Ин вазифаву пулу мол ай сарут мемона!
- Садриддин
- 23 янв. 2017 г.
- 11 мин. чтения
Ин вазифаву пулу мол ай сарут мемона бачам!...
Дар яке аз беморхонаҳои Тоҷикистон ҳодисаи ибратноке шуда гузаштаст. Сардухтури шуъба ҳар як ҳуҷраи беморонро хабар гирифта ба зердастонаш мефармудааст ки ину он камбудиҳоро зуд ислоҳ кунанд то «комиссия» якчанд дақиқа пас мерасад. Ногоҳ дар як ҳуҷра даромада мебинад ки муйсафеде намоз хонда истодааст. Сардухтур асабони шуда суи он мард дод мегуяд:
-- Ээээ муйсафед! Инҷа намозхони омаден ё муолиҷа? Инҷа ба фикрам масҷид ку нест. 1-2 руз намоз нахоненам мешудагист.
Аммо муйсафед ки машғули намоз будаст инро гуиё аҳамийят надодааст. Духтур зердастонашро мефармояд ки:
- аз ин пас дар отделении ман набинам касе намоз хонад. Хонаашон ки раванд хонанд. Ино гуиё барқасд мекарда бошан. Ҳоло комиссия мерасаду бо як проблема манда зиёдтар мешавад. Муйсафед! Шумо мана мешнавед?
Муйсафед пас аз он ки дуъои намозашро мекунад ба духтур руй оварда мегуяд:
- Духтурҷон! Оё ма ягон ҷиноят кардам? Намоз вақти худша дорад бояд сари вақт хони аммо шумо доду фиғон мебардоред. Инро Худованд фармудааст- пас қазо карданаш хуб нест. Аз Худо тарсед!
-- Бобо! Инкадар худатона «Худотарс» нагирену ҳеҷне ҳамин руз ин ҷо намоз нахонен то комиссия гузашта равад. Мо ҳам «мусалмонем» аммо ба як кас «проблемма» намекунем ку. Набинам дигар!
Муйсафед дигар тоқат карда натавониста аз духтур мепурсад:
- Духтур! Оё инчо сигор кашидан мумкин ё не? Агар не пас чаро шумову коригаронатон мекашед? Ана ин бародари дар ру ба руи ман хобида дишаб бо шумо арақ хурда маст омада хобид оё ба у арақ хури мумкин буд? Ҳозир шумо худро Мусалмон гуфтеду аммо дар асл зидди Исломед! Шуморо танҳо номатон «мусалмон аст» халос.Чунки он чи ки аслан мумкин нест дар отделенияи шумо мумкин будаасту ҳамин як намоз хондан мумкин не?
- Ээээ бобо! Шумо ин чо чи коре мекунед ай ма мепурсан фаҳмиден!? У арақ хурд ма медонум чи ҷавоб тиюм аммо ҳозир комиссия намегуяд ки шумо намоз хонден –балки мара выговор метиян!- давом додаст духтур.
- Бачам и вазифаву и пулу мол аз сари ҳамаи мо меравад фаҳмидед? Имруз аз камиссияе ки бо пул унора «харидан» мумкин метарседу аммо аз он Худованди Бузургу Тавоно наметарсед? Ба ҷои он ки гуед ки бобоҷон ана фалон утоқро барои намозхонии шумо ҳама беморон ҷудо мекунему аммо барьакс маро сарзаниш мекунед. Бачам! Ман дар вақташ то бист сол дар вазифаҳои калоншавандаги кор кардаам ва ман он солҳои СССР тибқи қонун зидди диндории коригаронам зиёд мубориза бурдаам.
- Аммо ҳоло аз он ъамалҳоям пушаймонам- боз рузе шумо ҳам пушаймон нашавед? Охир он замон ҳама атеизм буд, вазъияти мусалмонон вазнин буд- имруз Худоро шукр ҳама худро пайрави Ислом медонем. Биёед монед ки касе ки набошад дар утоқҳо намозҳояшонро хонанд чун ин аз он ъамалҳое нест ки ба шумо зарар расонад! Ва ё ҳеҷ не шумо худатонро «кур» карда гузареду гуиё инро надидаед гузашта равед намешавад? Охир мо ҳам он замон зиёди ъамалҳоро дар асл медидему худро «кур» вонамуд мекардем- яъне гуиё надидаем!
