Аз чунин фарзанд рози намешавам.
- Садриддин.
- 23 янв. 2017 г.
- 12 мин. чтения
«Аз чунин фарзанд рози намешавам»!
Бисьёр сухбати хубу таъсирбахш ва ба чавонон тарбиявиеро шохид шудам. Се муйсафеде дар навбати духтурхона бо хам сухбати неке доштанд Зиёди гуфтахои онон рост буду ба ин замона дуруст буд:
- Рости дар шасту як соли умри худ ин кадар чавонони бетарбияву бадахлокро кам дида будам. Хар як сухани гуфтаи хаммаашон хакорат- хатто шухиву бозиашон. Насихат кунам суям якеаш гуфт ки «боби кори худта кун»! Ба волидайни якеаш ки мешинохтам аз фарзандаш шикоят кардам боз маро гунахкор карданд.- мегуфт якеаш.
- Хайр ин нишонаи «охири замонай» чура! Охир солхои пеш мо калонора медидем хато сухан намегуфтем- ино бошан чи наберахои худамон ва чи бегона дар чашмшон тарс нест. Аз бегонагон чи «гила» кунем ки аз худихо чунин мешунавем. Фарзандон моро партофта ба пойтахт барои зиндагии хуб рафтаанду дер дер хабарамон мегиранд. Пеш пир мешуди нафака хурда хоб мекарди-холо бошад фарзандо хар чиро бахона мекунанду мегуянд ки пулам намерасад, худам проблема дорам ва гайра- пас мачбури худ кор куниву «рузата гузарони»!- давом дод дигари.
- Чавонои имрузара бин духтару бача дар байни рох дасти ба даст карда гап мезананду хатто якдигара буса хам мекунанд- аммо гуиё ки касе унора надида бошад. На шарм доранду на хаё- ана сабаби хаминай ки пур шудаст духтароне ки «харроми» мезоянду волидайн парво надоранд. Солхои пеш гар духтар як «шармандаги» мекард зада аз хона пешаш мекарданду «оки волидайн» мешуданд- имруз бошад бин касе парво надорад ки духтар шаб кучо буд, бо ки буд, чи кор кард?- илова кард сеюми ки аз инхо калонсолтар буд.
Хар якеи муйсафедон дарди дил мекарданду аз камбудихои замона харф мегуфтанд ва хак хам буданд.
- Бобои Шокир! Хай писари шумо ку «калоншаванда» аст- шумо аз чи шикоят мекунед? Охир хар чи ки хохед мумкин таъмин кунад шуморо ё не? Нафака ку баромадаед чаро боз кор мекунед?- пурсид яке аз бобохо аз дигари.
- Уво кор мекунан барои худашон кор мекунан манда ай уно хеч чиз даркор нест. Аз вакте ки раис шудаст дар 5-6 мох як бор хабаргири меояд. Хамин бо телефон хамунам дар як мох 1-2 маротиба занг мезанаду халос. Зимистони гузашта занг зада хохиш кардам каме кумуру хезум равон кунад – аммо гуиё фаромуш карда бошад. Манам дигар аз у чизе талаб накардам ва худам дехкони мекунаму мухточи уно намешам.- чавоб гуфт муйсафеди калони.
- Хамин солхои пеш на мошин доштему на ин кадар транспорт зиёд буд. Хама кор мекарданду танхо рузхои шанбе якшанбе вакт меёфтанд барои хешу табор хабар гири. Аммо бо автобусу бо такси хама моха хешу табороя аз дуру наздик хабар мегирифтем- ё уно мора хабар мегирифтанд. Имруз бин ки дар хар як хавли 1-2 ва ё зиёда мошинхои хоричи хасту боз вакт намеёбанд ки хешу табора ва хатто волидайна хабар гиранд.- илова кард сеюми.
- Ман ин чавонода дигар хайрон намешам! Охир Сафарчон вафот карду дидем баччохоша. Се писари баобуруй дар чаноза на дар сафи намози чаноза- балки дар миёни мардум хамчун мехмон истоданду намози падара нахонданд. Хангоми бемор буданаш аз инхо дараке набуд. Вакте мулло дар чаноза мепурсид ки «агар ин бобо карз дошта бошад ки ба ухда мегирад» хар се хомуш.
