top of page

Вой бар холат гар халок гашти!

  • Садриддин
  • 24 янв. 2017 г.
  • 10 мин. чтения

Воооой бар ҳолат гар «ҳалок» шуди!

Азбаски зиёди мо гумон дорем, ки «ҳалок шудам» гуфтани зиёди мардумони пеш ҳамон «ман мурдам» гуфтан аст. Аммо дар асл «ҳалок шудан» ин гуфтани он аст, ки назди Холиқам (ҷ.ҷ.) шармандаву расво хоҳам гашт. Чун мурдан ҳамаро шарт аст ва ҳақ аст- аммо «ҳалок гаштан», шармандаву расво гаштани «рузи ҷазо» чи бас сахту вазнину аламовар аст!

Сабаби ин навиштаҳоям чист? Ҳодисаест, ки болои як нафаре омада буду дар асл у «ҳалок гашт»:

Як марди арақхуру фасодкор, марди бетоъату аз дин дур дар яке аз нохияхо рузе бемор шуд. Чун назди табибон меравад ва шикоят аз дарди сахт аз паҳлуи ишкамаш менамояд ба у мефармоянд рафта «анализ» супорад. Пас аз супоридани ҳама анализҳо ва рентгену дигару дигар он духтуре, ки дар беморхонаи ноҳия уро муоина мекард ба бемор гуфт, ки:

- Ако! Шуморо ҷигаратон сахт бемор аст. Ин ҳамон бемориест, ки гар арақ хуред, хуроки сахт хуред, фалон фалон хурокҳо хуред зуд аст шуморо аз пой афтонад. Бояд ки табобат гиреду пархез намоед!

- Доктор шумо росташро гуед, ки ин чи бемори аст. Маро натарсонед, беҳтараш росташро гуед!- мегуяд ин бемор.

- Чунин беморон аз 3-4 моҳ то як сол умр мебинанду халос. Гар он арақу хурокҳои гуфтаамро бепарво хуред на зиёдтар аз он 2-3 моҳ зиндаги хоҳед кард. Шумо бояд дар беморхона хобеду муолиҷа гиред.- мефармоя духтур.

Бемор ваъда медихад, ки рафта дар хона маслиҳат карда ба беморхона мехобад. Аммо дар асл у ба касе ҳарфе дар ин бора нагуфта рафта як муддат дар хонааш хоб мекунад. У баъзе доруҳое, ки духтур гуфта буд мехурду дар фикри он буд ки тавба карда дар ин фурсати кутоҳ тоъату ъибодат намояд. У дарк мекунад, ки сари вақт аст тоъату ъибодати зиёд намояд- то рузи «ҳисобу китоб» назди Худованд шармандаву расво нагардад.

У назди ҳамсояаш, ки муллои деҳа буд рафта роҳи тавбаву истиғфор ва тоъату ъибодат пурсид. Аз ҳамон рузҳо сар карда у тавба карду ҳамаруза дар паҳлуи он домулло намоз сар кард. Ҳама наздикону ҳамсоягон аз ин дигаргуни ҳайрону хурсанд гашта будаанд. Чун баъзан ин одам дар ҳолати масти бо ҳамсояҳову роҳгузарҳо дасти ба гиребон мегашт, дар кучаҳо ифлос хобаш мебурд, аз танаш буи ғализе меомад.

Ҳарчанд уро пурсанд у ба касе асли воқеаро намегуфт. Дар муддати 1-2 мох у пурра дигар гашту беҳтарин инсон гашт. У ҳатто зану фарзандонро акнун насиҳату васийят мекард то намоз хонанд, руза гиранд,аз моли дошта каме бошад ҳам хайр намоянд, хешу таборон ва наздиконро хабаргири раванд. Чун моҳи шарифи Рамазон омада буд у аввалин маротиба дар ин чанд сол руза гирифт ва он моҳ зиёд тоъату ъибодат кард.