Духтур дид ки дигар ба гуфтан ин муйсафедро аз намозхони боздоштан мумкин нест зери лаб ғур-ғуркунон баромада рафтаст. Комиссия ҳам он руз баъди аз назаргузаронии тамоми беморхона баромада рафтаст.
Дигар он духтуру зердастонаш ба он муйсафед намозхониро манъ накардаанд. Рузи дигар он сардухтур ба зердастонаш фармудааст ки утоқи қабули меҳмононро танҳо вакти намоз ба беморон ҷудо кунанд то дар ҳуҷрахои худ намоз нахонанд. Вай гуфтааст ки: - боз ягон кас набинад ки ин ҷора чун «масҷид» кардаанд.
Он руз муйсафед ба ҳам-ҳуҷраҳояш аз зиндагиаш нақлe кардааст:
- Дар сини 28- 29 солаги чунон ба кор майлу рағбате доштам ки маро ба вазифаи ҷойнишини директор пешниҳод карданд. Аммо пеш ман бояд аъзои ҳизби комунист мешудам. Камсомол будам аммо барои ба ин вазифа гузаштан бояд комунист мешудам. Сипас комунист ҳам шудам ва ҳамчунин бо он вазифа ба ман якчанд супоришхо дода шуд. Якеи ин супориш пешгири кардани диндории коригарон.
Бовар кунед барои аз дин дур кардани он коригарон ман чи дуруғҳое намегуфтам. «Одам аз маймун шудааст, дунё пас аз таркише пайдо шудааст» ва дигару дигар. Баъзан ба гуфтаҳои худам каме фикр мекардаму бa он худам ҳам бовар намекардам: -«охир чи хел як сузани одди худ ба худ пайдо намешудаасту- ин оламу ин қадар ҷондор худ ба худ пайдо шудааст»?
Якчанд сол пас маро бо як ҳайат ба Маскав ба «зиёрати» мавзолеи Ленин бурданд. Он қадар эҳсосот мaро фаро гирифта буд. Охир ман доҳии «пролетариатро» бо чашми худ мебинам. Аз Маскав моро ба Ульяновск ба хона музеи Ленин бурданд ва ман аз хурсанди «ба куртаам намеғунчидам». Пас аз баргаштан ман инро зиёд таъриф мекардам ва мардумро ба атеисти (беХудоги) ташфиқот мебурдам. Барои ин якчанд ордену медаль ва унвон ҳам гирифтаам.
!! Аммо бо амри тақдир ҷанги солхои 90-ум сар шуду на корхона монду на вазифа. Пас аз он ҷангҳо ҳама «боевикҳо» директору ҷонишин шуданду ба мо ҷой намонд. Он солҳо хело азоб кашидам чун ду фарзанду занам ва худам на пул доштем на хурду хурок. Дустон пешниҳод карданд то ба Россия ба кор равем ва ҳаминтавр ҳам кардем. Он ҷо кор мекардаму ба оилаву наздикон пул равона мекардам. Аммо ҳарчанд ки зиёди ёру дустонам аз Комунизм даст кашида буданд ман ба он сахт пайрав будам.
Ҳамин тавр он солҳои «вазнин» ҳам гузашт ва ду писарам яке пас аз адои донишгоҳ ва дигаре техникум соҳибкор шуданд. Цехи қанноди доштанду маҳсулоти нони. Корашон хуб мерафт. Сину солашон ба оиладори расида буд ва ман ба ёдам як дустам омад ки маро ба Комунисти даъват карда буд ва мо зиёд дусти доштем. Чун ҳар боре дар хонааш менишастем шухи мекардем ки: -Ана ту ду духтар дори ва ман ду писар. Калон шаванд онҳоро ба ҳам хонадор мекунем.
