хор кардаанд аз пушти занҳои бадкирдори худ. Нафс аст, ки ҳасад аз доштаи мардумон мехурему руй ба ҷиноятҳо меорем. Нафс аст, ки аз барои вазифаву пулу мол пеши махлуқони Худованд ҳатто суханони щирки ба забон меорем.

Бузургон вобаста ба ин ҳадиси Қудси дар мавриди нафаре, ки дар маҷлиси аҳли зикр менишинад чи зебо моро насиҳати падаронае кардаанд:

«Ҳамнишини (дусти) солиҳ чун атрфурӯш аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, дар ту овезад (буи хушаш дар либосу димоғи ту бимонад ) ва ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар шарораи оташаш ба ту нарасад ҳам, бӯи бадаш озорат медиҳад».

Ин ҳадису ин насихатҳо як маъни доранд, ки:

- Гар дусту ҳамнишини нек, парҳезгору Худотарс интихоб намоиву дар маҷлису мавъизаи онхо бинишини- гар худ олиму доно нагарди ҳам баъзе феълу атвори нек туро ҳам пайдо гарданд. Дар ту ҳисси бадбини нисбати ҳарромкардаҳои Илоҳи албатта пайдо хоҳад гашт.

Чуноне ки дукони аттор медароиву атр намехари вале буи форами атраш дар либосу димоғат боқи хоҳад монд. Аз буи хуши дукони аттор дар ту албатта хушҳолие пайдо гардад. Дусти нек бо феълу атвори нек туро ба суи аъмоли нек бибарад ва Ин Шо Аллоҳ сабаби ҳидояти ту гардад!

Аммо дусту ҳамнишини бад чун оҳангарест, ки ба дуконаш даромади аз алангаи оташи он шояд либосат сурох гардад- ва агар сурох ҳам нагардад буи ғализе дар тану димоғат боқи хоҳад монд! Он буи ғализ муддате аз димоғат дур нахоҳад гашт.

Дусту ҳамнишинони баду арақхуру зинокор, дусти бетоъату ъибодат ва бе хайру саховат ҳар ъамали баде ки карданд дар ту ҳам осори он бимонад. Гар худ ҳам чунин аъмол надори –аммо рузе уро пайрав хоҳи гашт ва ё наҳсии аъмоли бади у ба ту ҳам кора кунад!


 
 
 

Комментарии


Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page