top of page

Аз чунин пешво набуданашон бех!

  • Бандаи Худо.
  • 24 янв. 2017 г.
  • 9 мин. чтения

НоМуллоҳои замон!

Як меҳмоне аз қафкоз меҳмон шуду рузҳои чоршанбеву ҷумъа ба масҷиди Мавлоно Яъкуби Чархи(9-ум км) рафтем. Аз дари масҷид дароем як марди риши калондоре ки мулло будааст таклиф кард ба ҳуҷраи у гузарем то «тумор» диҳад ва ё дуъо хонад (гуиё у «клиент» меқапида бошад). Ту ки мулло боши чаро ин тавр «клиент» мепои- рав шин касе ки хоҳад наздат ояд. Гар зан бошад бо маҳрамаш қабул кун.

Он ноМулло (тағои муфтии нохия будааст) занонро танҳо ва бемаҳрам ба ҳуҷраи худ мебурд. Он «ноМулло» парвое намекард ки он зан «бемаҳрам» аст, ё у танҳо бояд бо мулло намонад. Пас у риёкоре буд на мулло - чун аз Ислом хабаре надоштааст. Дар бозгашт бинем ин «ноМулло» як зани дигарро аз дари масҷид бо фиребу найранг ба он ҳуҷрааш гуиё «дуохони» мебурд.

Якчанд моҳ пас як бародар накл кард, ки:

- Ман таксистам. Як руз ду зан савор шуданду ба Мавлоно Чархи рон гуфтанд. Дар роҳ онҳо ба мағозае даромада 1-2 метр шланг хариданд. Пурсам ки барои чист ханда карда гуфт ки: « Мулло бо ин шланг ба баданамон «ДАМ» мекунад.

Ин бародар мегуяд ҳарчанд насиҳат кунам ки хато мекунед-аммо афсус он занҳо мегуфтанд ки «НАХОД ҲАМУ МУЛЛО ЧЕНИ ТУ НАДОНА ДОДАР. У МУЛЛО ТАҒОИ МУФТИИ НОҲИЯАЙ. МО МАҶ БУРЕМ ЧУН ЗАРУРАТ ДОРЕМ»

Мегуяд чун аз дари масчид дароем як муллои ришкалон (ҳамон номулло) бо даст бо ин занон салом карда якеашро танҳо ба ҳуҷрааш бурд. Дигари бошад ба «тавоф»-и қабри Бузургвор рафт. Гашта биёем он ноМулло қаҳ қаҳ зада бо ин зан механдиду ин зани дуввумро ба ҳуҷрааш бурд. Мақсади ин номулло фиреб додани мардум- на аз асли Ислом хабардор кардани онон будааст.

- Ин муллои дуруғгу нест додар. У ҳуҷҷати давлати дорад. Мо 3-4 ҳафта паи ҳам меоем наздаш. Камтар пул зиёдтар талаб мекунад- аммо даму нафаси хуб дорад. У рост гуфт, ки «ҷоду кардаанд моро», «3-4 маротиба дам кунам албатта фарзанддор мешавед», у номрои телефонаша дода гуфт то ба хона даъват намоемаш-аммо шавҳари ман сахт бадрашк аст.- мегуфт он зани аввали.

Ин ноМулло ҳатто фолбини мекардааст ва пешгуи ҳам мекардааст ки «шумо албатта фарзанддор мешавед». Лаънат ба чунин ноМуллохо ки мардумро гумроҳ менамоянд. Ъилми «ғайб» танҳо назди Худо аст ва аммо ин ноМулло парвое аз он надорад ва сухани куфр мегуфтааст.

Дар ТВ медидем, ки ноМуллоҳоро меқаппанд. Аммо оё дар масчиде ки дар ҷахон машҳур аст чунин мумкин бошад, фолбини мумкин бошад, мушкилкушо мумкин бошад? НоМуллои одди не- тағои муфти ки ба ин кор банд бошад чи ҷои гуфтан аз дигарон!