Зуд ба суи хонаи он дустам ки вафот карда буд равона шудам. Он хона каме дигар шуда буд ва гумон кардам ки зану фарзандони он дустам хонаро фурухтаанд. Аммо вақте пурсу пос кардам онҳо ҳамин ҷо будаанд. Духтарони дустам қадрасидаву зебо шуда будаанд. Ин ду духтар модари худро ки бемор будааст нигоҳу бин мекардаанд ва як бародарашон дар бозор «хушкмева» мефурухтааст.
Каме бо модари бемор нишастаму мақсадамро ба у гуфтам. У гуфт ки:
- агар духтарон зид набошанд ман рози чунки шумо дар вақташ дусти наздики оила будед! Ҳарчанд ин якчанд сол моро фаромуш кардед- аммо ман шуморо гунаҳкор намекунам чунки мумкин зиндагии худатон ҳам вазнин буд. Бовар кунед ако ҳамаруза як ду «оқсақол» меояд аммо ба ман ин маъқул аст ки ҳaр ду духтар ба ҳам наздик бошанд.
Модар духтаронро наздаш хонду ба онҳо аз мақсади ман хабардор кард ва фаҳмонид ки инро «раҳматии» падаратон ҳам мехост. Духтарон рози шуданд ба як шарте ки ба навбат ба онҳо иҷозат диҳем то омада модари беморро нигоҳубин кунанд.
Пас аз туй мо зиндагии хубе доштем. Келинҳои нав тарбияи хубе доштанд ва иззату эҳтиром ҳам нисбати шавҳарон ва ҳам нисбати ману занам . Дар хонаи мо гуиё «баракот» рехта бошад. Аммо як чи маро сахт хашмгин кард ки ин ҳам намозхонии келинҳо. Онҳо ҳам намоз мехонданду ҳам вақтҳои холи Қуръон мехонданд. Ман онҳоро як руз пеши худ хонда таъкид кардам:
- Духтаронам! Ман аз хама ъамалҳои шумо розиям ғайри ин диндориатон. О падари шумо «атеист» буд- шумо аз куҷо ин кадар диндор шудед? Биёед монед ин «фанатизмтона»!
Келини калони ҳамон дам гирён шуд ва хоҳараш ҳам аз пасаш. Онҳо зиёд оби дида карданд ва сипас келини калони гуфт:
- Падар! Оё шумо хабар доред ки раҳматии падари мо «девона» шуда мурд. Вақте Ленина чаппа кардан, вақте комунистонро аз ҳукумат дур карданд у дар кучаҳо доду фиғон карда мегашт. Рузе набуд ки бо як ҳамсоя ё роҳгузаре даст ба гиребон намешуд. Девонахона бурдандаш ва аз он ҷой мурдаашро оварданд. Пас аз гуронидан мо намедонистем чи кор кунем. Чун модарам ҳам на хеше дошт на наздике ва онҳо чун раҳматии падар «детдомовский» буданд.
- Баъзан якчанд руз на нони хурдан доштему на хурока. Худо рози бошад аз ҳамин ҳамсоямон бобои «ҳоҷи» ки ба мо дасти ёри дароз мекард. Аммо зиндаги ки вазнин буд у ҳам наметавонист ҳамаруз ба мо хурока тияд- чун дасташ мерасид дар баробари фарзандонаш ба мо ҳам нону хурок медод. Раҳмати падарам чандин бор бо у ҳам дасти ба гиребон шуда буд ва уро «вовчик» мегуфт- аммо у гуноҳе надошт балки «Мусалмони ҳақиқи» буд. Бовар кунед ин замон гар як одам бо нафаре ҷанги шавад дигар солхо «қаҳри» мекунад ва на худашро дидан мехоҳад на фарзандонашро.
Боз оби дидаи келинхо зиёд шуд. Онхо чунон бо эҳсос нақл мекарданд ки гуиё ҳамон «ҳоҷи» падарашон буд на он раҳмати дусти ман. Келинам давом дод ки:
- Бобои ҳоҷи ва занаш ба мо ки хурдсол будем як кори хубе ёфт. Ба мо аз бозори маркази мавиз меовард ва мо «думчаи» онро тоза мекардем. Сари ҳар кило бо пули он вакта якчанд суме мегирифтем ки кам буд- аммо мо ҳаракат мекардем то чи қадар зиёдтар мавиз тоза кунем. Акнун ин пулҳо барои хурду хурокии мо мерасид ва барои либос кам кам он ҳамсояхо пул медоданд. Ҳамсоя додарамонро бо худ ба бозор бурд то кор омузад.