-Танхо писари духтараш аз байни намозхонон пеш омаду ба ухда гирифт. Аммо вакте ки молу хонаи муйсафеда «тарака» кунанд хар се писар чангу чанчола сар карданд ки ин хонаву дар хакки мост- лек шарманда шуданд. Чун муйсафед пеш аз марг хонаашро ба номи зани наваш ки аз у як духтару як писар дорад гузаронда будааст.- гуфт муйсафеди аввали.
- Имруз бачча калонкуни вазнин шудааст. Хамин манда аз баччохом на пул даркору на молу дигар чиз. Аммо танхо хаминро мехохам ки дар чанозам хар яке истода намози чанозаамро бихонанд, пас аз гуру чуб куни дар намозхо дуъои хайр кунанд. На «худои»-ашон даркору на дигар. Имруз зиндаам як ду соат вакт намеёбанд ба беморхона биёранд, 100-200 сомони хакки доруву духтур диханд- магар пас аз марг бе «миннат» барои ман «оши худои» медиханд? Лозим нест! – давом дод муйсафеди калони.
- Охир бобои Шокир ман ба фарзандом васийят кардаам ки мурдам якеаш душанбегиву чумъагима то як сол кунаду дигари хафту чилу солма. Аммо чунон як «оши калон» тиян ки хама рози равад. Шумо хам чунин васийят кунед бехтараш!- пурсон гуфт муйсафеди аввали.
- Э додар! Ман аз ту дах сол калонум. Аз Исломам хабар дорум, хам баччахома дар вакташ каме хам бошад омухтам. Уво ки аз мо чудо шуданд аз дин дур шуданд- аммо пеш хам сура медонистанд хам то зангири намоз мехонданд. Худову Паёмбар мефармоянд ки хар ъамали хайр, намозхои мехондагии фарзандонро савобаш ба рухи волидайн мерасад- ва ё ки ъамали бад кунанд боз хам волидайн дар гунох хамрох хисобанд.
- Бехтараш аз чумъагиву хафту чилу сола ба баччахот васийят кун ки аз Худову Расулаш бохабар шаванд, намоз хонанду дар хакат дуъои хайр кунанд ва аз харомкардахо дур бошанд- аз ин фоидааш зиёд ба рухат мерасад. Ду ракат намозу дуъои фарзандон аз оши худои мекардагишона бехтару назди Худованд кабултар аст! Намози чанозаамро ки фарзандам кадомеаш нахонад хатто дар гур аз у рози намешавам!- чавоб дод бобои Шокир.
Ин замон доду фигоне духтурхонаро фаро гирифт. Як марди миёнасоле дар холати масти арак гуфта уксус хурдааст. Фарзандону занаш доду фигонкунон уро бе хушу ёд оварданду хама духтурон болои сари у чамъ омаданд. Он мардро ба як хучрае дароварданду замоне пас боз доду фигон зиёдтар шуд. Маълум шуд ки духтурон хеч кор карда натавонистанду он мардро ба беморхонаи вилояти равона карданд.
Акнун хама нафароне ки навбат мепоидем тавба мекардему ба Худованд аз чунин окибати хол «панох» мехостем. Муйсафедон хам акнун домани худ капида тавба мекарданд. Дигар сухбати муйсафедон хотима ёфт чун дуи онхо назди духтурон даромаданд. Ман хам бо як шиноси кухнаам вохурдаму бо маслихати у аз ин беморхона ба назди дигар духтури дандонпизишк рафтам.
//////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////
Ъибрат:
Магар имрузхо хаст нохия ва ё махаллае ки аз он чунон сифатхои баде ки муйсафедон мегуфтанд холиву пок бошад? Чун дар хакикат худ мебинем ва мешунавему бовари хосил мекунем ки 100 дар 100 рост мегуфтанд он муйсафедон.
Чавононро бо сару либосе ки 10-20 сол пеш фохишахо мепушиданд мебинем, салому алекашон бо хакорату дашном, хатто духтару писарон бо буса ба хам салом мекунанд. Гар аз як камбудии якеаш ба волидайнашон шикоят куни боз худатро гунахкор мекунанд- гуиё хеч яки фарзандони онон гунохе надорад.
Як кампире шикоят мекард ки наберааш уро лату куб кардааст. Сабабаш чи? Сабаб он ки вакте писараш аз Россия ба у пул равона кардааст у барои хона хуроквориву орд харидааст-аммо ба наберааш барои харидани либоси дилхох надодааст. Кампир мегуфт ки вакте ки ба келинам шикоят кунам- у худамро гунахкор мекард ва пуштии духтарашро мегирифт.