Ҳамон рузи чоршанбе садҳо зану мард ҳатто гирди қабр «тавоф» мекунанд, сутумҳоро буса мекунанд, ришта меовезанд- ки щирк аст чун тавоф танҳо дар Каъбатуллоҳ иҷозат аст. Ҳатто нафаронеро дидем ки болои ҳавзи масчид моҳиҳоро дида дуъо мекарданд. Аммо касе парвое надорад аз ин ъамали щирк. Пас аз тавоф ҳатто баъзе занҳои «ним-урён» дар ру ба руи он «ноМулло» ва ҳатто дар бараш дар як кат мешинанду у ҳатто намегуяд ки:

- Хоҳар ё аппа ин либос мумкин не! Сатри аврат кунед, шарму ҳаё кунед! Аз барам хезед –он стол шинед!

Ба инҳо пул бидеҳи халос. Он руз дусти қафкозии мо 500 сомони хайр кард. Мардуми дигар ҳар яке на камтар аз 20-50 сомони ва ҳатто 100 доллару 200 доллар хайр мекарданд. Баъзеҳо ба пеши он мулло пул мепартофтанд- баъзе дар сандуқчае ки қулф дошт. Он қадар нону қанде ки он мардум меоранд барои ҳазорҳо хонавода кифоя аст- аммо як «хизматгоре» даррав он нону қандҳоро ба хонае бурда мемонд.

Он тараф гузарем боз қабри дигаре. Як домлои дигаре нишастаасту ҳамин тавр парвое аз либосу муомилаи занону мардон надорад- пул парто рав! Гуиё ин пулҳо ба «ҳазрати Мавлоно» лозим шуда бошад- аммо касе намепурсид ки куҷо сарф мешавад ин пулҳо.

Ин замон ду марде як гусфанди калонеро кашида аз дари дигар дароварданду чашмони он «мулло» дурахшиду у хурсанд шуд. Маълум шуд ки ба ҳочатмандон барои «кушоиши кор» ин «ноМуллоҳо» хун кардани мол дар ҳаққи «ҳазрат» фармудаанд.

Аҷоибаш ин ки гар «ҳазрат» шифо диҳад, мол диҳад, бахт диҳад, кушоиш диҳад- пулу молу гову гусфанду қанду нони шумо ба у чи лозим? Аммо касеро ақлаш намегирифт инро фаҳмад. Як ҳақиқи муллое набуд ки инро ба онҳо фаҳмонад- нишастагиҳо ҳама ноМуллоҳо!

Хулас дуъое ки он домлоҳо мекунанд аз «Тавҳид» берун аст:

-«ҳазрати Мавлоно барори коратон диҳад», «ҳазрати Мавлоно кушоиш атоятон намояд», «ҳазрат бахтатон диҳад», «ҳазрат шифоятон диҳад» ва дигару дигар.

Гуиё ки он «ҳазрат» зинда асту ба ин қодир бошад. Кадом мурда бахт до два ё зинда - ки ин ҳам диҳад? Кадом мурда мол дода буд – ки ин ҳам диҳад? Кадом мурда шифо дода буд – ки ин ҳам шифо диҳад? Аммо на он ноМуллоҳо ва на зиёратчиҳоро ин саволҳо зарур набуд.

Акнун рузи ҷумъа боз он меҳмон хост ба он масҷид равему намозро он ҷой хонем. Бинем ҳамон «домлое» ки аз болои кат менишаст рузи чоршанбе ва мардумро «гумроҳ» мекард Эмоми калони масчидҳо будаасту мавъиза мекунад. Аммо афсус ки ин мавъиза набуд балки ёде аз ҷангҳои солҳои 90-ум буду у худ муллоҳоро гунаҳкор мекард. Пас у худаш маълум мешавад мулло набудааст.

У мегуфт ки бе тоқи намоз дуруст нест, бе дуъо намоз дуруст нест- аммо намегуфт ки бе «сатри аврат» дар масҷид дуруст нест, намегуфт ки аз қабр ҳоҷат хостан щирк аст, намегуфт ки дар масчид бо шланг «дам» кардан мумкин нест- чун он бе сатрҳову зиёратчиҳо ба у пул медиҳанд. Чун хешу табори худаш ки ин корро мекунад барои у дуруст аст!

Дар охири мавъиза як муллои дигар эълон кард ки ин ҳафта «хайри» кардаи мардуми зиёратчи ҳамаги 550 сомони шудааст. Мо ҳайрон шудем- охир он руз дустам 500 сомони дода буду имруз ҳар якеамон 100 сомони.