Ҳама аз ин ъамалҳои ин бародар зиёд хурсанд буданд ғайри як дусти «ҳамшишааш»! У ҳар ду се руз пас омада мехост беморро бо худ ба ноҳия ба арақхури бубарад- аммо ҳар дафъа бемор барьакс уро насиҳат мекарду мехост у низ тавба карда тоъату ъибодат намояд ва аз он феълу рафтори бадаш даст кашад.

Як руз аз шаҳр як ҷураи замони кудакиашон меҳмон шуда меояд. У ки худ арақхур буд замоне, ки зиёд ҷураашро даъват мекунад арақ хурад у рози намешавад. Ин одам ки каме пулдору молдор шуда буд маҷбур мекунад то асли воқеаро ба у гуяд. Чун у аз забони худи дусташ мешунавад, ки у сахт бемор аст рузи дигар маҷбур карда уро ба шаҳр бурд то дар беморхона хобонад.

Аз асли воқеъа зану фарзандони бемор ҳам хабардор гаштанд, аммо онҳоро бо худ набурданду ваъда доданд то занг мезананду ягон чиз даркор шавад гирифта биёранд.

Духтурони шаҳр муоина карда мебинанд, ки дар асл ҷигари ин бемор каме сиҳат гаштаасту зарурияти хобондан нест. Уро баъзе дору навишта ҷавоб медиханд. Ин дусти кудаки аз духтурон мешунавад, ки шояд он духтури ноҳия буда «диагнози хато» дода будаасту ҷигари у чунин бемории сахту вазнин набудааст. Чун нишонаҳое, ки пеш дар ҷигари у дида мешуд пас аз 2-3 моҳи аз арақу ҳаромкардаҳо даст кашидан, руза доштан тоза гашта аз байн рафта буд.

Акнун ин «ҷура» (дар асл душмани ҷони) уро маҷбур мекунад то сиҳат шуданашро «шуянд»! ҳарчанд бемор рози нашавад ҳам ин ҷура «руи хотири ман», «сахт меранҷам», «як қадаҳ хур тамом» гуфта уро як тарабхона бурда оқибат арақ медиҳад. Вакте як қадаҳ ки хурда шуд аз пасаш дуюму сеюм ҳам, шишаи дуюму сеюму чаҳорум холи мешавад. Дустон дар ҳолати сахт масти дар даст шишаҳои дигар бо таксие ба деҳа равон мешаванд.

Ҳангоми роҳ беморро дилаш беҳузур шуд. Дар наздикии деҳа дусташ мошинро дошту ин бемор ҳама хурдаашро қай кард. Аммо чун онҳо ба ҷои хурок арақ хурда буданд бемор хун қай мекард. Якчанд мошини ҳамдеҳаҳо ин аҳволро дида меистанд ва мехоҳанд зуд уро ба беморхона баранд- чун у аз ҳуш рафта буд. Аммо як ҳамдеҳа, ки худ духтур буд дид, ки у дар асл мурдааст.

Чи ҳолати нангину шармандасоз! У мурдааст, у ҳалок гаштааст! Чун ин якчанд моҳ беҳтарин инсон гашта буд, бандагии шайтонро партофта бандаи Худованд гашта буд. Аммо аз пушти чунин «дусти аз душман бадтар» бо чунин аҳвол вафот кард. Дусташ уро мегуфт, ки «ҳоло фурсати тавба кардан меёби» «фурасти намоз хондан меёби» «ъумри зиёд мебини»- аммо дар асл ъумри уро якчанд соате буду бас.

Гар бо ҳамон аҳволи неку тоъату ъибодат вафот мекард барояш беҳтару авло буд – аммо бо сабаби дусти бад у вафот карду «ҳалок гашт»! Чунин дустон аз душман ҳам бадтаранд. Акнун аҳволи зану фарзандони беморро худ тасаввур намоед ки оё ба шунида бовар мекунанд ё не! Охир у сиҳату саломат гашта буду аз дарде шикоят намекард.