Акнун аз фахшу бешармиву бехаёги бе навиштахои ман хам хама шохидед. Чавонону мактаббачагонро на шарм мондаасту на хаё. Хар як роху нимроха дасто ба даст ва хатто огушкунон писару духтареро мебини, дар парку хилватгоххо руи рост зино- аммо имруза мардум акнун аз ин ъамалхо бепарво. Гар духтару писаре соатхо дасто ба даст сухбат кунанд касе аз рохгузарон парвое намекунад.
Хадиси мубораки Паёмбар (с.а.в.с) хаст ки мефармоянд:
-« Яке аз нишонахои охируззамон руи росту ошкоро шудани зино мешавад. Мардону занон на шарм мекунанду на хаё. Бехтарини шумо (мусалмонон) он замон ба чои пешгирии ин ъамали нангин чунин мегуед: Намешавад ин ъамалатонро пушти он девори хона ва ё хилватгох кунед»!
Дар хакикат имруз чавонону калонсолон аз шарму хаё дур шудаанд, зинову фасодро руи рост мекунанд ва аммо чомеъа аз ин парвое надорад. Чавонон дустони худро гуиё мехрубонона фарёд мекунанд:
- Модарата фалон кунам чихели? Хохарата сагу хуг ……. кунад чаро дер карди? Ха …… дируз наомади? Ва гайра!
Охир аз чунин чавонони берашку бе гайрат чиро интизор шудан мумкин? Магар имруз у нангу номус надорад- фардо дар зиндаги у дигар мешавад? Пас волидайну чомеъаро мебояд паи ислохи чунин чавонон шаванд то дер нашавад. Аз Худову Расулаш имруз ононро хабардор созанд- чун фардо дер мешавад.
Дигар камбудие ки муйсафедон мегуфтанд ин дер дер хабаргиррии фарзандон. Охир хар як хонаро бубини мошин хаст ва хатто ду сето – аммо фарзандон бахона мекунанд ки вакт надорам, кор дорам, саломатим хуб нест ва г.
Хамин соат гар ягон раису калоншавандае фармояд ки хатто аз «кор берун»- мисол рузи истирохати ба фалон чо рафта як чиро гирифта биёр намегуяд ки:
-имруз истирохатист, бензин надорам, саломатим хуб нест. Хатто агар 300-400 километр рафтан лозим шавад. Аммо барои хабаргирии волидайн 50-100 километр ва хатто камтар рох рафтан бахона мекунанд.
Албатта на хама фарзандон чунинанд- аммо кам нестанд чунин фарзандон. Ё ки як мисоле аз зиндагии мардуми имруза:
- Падар бемор шавад 2-3 писар ба хам бахс мекарданд ки ман пули дору надорам ту рав дору бихар. Дигараш ба сеюми хавола мекард ва гайра. Ба беморхона бурдан лозим шавад инаш ман вакт надорам, дигаре бензин надорам, сеюми мошин надорам.
То замоне ки холати муйсафед вазнин шуд ва домодаш уро ба беморхона бурд. Акнун ин фарзандон байни худ таксим кардаанд то якум руз ту хабар гири рав, дигар руз ман, сеюм руз сеюми. Яъне барои волидайни худ вакту пули худро сарф кардани нестанд.
Вакте муйсафед мурд акнун писари калони ин ду писарро даъват карда мегуяд:
- Албатта оши «худои» кардан даркор. Охир ин кадар мардум мора мешиноса- чи мегуянд агар «худои» накунем? 400-500 $-и хар сеамон чамъ мекунему маъракаи «хафти» хубе мекунем! То чилу солша бо мебинем!
Ин дуруf нест- кори шудаги аст. Якеи онхо мегуяд ки:
- Хонаву дари муйсафеда дуи шумо сохиб шудаед- шумо «худои» бояд кунед. Ман аз ин хона барвакт баромадаам. Майлаш 1-2 чумъагиша ман дар хонаам мекунам.
На аз барои ризои Худо- балки мардум мора «механданд» гуфта ин беномусхо ки замони бемории падар пулхояшонро дареf доштанд акнун тайёранд оши «беХудои» кунанд. Чаро беХудои- чунки аз чунин нондихи Худованд безор аст ва савобашро хам рузи «чазо» мефармояд ки «Равед аз хамон мардуме ки барои «гап гапашон» ош додед савоб талаб кунед- шумо барои ризои Ман (j.j) ъамал накардаед»!