Танҳо мо се нафар қариб 1000 сомони «хайр» кардаем- аммо мардуми дигар мумкин то 20-30 ҳазор сомони ҳамаги ё зиёдтар. Аммо ин мулло на шарме дошту на ҳаёе. Пас маълум мешавад ки хайри меомадаги ба ободии масҷиди «ҳазрати Мавлоно» не- балки ба киссаи ин «ноМуллоҳо» ва сохтумонҳои шахсии онон лозим будааст.

Дар асл ҳафтае пас як бобо дар маъракае мегуфт, ки хизматгорҳову муллоҳои масчиди Мавлоно 15-20 бузу гусфандро, ки зиёратчиҳо меоранд дар бозор дароварда фурухтанд. Магар мардум барои ҳамин хайр карда буданд то муллохо фурухта ба кисса зананд?

Мардуми «гумроҳ» ҳатто ақли худро кор намефармуданд ки ин қадар пулу моли овардаашонро на аз барои «ризои Худо» ба камбағалону мискинону ятимон хайр кардаанд- балки аз барои «риё» ба 2-3 ноМуллои серу пуре ки аз Ислом дур шудаанд хайр кардаанд. Худованд хайрро ба ятимону мискинону муҳтоҷон фармудааст- на ба сероне чун ин ноМуллоҳо!

Чун дар саҳни масҷид якчанд мошинҳои нави хориҷи истода буду маълум аст аз он муллоҳост. Ин «ноҳазратон» мумкин сохтмонҳое барои худ доранду –маблағро аз зиёратчиҳои масҷид гирифта дар хонаҳои худ сарф мекунанд. Чун ин қадар маблағи бузургро куҷо сарф мекунанд? Ана аз чунин масҷид бояд барои «офатзадагони» селу заминҷунби пул гирифт- чун мумкин ҳар мох садҳо ҳазор сомони пул ғун шавад.

«Гумроҳон»-ро ин номуллоҳо бо афсонаҳои худ ба Щирк мебаранду парвое надоранд. Пас фарқе аз он «дарахтпарастон»-у ин «қабрпарастон» дар чист? Он бечора соҳибони «қабр» худ муҳточи дуъоанду ҳатто ба ин гуна «ноМулло» нафрат доранд. Аммо таассуф аз он мекунам ки гар ба онхо бигуи ки ин ҳочатхоҳи, шифохоҳи ва фарзандхоҳи дуруст нест- даррав мегуянд ки:

- Ту ақидаи ваҳҳоби дори! Ту ақидаи салафи дори! Ту аз мазҳаби Эмоми Аъзам хориҷ шудаи!

Пас тибки ақидаи соҳибмазхабамон Эмоми Аъзам оё ин ъамал мумкин аст?- албатте не! Оё Эмоми Аъзам худ қабре рост карда менишаст ва аз мардум пулу мол гирд меовард? Бошад аз қуръону Суннат ва ё навиштахои Эмоми Аъзам ягон далел пас ба мо ҳам пешкаш кунед то хатои худро ислоҳ кунем. Аммо тибки фатвоҳои соҳибмазҳабамон Эмоми Аъзам ҳам ин ъамал щирк аст!

Пас ин «ноМуллоҳо» ақидаи худу як ду «ноМуллои» дигарро ки ризқашонро аз қабрҳо мебинанд, ва он ақидае ки шиаҳо пахн сохтаанд- ақидаи Мазҳаби Ҳанафи медонанд. Агар бе тоқи намоз дуруст набошад- оё урён масчид дарои дуруст аст? Дар масчид ҳучра чудо намуда мардумро гумроҳ намудан дуруст аст?

Ё инҳо муллову муфтии танҳо сокинони «намозхон» ҳастанду халос? Масчидҳоро онҳо моли худ кардаанду дар он ҳам мулло, ҳам муаззин, ҳам хизматгорон хешу таборашон кор мекунанд. Пулу моле ки омад гуиё мардум барои зану фарзанди онҳо додаанд.

Агар дар амале қасди риё ва сумъа бо қасди тоату ибодат зоҳир гардад, яке аз он ғолиб ояд ё ҳарду мусовӣ бошанд, албатта ин савобро ботил ва гуноҳро пайдо мекунад, чунки дар "ҳадис” омадааст.