- Ана ҳамин хел падар! Мо бо ёрии он ҳамсояҳои «худотарс» аз мардум кам набудем. Зиёд кор мекардем ва пули ёфтаамонро дар зиндаги сарф мекардем. Бар замми ин модарамон бемор шуданду талхаашро бурида партофтанд. Боз ҳам падару модари мо ҳамин ҳамсояҳо гуиё шуданду модарамонро дар беморхона ҷой карданд ва ҳам пули муолиҷаашро доданд.
- Оҳиста оҳиста мо ва бародарам аз онҳо дарси Қуръонхони ва намозхониро омухтем. «Бехудо» будем- Мусалмон шудем. Он ҳайкалчаи Ленинро ки дар ҳавлиамон буд бурда ба партовгоҳ партофтем. Ба ин «безоти касиф» ҳамон ҷой ҳам ҳайф аст- чун ин Ленин Қуръонро хонда зиёди навиштахояшро аз он гирифтааст. Аммо дар асл кибру ғурур ва ишқи ҷоҳу мансабу қудрат сабаби он шудааст ки у зидди Худованд ҷанг эълон кунад!
- Он ҳамсояҳо чун фарзандони худ моро бо меҳр ҳам дарси дину ҳам дарси зиндаги меомухтанд. Дар ин якчанд сол мо ягон дусти падарамонро надидаем ки аз аҳволи мо хабар гирифта бошад. Маълум шуд ки «атеист» ки шуди на меҳру муҳаббат дори на одамгари. Чунки «атеистҳо» ба дунё меомадаанд то зиндаги кунанд, хуранд, хоб раванд ва миранд ва тамом фаромуш шаванд- чун ҳайвонхо! Шумо хафа нашавед падар!
- Охир ҳама чи дар ин дунё вазифае дорад ҳамин тавр не? Ҳатто ҳамин хазандаву ҳайвонот барои чизе халқ шудаанд- аммо оё мо одамон бевазифа будаем?Падарамон раҳмати барои ақидаи «ботили» худ девона шуданд ва аз худ танҳо «номи бад» гузоштанд чун барои «атеизм» бо тамоми мардум ҷанги буданд ва оқибат имруз аз он кас ба бади ном мебаранд. Аммо ҳамин «худотарси» буд ки мо аз гуруснагиву бесоҳиби фоҳишаву дузду шарманда нашудем. Ҳазорон духтароне буданд ки аз гуруснаги руй ба фохишагиву дуздиву ғарри оварданд- ҳамин тавр не падар?
- Барои ҳамин Падар! Худованд буд ки дар дили он ҳамсояхо дилсузи ва меҳру шавкатро нисбати мо ҷой дод. Пас оё мо он Худоро фаромуш созем? Магар намебинед ки ин одаму одамгариро мо аз куҷо омухтаем? Охир дар вақти мактабхони чи устодон ва чи мактабхонон моро масхара мекарданд ва мо аз нодори мактабро ҳам пурра нахондаем. Барои ҳамин ба мо вазифаҳои маълуме вогузоред мо онро иҷро мекунем- аммо аз намозу Қуръонхони моро манъ накунед! Мо писархои шуморо ҳам намозхон кардаем!
………… чииии…. ҳуш аз сари ман парид пас аз ин суханҳо. Охир писарони ман ҳам диндор шудаанд? Аммо ман то омадани онҳо аз кор ба фикру хаёл фуру рафтам. Чун дар ҳақиқат ин келинҳо рост мегуфтанд. Атеист мешудаи ҳатто аз оилаву хешу таборон даст мекашидаи, чун замоне маро волидайн чунин партофта будаанд- аммо баръакс Мусалмон ки шуди ҳама мусалмонон бародарону хоҳаронат мешудаанд. Ҳамин Эмону Диндори будааст ки он ҳамсояи келинҳо ин қадар сол ба ин «сағераҳо» дасти ёри дароз кардааст.