Онҳо бовар намекарданд, ки у дар ҳолати сахт масти вафот карда буд. Чунки у тавба карда руй ба тоъату ъибодат оварда буд- аммо дар асл он «бемории куҳна»-аш яъне арақхури сабаби маргаш гашт!

Дигар сабаби ин навиштаҳоям пас аз ин қисса ин аст ки мехохам ба бародарону хоҳарони Имониам муроҷиат намоям! Чун замоне, ки моро Худованд бародару хоҳар эълон намуд ҳеҷ як бандае ҳуқуқ надорад аз тарзи зиндагиву бетоъатии дигар бародару хоҳараш бепарво бошад!

Бародарону хоҳарони Имониам! Имрузҳову соатҳо барои мо рузи ҷамъоварии ҳосили ъамал аст, имруз рузу соатест ки мо метавонем «тушаи охират» гирд оварем, тавба намоем, имруз ҳоло фурсат ҳаст аъмоли хайру некии зиёд намоем - то фардо он рузи «ҷазо» он рузи «ҳисобу китоб» ҳалок нагардем! Ҳар рузу соат ғанимат аст барои мо- чун гумон аст «фардо» бошад бароямон ё хайр?!

Муаллиф: Садриддин

12.07.14с.

)))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))

ъИбрат:

Бародарону хоҳарони Имони! Ин қиссае ки ҳақиқат дорад бояд ъибрат бар нафароне бошад ки гумон доранд ҳоло фурсати зиёд доранд то замони пири руй ба тоъату ъибодат меоранд ва аз аъмоли баду ҳаромкардаҳои Илоҳи даст мекашанд. Чун зиёданд чунин ҳолатҳое, ки нафарони арақхуру маводи мухаддир кашанда, зинокорон бо чунин аҳволи нангин вафот мекунанд. Чи нангин аст чунин мурдан!?

Дар асл сабаби зиёди аввалин маротиба арақ хурдан, сигор кашидан, бангу маводи мухаддир кашидани мардумон ҳамон «ҷураҳо»-янд ки дар асл душмани ҷону имони ин нафарон гаштаанд. Дар баъзе хабарҳо «руи хотири» ин ёру дустони Шайтонсиришт сабаби даст ба ъамалҳои нангин задан, дузди кардан, зино кардан, арақу маводи мухаддир истеъмол намудан мегарданд.

Чун ҳамаруза мешунавем, ки чунин ёру ҷураҳо сабаби зиндони гаштани фарзандон, аракқуру наркоман гаштани фарзандон, фоҳиша гаштани духтарон, дар ҳолати мастиву сузандору дар вена мурдани фарзандони мо мусалмонон гаштаанд! Пас ана он замон мо пушаймон хоҳем гашт аз он ки аз чунин ёру ҷураву дугона фарзандони хешро эҳтиёт накардем.

Мо рузе аз он пушаймон хоҳем гашт, ки аз кудакиву навҷавони ин фарзандони худро раҳм накардему рузе худ низ раҳм нахохем дид! Чун аз фарзанде, ки ба роҳи фисқу фучур ва роҳҳои бад қадам монд неки нахоҳи дид!

Чунончи аз Муҳаммад ибни Салом нақл шуда, ки гуфтааст: «Умар ибни Хаттоб (р) мардеро ба коре таъйин кард. Он мард Умар ибни Хаттоб (р)-ро дид, ки кӯдаки хешро мебӯсад, пас ба ӯ гуфт:

- «Оё ту дар ҳоле ки амири мӯъминон мебошӣ, он кӯдакро мебӯсӣ? Агар ман ба

ҷои ту мебудам, чунин кореро намекардам».

Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:

- «Раҳму шафқат аз қалби ту бардошта шуда бошад,гуноҳи ман чист? Бегумон, Худованд афроде аз бандагони Худро мавриди раҳмату мағфират қарор медиҳад, ки нисбат бар дигарон раҳму шафқат дошта бошанд».

Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб (р) он мардро аз кор барканор карда гуфт:

- «Ту, ки ба фарзанди худ раҳм намекунӣ , пас чӣ гуна ба мардум раҳм мекунӣ ?».

Чун мо падару модарон бояд ба фарзандон ёру дусте интихоб намоем ва ё иҷозат диҳем дуст гиранд, ки чунин феълу рафтори баду «ҳалоккунанда» надошта бошанд! Гар мо худ парвои он надошта бошем, ки фарзандони мо ба чи кор машғуланд касе ғами онҳоро нахохад хурд!

Аммо замона бахона гаштааст, зиндаги бахона гаштааст, кору бор бахона гаштааст, ки зиёди бандагони Худо гуиё барои тарбияи фарзандон вақт намеёфта бошанд. Ин волидайн замоне аз фарзанди хеш ёд мекунанд, ки ба ягон ҷинояте ба даст афтад, аз зино хомила гардад, зиндони гардад ва ё шармандаашон намояд! Аммо он рузу соат пушаймониро чи суд?

Абуҳурайра (р.а) ривоят кардаанд ки : «Расули Худо(с) нақл фармудаанд:

-«Мегӯянд, ҳангоме ки ду зан ҳамроҳи писарони худ дар сахрое будаанд, ногаҳон гурге омаду яке аз он ду писаронро рабуд. (Ҳар як аз ин ду зан даъво бар ин мекард, ки гург писари дигареро бурдааст).

Саранҷом даъворо пеши Довуд (а) оварданд. Довуд (а)ба сӯи зани бузургтар ҳукм кард ва писарро ба ӯ дод. Сипас вақте аз он ҷой хориҷ мешуданд,Сулаймон (а), ки хурдсол буд ононро садо зада боздошту, гуфт:

- «Корде бароям биёред, то ин писарро ду нисф кунам ва ҳар нисферо ба яке аз ин ду зан бидиҳам».

Дар ин ҳол зани хурдтар меҳри модари дар дилаш ҷуш зад ва билофосила гуфт:

- «Худованд туро саломату мавриди мағфират бидорад! Ӯро ду нисф макун, писари ин

зан мебошад».

Пас Сулаймон (а) ба фоидаи зани хурдӣ ҳукм карду писарро ба ӯ дод». Чун он зан ҳакикат модари он кудак буд ва меҳри модари дар синааш ҷуш заду ба хулосае омад ки «беҳ бошад ин фарзандам зинда монад дар дасти он зан- аз он ки ду нисфаш кунанду бимирад»!

Бубинед, ки модар ба чи тайёр аст аз барои фарзанд. Хушо бар ҳоли он занони пешин. Аммо баъзеи занони ин замони мо дар тамошои сериалу филмхои бадахлоқи сахт банд гашта, дар фикри моли дунё зиёд банд гашта парвои онро надоранд кудаконашон ба чи кор машғул бошанд.

Замоне ки ин кудакон ё навҷавонон аввалин пулу ашёеро ба хона оранд ин падару модар ҳатто намепурсанд аз куҷо инро ёфтааст! Замоне, ки писару духтар шаб ба хона наомад, ё дар ҳолати масти омад, ё аввалин дузди карду ба даст афтод инҳо тайёранд фарзандони худро дастгири намоянд!

Аммо дар асл он шабу рузи кудакиву навҷавони ин фарзандон аввалин таҳкурсии зиндагии ояндаро барои худ тайёр хоҳанд кард. Дар асл гар дусти хуб ба худ интихоб намуд ва ё волидайн барояш интихоб намуд Ин Шо Аллоҳ оқибаташ нек хоҳад шуд. ва илло гар бо дусти бад, дасташ қалб, сигоркаш, беҳудагард ки дусти кард оқибат худу волидайнро шармандаву расво хоҳанд кард!