Ривоят шудааст аз Расулаллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам:

«Шахсе ъамалеро барои ризои Аллоҳ таъоло ба ҷо овард ва ҳамзамон боз каси дигареро ба ҷуз Худованд шарик донист, пас бояд ки савобашро аз ғайри Аллоҳ таъоло дархост намояд, ба дурусти ки Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст».

Яъне ба щирк Аллоҳ таъоло ниёз надорад, ки ба ҷуз ӯ дар иҷрои ъамал каси дигаре шарик дониста шавад. Аллоҳ таъоло амалеро қабул мекунад, ки хос барои ризои ӯ бошад. Дурӯягӣ дар иҷрои амал нашояд».

Ҳамин ҳадис барои он ноМуллоҳо як далелест аз ақидаи хатову щиркияшон. Чун онҳо аз ақли худ мегуянд ки:

-Шумо албатта ин масчид биёед, пулу молу гову гусфанд биёред ва хар ҳочате ки доред бароварда мешавад! Чун онон поку бузурганд ва шумо гунаҳкор! Дуъои бе «миёнарав» кардаи шумо қабул нест!

Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст- у ниёз ба миёнаравон надорад. Ин шиъаҳоянд ки ақли худро аз Қурьону Суннат боло медонанду ба чунин щирк ру овардаанд. Мо пайравони аҳли суннат бояд донем ки ҳар ҳоҷате ки дорем худ аз Худованд дар дуъо бихоҳем- ин аст Ислом! Инро Худованд дар «каломаш» фармудаанд- ва Паёмбари Ислом (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) зиёд дар аҳодисаш таъкид намудаанд.

Ислом он ъамалҳоест ки Худованд ва Паёмбараш фамудаанд- на он ақидаҳои куфрие ки зиёд миёни мардумон имрузҳо паҳн шудаанд. Ҳар ақидае ки пас аз садсолаҳо пайдо шудаанд- аз Ислом нест. Балки онро душманони Ислом паҳн сохтаанд- то мардум аз «Тавҳид» дур шаванд ва баргарданд ба ҳамон ақидаҳову бовариҳои замони «ҷоҳилийят»!

Пас уммати Исломро мебояд ҳар ъамалу хайре ки кунанд- онро аз «риё» дур кунанд. Чун ъамале ки ба хотири Ризои Аллоҳ шавад бояд бе риё бошад. Тоъату ъибодат ҳам ҳамчунин танҳо барои ризои У (ҷ. ҷ) бошад.

Тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):

"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)

Дуъо ки ъибодат бошад- ъибодати ба ғайри Аллоҳ (ҷ ҷ)щирк аст. Пас ки ба ин ноМуллоҳо иҷозат дод ъибодатро (дуъоро) ба ғайри Худо кунанд ва мардумро аз Исломи асли дур созанд? Маълум мешавад ки ин як намуд мардумфиребист! Сабаби «мансуқ» шудани дигар динҳои осмони ҳамин «зиёдарави ва щирк»- ҳо шуда буд ки дар ъамали он ноМуллоҳои сари қабрҳо мебинем.

Пас ҳар як нафаре ки ҳоҷат дорем донем ки Ъибодат(дуъо) танҳо ба суи Худованд бошад қабул аст- ва илло суи махлуқ бошад «щирк»! Худованд дар ояҳои қурьони ва Паёмбар дар аҳодисхои зиёдаш мефармоянд ки ҳоҷат аз Худо хоҳед, фарзанд аз Худо хоҳед, кушоиш аз Худо хоҳед- аммо боз ҳам ёфт мешаванд нафароне ки роҳҳои щиркиро пеш мегиранд.

Зиёратгоҳ, қабристон равед то дар ҳаққи он гузаштагон шумо худ дуъо кунед – чун онҳо муҳтоҷи дуъоанд ва дигар ба ҳеҷ ъамале қодир нестанд. Инро ҳеҷ кас ҳақ надорад манъ кунад- Аммо дуъоро (ъибодатро) танҳо ба суи Аллоҳи қодиру Тавоно кунем:

Дар ҳадиси «қудси» омадааст: «Бандаам модоме, ки ъамалҳои нафл мекунад, ба ман дар наздик шудан аст, то он ки уро дуст дорам. Чун уро дуст доштам, самъи(гуш) у мешавам-ки бо он мешунавад ва басари (чашм) у мешавам- ки бо он мебинад, ва дасти у мешавам-ки бо он мегирад ва пои у мешавам- ки бо он меравад. Агар маро суол кунад, ато мекунам ва агар ба ман паноҳ ҷуяд, паноҳ медиҳам». (Ба ривояти Бухори).