Яъне гар он писарон хамаруза волидайнро хуб нигохубин мекарданд- ин буд «ризои Худованд», гар пулу молашонро барои нафакаи волидайн сарф мекарданд (беМиннат)- ин буд «ризои Худованд», аз бемории волидайн хакикат андухгин мешуданд ва доруву дармону духтур ташкил мекарданд- ин буд «ризои Худованд»- аммо он ъамале ки «барои гаппи мардум» мекунанд дар он «ризои Худованд» нест балки «ризои Шайтон аст»!
Дигар он чи муйсафедон хуб кайд карданд ин аст ки зиёди фарзандон рузи чанозаи падару модар на дар сафи намози чаноза- балки чун мехмонон як су меистанд. Охир тибки хадиси муборак:
-« Хар як рух ки аз тан чудо шуд то замоне ки танро ба хок супоранд назорат мекунад ки ки андухгин аст, ки чанозааш мехонад ва намехонад ва f. Гар фарзанде ки як умр бо захмат уро тарбия кардааст он руз чанозаи уро ки нахонад – донед ки рухи майит аз он фарзанд «рози нест»!
Чун аз он фарзанд дигар ба майит на пулу молаш лозим на гиряву нолааш. Як умр барои он фарзанд захматхо кашаду фарзандаш он рузи чаноза худро канор кашад – чи мусибатест вазнин.
Дигар ин ки пас аз ба хок супоридани майит номаи аъмоли у то замоне ки фарзандонаш зинда хастанд баста нест. Фарзанд намоз хонад, руза гирад, ъамали хайр кунад, рох созад, мактаб бунёд кунад ва хатто як сангу хореро аз рохи мардум дур кунад - аз савоби он номаи аъмоли у хам вазнинтар хохад шуд.
Аммо баръакс гар фарзанд аъмоли бад кунад, зино кунад, хамр хурад, зулм кунад, фохишахона созад, киморхона созад- донед ки номаи аъмоли у хам аз ин бадихо вазнин хохад шуд. Чи кадар ки аъмоли бад ки фарзанд кард дар он волидайн хам хоханд нахоханд шариканд!
Пушида нест ки зиёданд нафароне ки аз дину оин фарсаххо дуранд: Хатто сурае аз Куръон намедонанд, боре хам намоз нахондаанд, руза нагирифтаанд ва гумон доранд ба «нафака» ки бароянд он гох ру ба Ислом оранд! Аммо дониставу надониста ин фарзандон сабабгори он мешаванд ки аз сабаби «бенамози», аз сабаби «хамрхури», аз сабаби «зино», аз сабаби «бадгуи»- хояшон сабаби зиёд шудани азобу укубати волидайн дар «дунёи фони» - ва вазнин шудани аъмоли бадашон рузи «саволу чавоб» хоханд шуд!
Баъзехо фарзандони бенамоз гумон мекунанд ки хамин якчанд чумъаги ва хафту чилу сол барои падару модари мархум кунанд- карзи фарзандиашон хамин аст ва савоби зиёдеро хосил мекунанд. Аммо ин акидаву фикри хатоест- чун хатто агар даххо ош диханд хам савоби он ба он савобе ки аз адои намоз хам худи фарзанд ва хам волидайн хосил хоханд кард намебарояд. Ё ин ки аз руза, хаччу, закот ва тавбаву истигфоре ки фарзанд хам барои худ ва хам барои волидайни мархум мекунанд аз даххо оши «худои» болост- чун хамаи ин фармудаи Худованд аст (фарз) пас савобаш хам зиёд.
Аммо оши «худои» додан амри мустахаб аст! Пас бехтар нест ки он чи ки Худову Расулаш (с.а.в.с) фармудаанд дар ъамал пайрав бошем- на он чи ки дар он шубхаву гумон зиёд аст?
Уламо гуфтаанд:
-«Лозим (ва воҷиб) донистани чизе, ки шариъат онро лозим нагардонида аст(нафармудааст), як навъ бидъат аст. Дар ҳоле, ки ҳукми садақа додан ба хотири шод гардонидани руҳи гузаштагон аз истиҳбоб боло нест. Яъне амали мустаҳаб буда - дар тарки он гуноҳу маъсийяте нест. Аммо тарки намозу руза ва закоту ҳаҷҷи хонаи Худо кардан- гуноҳест вазнин».