Аз ин пас ман ба намозхонии келинҳо ва ҳатто писарон зид набудам. Балки рузе шуд ки дар як маъракаи ҳамсоя бо домуллои маҳалла ру ба ру нишаста аз Намозу руза пурсидам. Он кас ҳам хурсанд шуда ба ман аз Ислом хабарҳо медод ва ман фаҳмидам ки он чи ки ба мо «пешвоёни комунист» нисбати Ислому Мусалмонон мегуфтанд ҳама дуруғ будааст.
Ман эмон овардаму ҳарчанд вазнин ҳам бошад намозу сураҳои Қуръон меомухтам. Оҳиста оҳиста ба масҷид мерафтаги шудам. Бовар кунед аввалин боре ки масчид даромадам чунон шарм медоштам ки гуиё ҳама мардум маро аҳамийят медода бошанд. Аммо ман худро дошта рузҳои дигар ҳам ба намоз ба масчид мерафтаги шудам. Оҳиста оҳиста ман гумон кардам ки аз зиндагии пешинаам фаромуш кардаам ва аъзои пурраи оилаи мусалмонон шудаам.
Писарон як руз ба ман хабар доданд ки:
- Падарчон тайёр шавед даҳ руз пас ба «ҳаҷ» меравед! Мо ҳама ҳуҷҷатхоятонро тайёр кардаем. Танҳо бояд духтур гузареду паспорти хоричи гиред.
Ман ба ин зид набаромадам. Пас аз як ду ҳафтае мо ба гуруҳи калоне дар фурудгоҳ ба суи он «замини муборак» парвоз кардем. Акнун эҳсосоти маро худ тасаввур кунед:
- Мане ки якчанд сол пеш «зиёрати» хонаи «Душмани Худо» рафтааму - имруз «хонаи Худоро» зиёрат мекунам. ОН соатҳо ҳеҷ фаромуш намешаванд. То ин руз гумон мекардам ки «ободиву пешрави» дар СССР-и пешин зиёд асту халос.
Аммо чун ба он Маккаву Мадинаи Муборак расидам ҳеҷ оби дидаам карор намегирифт. Рузу шаб мегиристам ва суи «даргаҳи Худо» тавба мекардам. Он шукуҳу он ободие ки ман он ҷо дидам ҳазорҳо маротиба аз тамоми СССР-и пешин хубтару беҳтар буд. Чи хел 3- 4 миллион мусалмон дар як ду шаҳр дар як вақт ҷамъ омадаанду на ҷангу ҷидол аст ва на саросемаги ки ба ман чизе намерасад.
Ҳама хуб нақша кашидаги, тайёрии хуб, сари вақт ба ҷойҳои муборак бурда мерасонанд ва ба ҳама нақлийёт мерасад ва аз ҳама аҷибаш:
- ҳамон 3-4 миллион одам дар як дақиқа баъди қомат гуфтан дар сафи намоз рост истода намоз мехонанд. Тасаввур кунед ки 100-200 одамро дар як ҷой ҷамъ кардан чи мушкил аст- ва акнун он 3- 4 миллионро тасаввур кунед! Сифати хизматрасони, тозаги, меҳру муҳаббат байни ҳоҷийён!
Он рузҳо ман қариб ки хоб намекардам. Корам фақат тоъату ъибодат ва тавба кардан буд. Боз зиёд дуъо мекардам ва аз Худованд барои фарзандонам ки маро ин ҷойҳои муборак равон карда буданд баракaтҳо мехостам. Аммо аз ҳама зиёд ман барои он ду келине ки сабаби ҳидояти мо шуда буданд дуъои «хайр» мекардам.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Муйсафед нақл мекарду оби дидааш ҷори буд. Вай чунон ба эҳсос нақл мекард ки тасаввур мекарди ту хам он ҷойҳои Мубораки. Он ъамали духтур сабаб шуд ки у аз зиндагии «беХудоги»-аш ва зиндагии имруза Исломдориаш нақл карда дилашро «холи» кард. У мехост ки ин нақли уро ҳамон духтуру он нафароне ки аз паи пулу молу мансаб зидди эмони мардум мубориза мебаранд ва ё зиддийят нишон медиҳанд шунаванду ислоҳ шаванд.