Дар қуръон ҳамчунин Худованд фармудааст:

«Чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд, бигу, ки ман наздикам ва ба нидои касе, ки маро бихонад, посух медиҳам.»

(Бакара:186).

Ҳамчунин мо бандагон ҳамаруза Фотиҳа мехонему тасдиқ мекунем ки:

-«Фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем!—яъне Илоҳо ғайриТу дигареро намепарастем ва ҳамчунин аз Ту ва танҳо аз Tу ёри мехоҳем»!

Дар кадоми ин ояҳои қуръони ва ё аҳодиси Набави иҷозат шудааст ки гар ҳоҷате дорем, беморем, кушоиш мехоҳем ва ғайра – ба қабристону зиёратгоҳи мурдагон равему ҳоҷат хоҳем? Ва ё бе «миёнарави»-и онҳо дуъо кабул намешуда бошад?

Оё мо аз ин ояҳову аҳодис пайрав шавем ва ё гуфтаи ким кадом «ноМуллои» дуруғгуеро ки барои киссаву «нафси палид»-и худ ҳаракат мекунад мардумонро фиреб диханд пайрави намоем?

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:

لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتْ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدٌ، فَقُولُوا عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ رواه البخاري

«Маро наситоед(парастиш накунед), ҳамчунон, ки Насоро ибни Марям (Исо)ро сутуданд, аммо ман бандаам, пас бигўед, бандаи Худо ва расули Ў». (аль-Бухори 6/355 и 12/131 ва Ахмад 1/23, 24, 47 и 55.).

Расули Худо ки фармудаанд ки маро ситоиш накунед- яъне пас аз ман аз ман ҳоҷатхоҳи накунед, ба ман ъибодат накунед. Балки аз Холиқи Ман ҳоҷат бихоҳед!

Пас ба қабри Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки ин ъамалҳо щирк бошад- ба ин қабрҳои дигар «азизони Худо» чист!? Оё ин щирк нест?

Он тарафашро худатон фикр карда ъамал кунед ва ба ҳеҷ як дуруғгуву риёкор бовар накунед- чун мо пайрави Қурьону Суннатем на пайрави гап гапи мардуму дуруғгуён!!!

Хоҳед ки Аллоҳ (ҷ. ҷ) шуморо муваффақ намояд танҳо ва танҳо пайрав аз Каломаш бошед ва аъмоли Ҳабибашро сархатти зиндагии худ қарор диҳед!

Худованд дар каломаш бар мо мефармояд:

«Чизҳоеро, ки паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).

Ва низ Худованд фармуданд:

«Дар ҳар чизе, ки ихтилоф дошта бошед доварии онро ба Худо вогузор мегардад». (Сураи Шуро:10)

Дар асл баъзе ноМуллоҳои замон сабаби аз асли Ислому Имон дур шудани мардум гаштаанд. Нафси палид сабаб гаштааст, ки инҳо ҳамаруза як дуруғе мебофанд то пулу моли мардумро аз худ кунанд. Афсус аз он мехурем, ки ин ноМуллохо барои худ масчидро манбаи даромад қарор додаанду муфтиёти мо хомуш аст!

Аммо гар мову шумо дигар ба инҳо пулу молу гову гусфанд набарем, ба дуруғу ҳатто фатвоҳои куфри ва пешгуиҳояшон бовар накунем Ин шо Аллоҳ онҳо шармандаву ноумед мегарданд. Чун дар асл инҳо ризку рузиро на аз Аллоҳ- балки аз бандагон мебинанд. Инҳоянд гумроҳкунандаи ин уммат!

Дар асл ҳар ҳочату мушкилие ки пеш омад тибқи Қурьону суннати Набави худ намоз хонем ва дуъо кунему умед танҳо ва танҳо ба Аллоҳ дошта бошем Ин Шо Аллоҳ муваффақ мегардем!

Ва охиру даъвоно анилҳамду лиЛлоҳи раббил ъоламин!


 
 
 

Комментарии


Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page