«Касоне, ки оши Худоиро воҷиб ва ҳатмӣ медонанд, ва барои таъом додан рузҳои хос – мисли душанбе, панҷшанбе, се, ҳафт, чиҳил ва ё сари сол ва рузи вафотро муқаррар намуда ва доим дар ҳамин рузҳо садақа дода ва дар ғайри рузҳои мазкура таъом доданро ҷоиз намедонанд, – бар роҳи хато ва нодуруст рафтаанд».
Бехтарин хайре ки Худованд фармудааст ин бар волидайну хешон, ятимону мискинон, мусофирону асирон аст ки дар зиёди ояхои Куръони равшану возех омадааст. Пас мову шумо замоне ки худ зиндаем, пулу мол дорем аз ин фармудахо пайрав бошем ин аст «Худои»- на он чи ки пас аз марги мо миннат намуде менамоянд.
Пас гар падару модаре даргузаранд ва мо ахли намозу Куръон бошем, аъмоли хайр дошта бошем, барои худу волидайн тавбаву истигфор дошта бошем хам барои худу хам барои арвохи волидайн захираи неке барои он рузи сахту вазнин ки рузи «саволу чавоб» назди Холики Осумонхост хохад буд. Ва илло аз аъмоли бад ба суи Аллохи Мехрубон панох!
Аз имом Авзоъӣ (р.а), ки яке аз аиммаи салаф ва муосири Имом Аъзам аст, пурсида шуд:
- Оё шумо барои амвот (мурдагон) ва гузаштагон дуо ва истиғфорро беҳтар медонед ва ё садақа доданро?
Эшон дар ҷавоб чунин фармуданд:
«Ман ҳеҷ ҳадияеро барои эшон (мурдагон) бо дуо ва истиғфор баробар намедонам (Яъне дуо кардан ва барои эшон аз Худо омурзиши гуноҳ хостан беҳтар аз садхо садақа додан аст).
Оре, дуо ва истиғфор барои гузаштагон ҳадияест, ки зикри он дар Қурьони азимушшаън низ омада аст, ва он ин аст:
«Худоё моро ва муъминонеро, ки пеш аз мо гузаштаанд биёмурз! Ва дар дилҳои мо нисбат ба ҳеҷ муъмине ҳасад ва кина қарор мадеҳ. (Сураи Ҳашр ояти 10)
Ба дурусти ки пас аз марги волидайн аз мо фарзандон ба онон на молу мулки мо, на вазифаву дарачаи мо дар чомеъа- балки тоъату ъибодату дуъо ва аъмоли хайри мекардаи мо лозим! Аммо бехтарин хайр ин замони зинда будани волидайн хизмати ононро кардан, нафакаи зиндагиашонро мухайё сохтан, фармудахои ононро адо кардан аст.
Чун сухбати болои миёни муйсафедон мисолхо зиёд аст- аммо аз ин бадтар хам хаст. Чун фарзандони «беномус»-е хастанд ки ё волидайнро партофта ба дигар шахрхо мераванду ононро гуиё фаромуш сохтаанд ва ё хабархо зиёд аст ки падару модари пирро бурда ба хонахои пиронсолон мепартоянд. Нафароне ки чунин кардаанд донанд ки хам ин дунёву ва хам «охират»-и худро барбод додаанд. Як ходисае ки як ду сол пеш шуда буд:
!! Падари як дустам бемори вазнин шуду ба у чаррохи дар Маскав ва ё хорича фармудаанд. Писари хурди ки бо волидайн мезист ба Душанбе рафта ба бародари калониаш ин хабарро мерасонаду мегуяд ки 8-10 000 доллар лозим ки падарро бурда чаррохи кунем.
Он писари бузург ки дар вазифаи калоне кор мекард, пулу молу мошинхову хонахои киммате дошт мегуяд ки холо пул надорам, корам суст, наметавонам хатто нисфи пули чаррохиро дихам. Писари хурди ба хона баргашта 5-6 гови калон, гусфандхо, алафи чамъкардаашро мефурушаду аз нисф зиёди маблагро чамъ меорад ва падарро ба Маскав мебарад.