Ёри бад бадтар бувад аз мори бад. То тавонӣ бигурез аз ёри бад!

Саъди Шерозии бузург мегўяд:

Гиле хушбўй дар ҳаммом рўзе,

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам,

Бад-ў гуфтам, ки «Мушки ё абири,

Ки аз бўи диловези ту мастам?»

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Ва лекин муддате бо гул нишастам,

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Бузургон монанд ба ин шер чи зебо моро насиҳати падарона кардаанд:

«Ҳамнишини (дусти) солиҳ чун атрфурӯш аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, дар ту овезад (буи хушаш дар либосу димоғи ту бимонад ) ва ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар шарораи оташаш ба ту нарасад ҳам, бӯи бадаш озорат медиҳад.

Ин шеъру ин насихатҳо як маъни доранд, ки:

- гар дусту ҳамнишини нек интихоб намои гар худ олиму доно нагарди ҳам баъзе феълу атвори нек туро ҳам пайдо гарданд, чуноне ки дукони аттор медароиву атр намехари вале буи форами атраш дар либосу димоғат боқи хоҳад монд. Дусти нек бо феълу атвори нек туро ба суи аъмоли нек бибарад!

Аммо дусту ҳамнишини бад чун оҳангархонаест, ки даромади аз алангаи оташи он шояд либосат сурох гардад ва агар сурох ҳам нагардад буи ғализе дар тану димоғат боқи хоҳад монд! Дусту ҳамнишини баду арақхуру зинокор хар ъамали баде ки карданд дар ту ҳам осори он бимонад. Гар худ ҳам чунин аъмол надори –аммо рузе уро пайрав хоҳи гашт!

Дар мавриди қиссаи болои шахсан худам ба наздики шоҳиди чунин ҳодисае гашта будам. Як дустам рузе илтимос намуд то мошини микроавтобус ёбем. У гуфт, ки амакам дар Москва мурдаасту уро ин шаб меоранд. Чун он шаб тобутро қабул карда ба деҳа мебурдем як нафаре, ки бо мурда ҳамроҳ буд нақл кард ки:

- Акаи Диловарро мо як моҳ зиёд табобат кардем то дигар арақ нахурад. Чун маст шуда дар кучаҳо мехобид, ҷангу ҷанҷол мекард, ҳуҷчатҳояшро гум кард. У парвои хонаву зану фарзандон дигар надошт. Аз рузе, ки сиҳат шуда ба кор баромада буду қариб бист руз арақ намехурд. Аммо як чураи наздикаш аз Душанбе омаду онҳо шаб бедарак гаштанд.

Рузи дигар мурдаи акаи Диловарро аз истгоҳ меёбанд. Онхо шаби дароз арақ хурда будаанд. Он дусташ замоне мебинад ки у мурдааст тарсида гурехта нопадид мегардад. Мо уро наёфтем ва аз ҳама тоҷикон пул ҷамъ карда тобути акаи Диловарро ба Душанбе овардем. Дар МОРГ гуфтаанд ки дили у кафидааст!

Боз ҳам дусти аз душмани ашадди бадтар кори ифлоси худро кардааст. Чун уст сабабгори ин ҳодиса. Аммо чунин хабарҳо кам нестанд. Замоне баъзеҳо чавону бозуманданд гумон доранд арақ хурда зино карда гарданд ва танҳо дар пири тавба намоянд. Чун ба пири расанд дигар он Шайтони лаъин онҳоро раҳо нахоҳад кард!

Аллохи Мутаъол дар Каломаш мо бандагонро мефармояд:

- «Шайтон, ба таҳқик, душмани шумост. Уро душман гиред. Албатта, у фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дузахиён бошанд. »(Сураи Тағобун ояти 14).

