Гандум зи гандум бируяд!
- Садриддин.
- 9 янв. 2017 г.
- 3 мин. чтения
Лаҳзаи ислоҳи хатоҳо!
Марде ғуломашро ба наздаш хонду ба у фармуд то дар заминаш гандум бикорад. Аммо он ғулом ба ҷои гандум дар замин ҷав корид. Чун замони гундоштани ҳосил расид он мард бидид, ки заминаш пур аз ҷав аст- аммо аз гандум нишоне нест.
У ба ғазаб омаду ғуломро ба наздаш хонд ва пурсид:
- Магар ман ба ту нафармуда будам то гандум бикори?
- Бале! Аммо ман гумон кардам, ки ҷав корам шояд гандум бируяд!- ҷавоб гуфт ғулом.
Он мард аз аввал дида зиёдтар хашмгин гашт ва гуфт:
-Беақл! Ту оё боре нафареро дидаи, ки як чи кошта бошаду ҳосили дигар чиз ба даст оварда бошад?
Он ғулом дар ҷавоб гуфт:
-Надидаам! Аммо ту бо чунин гумон зиндаги дори! Ту худ ба Худованд нофармони менамои, ҳарромкардаҳояшро истифода мебари, аз хайру саховат руй гардонидаи, тавбаву истиғфор надори - ва боз хам умед дори ҳосили ин ҳама нофармониат Ҷаннат хоҳад буд?
-Магар ту нашунидаи, ки: «Ин дунё киштзори охират аст! Барои охирати хеш кишт кун-то ҳосилашро дар охират ба даст ори»!
Суханони он ғулом ба он мард сахт кора кард ва у хатоҳояшро дарк намуду ба суи Худованд «тавбаи насуҳ» карда руй ба тоъату ъибодат ва хайру саховат овард. Сипас он ғуломи оқилу доноро озод намуд!
-Аз Мукофоти ъамал ғофил машав!
- Гандум зи гандум бируяд, ҷав зи ҷав!
(Рухуль-Баён 5/244)
Ъибрат:
Ба дурусти ки Имон овардани инсонҳо ин ҳамон аст, ки дар қалби он инсон бехтарин тухме бо номи Имон кошта шуд. Локин он тухми Имонро нигоҳубин мебояд, меҳнат мебояд то бе осеб ҳосили нек ба бор орад. Ҳосиле ки барои он ваъдаи Худованд Ҷаннати пурнозу неъмат хоҳад буд!
Як тоифа мардумоне ҳастанд, ки Имон меоранду танҳо ҳаминро қабул доранду халос. «Гап гапи дил аст»-тутивор мехонанд онон ва аз намозу руза, закоту ҳаҷ парвое надоранд.
Онон ҳаммонанди нафареанд, ки деҳкониро пеша карда ба замин тухме пошиданду аз меҳнату нигоҳубини он барои ба даст овардани ҳосили хуб руй гардониданд. Гумонашон он донаи кошта бе меҳнат ҳосили дилхоҳ ба бор хоҳад овард!
Чун соати ғундоштани ҳосил омад ин тоифа мардум танҳо замини холиеро мебинанд ва ҳосиле ба даст намеоранд.Чун барои ба даст овардани ҳосил меҳнат мебоист кард. Он соат барояшон танҳо пушаймониву ҳасрат асту халос.
Ҳаммонанди онон он нафароне, ки танҳо имони ба қалбро қабул доштанду аз дигар аркони Ислом амсоли намозу руза ва закоту ҳаҷҷ дури меҷустанд «рузи ҷазо» номаи аъмоли хешро аз ҳосили некиҳо холи мебинанд.
Аммо бояд донист, ки Имони инсонро низ чун тухми кошташуда хатарҳои зиёде дар пеш буд. Ҳашаротхои зараррасон тайёранд он тухмии коштаи деҳқонро нобуд созанд- Шайтони лаъину шайтониён низ дар каминанд то Имони инсонҳоро зарар расонанд!
Магар тухми зироат ки кошта шуд онро обёри кардан даркор нест, меҳнат кардан даркор нест? Имони инсонро ҳам бо тоъату ъибодат ва хайру саховат, хондани Қурьону зикрҳои номҳои зебои Илоҳи мебояд сайқал дод. Бо ъамалҳои солеҳ ва тавбаву истиғфор гуноҳони хешро бояд шуст ва он қалбро пок бояд кард.
Албатта баъзе донаҳое хастанд, ки бе меҳнат худруй ҳосил хоҳанд дод. Ана он тоифае, ки аз тоъату ъибодат ва хайру саховат дури меҷуянд гумон доранд, ки Имони онҳо низ худ ба худ бе меҳнат ҳосили дилхоҳ хоҳад дод. Чи гумони хому пуче!
Имони нафаре, ки аз тоъату ъибодат ва хайру саховат дури меҷуяд монанди донаи зироатест ки ба замини хушку холи партофта шуду аз гармии зиёду ҳашаротхо нобуд гашт. Чунин инсонҳо туъмаи осоне бар Шуйтони лаъин хоҳанд буд.
Гар банда аз як фармудаи Илоҳи руй гардонд рузи дигар аз дигар фармудаи У даст хоҳад кашид. Чун маълум аст, ки Шайтони лаъин ҳама вақт дар камин аст (чун ҳашароти зараррасон) ва мақсади онро дорад, ки Имони инсонро зарар расонад!
Деҳқон медонад, ки ҳар солеро баҳорест - мавсими кишту кору мехнат. Лек у фаромуш намекунад, ки тирамоҳе хам наздик хоҳад буд-мавсими ғундоштани ҳосили меҳнати карда. Пас у ҳар рузу соати баҳориро ғанимат мешуморад.
Инсонийят ҳам чунин аст, ки Худованд барояш баҳори умр ато фармудааст чун ҷавониву бозуманди. Оқибат тирамоҳу хазонрези умр ҳар як инсонро дар пеш хоҳад буд. Он ҳосиле, ки ба даст орем аз меҳнати дар баҳори умр кардамон зиёд вобаста аст.
Пас дар ҷавони мебояд Имони хешро сайкал додан, аз душманони инсиву ҷинни онро эмин нигоҳ доштан то соати ҳисобу китоб он ҳосили неке ба бор орад. Набояд пириро интизор шудан-чун гумон аст он рузу соат Шайтони лаъин раҳоят кунад.
Чун замоне, ки ҷавони бозуманд буди, ақли расо дошти, вақти зиёд дошти натавонисти он лаъинро мағлуб сохта – магар дар он соате ки пири фарсуда гашти, ақли расое надори, саломатии хубе надори метавони Шайтонро мағлуб сохта?
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре!
Фардо чӣ кунӣ чу натвонӣ кардан!





































Комментарии