Дар ин муддат он писари бузург дар як мохе ки падарро чаррохи карданд 1-2 маротиба занг задаасту халос. Хатто дар набудани падар он «беномус» туи калоне карда писарашро хонадор кардааст. Дар туй пули калоне ба хофизону раккосагон ёфта, дар ресторани калони шахр туй кардан пул ёфтааст- аммо барои падар пули ночизе сарф кардан нахостааст. Албатта мегуянд ба ин зани у зид баромада нагузоштааст то шавхараш ба чаррохии падар пул дихад- аммо оё волидайн болост ё зан?
Он писари хурди пули намерасидаро аз ёру дустоне ки дар Маскав кор мекарданд карз карда падарро муолича карда ба ватан бармегардад. Хатто дар ин 1-2 мохе ки пас аз чаррохи ба падар пули зиёде барои доруву дармон лозим он писари бузург хар бор худро карру гунг мекунад ва пул сарф кардан он су истад- ба хабаргирии падар 1 маротиба мераваду халос. Ба чои он ки дар деха барк нест, шароит вазин асту у падарро ба шахр ба хонааш барад- ин «беномус» парвое аз ахволи падар надоштааст.
Акнун бубинед ки Худованд ин «беномуси беЭмонро» чи кард! Пас аз як соле писари бузург дар чи тичорате карзи калоне болояш меояд- аммо чои он ки як-ду хонаву мошинхояшро фурушад аз пули корхона панохи бурда карзашро месупорад. Мегуянд балову вазнини танхо намеоянд- бо ин мард хам чунин шуд.
Мохе пас уро ревизия мекунанду он норасоиро пайдо мекунанд. Акнун хам харчи суди, хам бояд пули норасидаро адо намояд ва хатто тибки карори суд он мухлати 3-4 соли зиндониашро хар як рузашро бо чаримаи калони пули ба фоидаи давлат бояд адо намояд. Уро аз кор пеш мекунанд. Акнун у мачбур шудааст 2-3 мошину худу писараш, хонаи кимматашро фурушад- аммо пули даркори чамъ накарда мачбур шудааст рафта аз падару бародар ёри талабад.
Ризои волидайнро ки нахости Худованд ба чунин шикаст мебарадат. Писари хурди ки холо хамон карзи доштаи худро пурра адо накарда буд мегуяд ки пул надорад. Аммо бародар мегуяд ки биё хонаатро фурушему карзи маро адо намоем.
Замоне ки падар бемори вазнин буд у худ тайёр набуд хона он су истад як мошинашро фурухта нисфи пули чаррохиро дихад- аммо имруз гирёну нолон талаб мекунад ки биё хонаатро фурушу карзи маро дех.
Падар ба писари хурди катъиян манъ мекунад ки ин корро накунад. Чун: -он пулу молро ин писари калони бо ки хурд, ба ки сарф кард- магар ба падар ё бародар? Рафта ба касе ки сарф кардааст аз у карз хохад- аз барои чунин писари «беномус» бехонаву дар шудан нашояд!!
Чунин ходисахое ки имрузхо дар асл зиёданд моро водор месозад ба бародарону хохарони эмони онро расонем- то рузе чунин санчишу имтихон ки болояшон омад тайёр бошанд. Пулу молу зан ёфтан осон- аммо волидайн ки вафот карданд дигар ононро баргандонида нашавад. Ризои волидайн- «ризои Худост». Пас дар паи ризои онон бошед то бокии умратон пур аз баракату некихо бошад.
Як руза хизмати волидайн, мухайё сохтани хурданиву пушидании онон – аз хазор «хафту чилу сол»-и пас аз маргашон мекардаи фарзандон болост. Пас хар як лахзаи хаёти волидайнро ганимат шуморед.
Дигар ин ки мову шумо фарзандони хешро аз Ислому Эмон хабардор созем- то рузе нашавад ки замони пири шуморо бурда ба хонахои пирон партоянд ва ё танхову бесохиб ба марг ру ба ру шавед! Фарзанд ки аз Ислом бохабар бошад хеч гох ба волидайн зулм намекунад.
Худо Ёвару Нигаҳбонатон бошад. Худованд хар яки моро ба ин гуфтахо ъамал карданро насибу рузи гардонад! Омин!





































Комментарии