Имрузу ин соат ислоҳ шаванд- чун фардо мумкин барои бисёриҳои онон дер шавад. Ҳазорҳо ва миллионҳо одамоне буданд мегуфтанд ки:
- Фардо намоз мехонам- соли дигар руза мегирам! - аммо марг ин ҳама нийятхои онҳоро барбод доду онон «беЭмон» вафот карданд!
У гуфтани буд ки СССР бо ин ҳама бузургиву қудраташ натавонист Эмону Диндории мардумро кам кунад. Пас дар назди Худованд чунин давлатчаҳо ва мардумони «вазифадор» ҳеҷанд – аммо ин имтиҳонест ки зиёди одами аз он намегузаранд.
Пулу молу ҷoҳу мансаб чашми онҳоро кур мекунаду дониставу надониста бар зидди эмони мардум ва Ислом зиддийят нишон медиҳанд. Ҳарчанд зиёди ин ъамалҳо аз суи душманони «Ислом» фармуда шудаанд- аммо бадтаринаш ин аст ки бо дастони он нафароне ки худро ба «забон» Мусалмон медонанд инро ъамали мекунанд. Ин ба «забон» Мусалмонон худ намедонанд ки силоҳи Шайтон шудаанд ва зидди Худованд ҷанг эълон кардаанд.
!!!! Пас биёд ҳама бародарону хоҳарон суи Худованд дуъо кунем то ин нафароне ки ба ҳар яки мo бародару хоҳар ва ё дусту хешанд ислоҳ шаванд ва аз Эмону Исломи худ дар ъамал пайрави кунанд то рузи «ҷaзo» пеши Холиқи худ шарманда нашаванд! Ин дунёву ҳама моли дунё фаношаванда аст- он Дунёи боқи ки Худованд «бандагони хос»-и худро икром хоҳад кард зарур аст!
Худованд дар каломаш сифати баъзе одамонро кардааст:
«"Оре, ҳар ойина одамӣ чунон аст, ки ҳар гоҳ худро бениёз ва тавонгар бинад, аз ҳад мегузарад «”. (Сураи Иқраъ, ояти 6).
Худованди Мутаъол, дар ин ояи Карима, одамиро чунин васф мекунад, ки вақте дорои қудрату сарват гардид ва замоне ки мақому мансабе насибаш шуд, хештанро бениёз мебинад, аз худ меравад, фикр мекунад ин қудрату сарват дигар аз ӯ зоилшуданӣ нест, ба ҳадде масти қудрату сарват мегардад ва ба андозае туғён мекунад!
Аммо аз таърихи он ҳазорхо боёну қудратмандоне ки имрузҳо шармандаву хору залил дунёро падруд гуфтаанд- инҳо «дарси ъибрат» намегиранд! Оё чашму гуш надоранд ки инро шунаванду бубинанд?
Фаромӯшашон мешавад, ки дунё соҳибе дорад- Уро Худо ном! Худое, ки дар каломаш моро мегӯяд:
- «"Оё чунин пиндоштед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба сӯйи мо бознахоҳед гашт»? ” (Сураи Мӯъминун, ояти 115).
Илоҳо!! Охири умри мо мусалмононро ва анҷоми амалҳоямонро нек бисоз ! Беҳтарин рўзамонро рўзе бигардон, ки дар он рўз бо Ту рў ба рў мешавем. Хубтарин лаҳзаи ҳаётамонро вақте бигардон, ки аз «дорулфано» ба «дорулбақо» сафар созем-ба он дунёе, ки дар он «дўстони худро иззат бахши» ва душманонатро хору залил бигардони.





































Комментарии