Аммо бар ононе, ки гумон доранд ҳоло фурсати зиёд доранд, гумон доранд аз марг мегурезанд, бепарво араку ҳаромкардаҳо мехуранд, зино мекунанд ин киссаҳо беҳтарин панд аст. Чун маълум аст, ки аз марг раҳои нест. Рузу соат ки омад чи ҷавону чи пир ҳама яко як хоҳанд мурд. Шояд шумо имрузхо худ ҷанозаҳоро мебинед, ки пиру ҷавонон яке паси дигар савори «маркаби чубин» ба кабристон раҳсипоранд!

Аммо аз марг гурехтан мумкин набошад ҳам- аз Ҷаҳаннами Сузон раҳои ёфтан мумкин. Чи тарз? Бо тоъату ъибодату хайру саховат ва аъмоли хайр метавон аз Ҷаҳаннам раҳои ёфт. Бо хондану аз худ кардани Қурьон, рузаҳои фарзиву нафли метавон оташи Ҷаҳаннамро бар тани худ ҳаром кард.

Лек афсус ин замони мо мардум ба овозае ки гуиё фардо заминҷунбии сахте мешавад бовар карда ҳама зану мард ба хунукиву гарми нигоҳ накарда ба кучаҳо мебароянд. Дигар мардумон хабари селу офат аз дигар кишварро шунида худ зиёд тайёри мебинанд. Баъзеҳо овозаи дуруғине ки гуиё аз осмон «метеорит» мерезад бовар мекунанд. Овозаҳое, ки зимистон барфи сахти зиёд мебораду яхбандии сахт мешавад бовари доранд.

Ҳол он, ки зиёди овозаҳо дуруғ аст, селу обхези шавад ҳам шояд хонаву маҳаллаву шаҳри онҳоро нарасад, метеорит резад ҳам дар шаҳру мамлакати мо нарезад. Баъзе овозаҳои дуруғину хандаоваре низ ҳаст ки ин мардум ба он даррав бовар мекунанд.

Аммо он ки рузе марг хоҳад омад 100% рост аст! Лек имруз фалонию яке рузи дигар мо ҳам хоҳем мурд гуиё баъзеҳо бовар надоранд, ва ё гумонашон 100 сол ъумр медида бошанд. Чун ҳамаруза дар асл зиёд ҷавонон мемиранд, баъзе пирони бетоъату беъибодат мемиранд, баъзехо дар ҳолати мастиву кашидани маводи мухаддир мемиранд. Инро мо худ бо чашми сар мебинем- аммо афсус бар зиёди мардумон ъибрат намегардад. Инҳоянд «ҳалокгашта» назди Холиқи Арзу Само!

Ҳар ки ақл дорад,оқил аст онҳоро зиёд ҳарфу далел зарур нест- аммо баъзе нафароне ки худро донову боақл медонанду бепарво руй ба зинову хурдани ҳаромкардаҳо меоранд, аз тоъату ъибодату аъмоли хайр дуранд сохибАқл нестанд. Чун гар соҳибақл мебуданд медонистанд, ки рузе албатта ё дар ҷавони ва ё миёнасоливу пири мемиранд ва фардо рузи қиёмат зинда гардонида хоҳанд шуд!

Пас он рузу соат дигар ъамал нест –пурсиш асту халос. Ин тоифа мардум, ки бо худ танҳо бадиҳову беХудогиҳо туша доранд он рузу соат «ҳалок» хоҳанд шуд, шармандаву расво хоҳанд шуд дар назди Худованд!

Худованд ҳар яки моро аз «ҳалоку шармандаву расво» гаштан дар рузи «ҶАЗО» эмин бидорад ва моро растагору хушнуд «Рузи ҳисобу Китоб» дохили Ҷаннати Пурнозу Неъматаш гардонад!


 
 
 

Комментарии


Избранные посты
Недавние посты
Архив
Поиск по тегам
Мы в соцсетях
  • Facebook Basic Square
  • Twitter Basic Square
  • Google+ Basic Square

Киссахо. Пандхо.qissaho.

  • Facebook Social Icon
  • Twitter Social Icon
  • Google+ Social Icon
bottom of page